Главная / Илм / ГУЛСАНГ

ГУЛСАНГ

gulsangГУЛСАНГ, лишайник (Lichenes), гурӯҳи растаниҳои дараҷаи паст. Г. аз ҳамзистии занбӯруғҳо ва обсабзҳо ба вуҷуд меояд. Илме, ки Г.-ро меомӯзад, лихенология меноманд. Оид ба алоқаи тарафайни занбӯруғу обсабзҳо ақидаи нодурусте ҳукмфармо буд, ки гӯё обсабзҳо занбӯруғро бо моддаҳои органикӣ (ангиштоб) ва занбӯруғҳо дар навбати худ обсабзро бо обу намаки минералӣ таъмин мекарда бошанд. Дар асл алоқамандии онҳо ба паразитизми тарафайн асос ёфтааст. Г.-ҳо аз рӯи шакл ба пӯстлох, барг ва шохча (бутта) монанд мебошанд. Бо роҳи нашвӣ ва ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Дар дунё қариб 20 ҳаз. намуди Г. маълум аст. Дар Тоҷикистон 200 намуди Г. (махсусан аз ҷинси Parmelia, Xanthoria, Acarospora, Lecidea, Phizocarpon ва ғ.) дучор меояд.
Г.-ҳо дар тиб (чун бактерисидҳо ва ғ.), атриёт ва техника истифода мешаванд. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ Г. хосияти поксозӣ дорад. Агар онро ос карда гузошта банданд, ҳамаи навъҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад ва агар бипошанд, варами забонро мегардонад. Навъи сурхи Г.-ро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда бинӯшанд, дарди зонуро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …