ГУЛСАНГ, лишайник (Lichenes), гурухи растанихои дарачаи паст. Г. аз хамзистии занбуругхо ва обсабзхо ба вучуд меояд. Илме, ки Г.-ро меомузад, лихенология меноманд. Оид ба алокаи тарафайни занбуругу обсабзхо акидаи нодурусте хукмфармо буд, ки гуё обсабзхо занбуругро бо моддахои органики (ангиштоб) ва занбуругхо дар навбати худ обсабзро бо обу намаки минерали таъмин мекарда бошанд. Дар асл алокамандии онхо ба паразитизми тарафайн асос ёфтааст. Г.-хо аз руи шакл ба пустлох, барг ва шохча (бутта) монанд мебошанд. Бо рохи нашви ва чинси афзоиш мекунанд. Дар дунё кариб 20 хаз. намуди Г. маълум аст. Дар Точикистон 200 намуди Г. (махсусан аз чинси Parmelia, Xanthoria, Acarospora, Lecidea, Phizocarpon ва г.) дучор меояд.
Г.-хо дар тиб (чун бактерисидхо ва г.), атриёт ва техника истифода мешаванд. Бино ба акидаи табибони мардуми Г. хосияти поксози дорад. Агар онро ос карда гузошта банданд, хамаи навъхои шукуфаи пустро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвхоро таскин медихад, варамхои гармро ба тахлил мебарад ва агар бипошанд, варами забонро мегардонад. Навъи сурхи Г.-ро дар об чушонида, он обро соф карда бинушанд, дарди зонуро дафъ мекунад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …