Главная / Илм / ГОРМОНХО

ГОРМОНХО

gormonhoГОРМОНХО (юн. hormaino – ба харакат меорам, меангезам), моддахои химиявии аз чихати физиологи нихоят фаъол, ки гадудхои тарашшухи дохили (гадудхои эндокрини) ва ё хучайрахои чудогона хосил мекунанд. Г. мубодилаи моддахо, фаъолияти хучайрахо, нифозати гишохои хучайрави, инчунин кори организмро танзим менамоянд. Г. сохти химиявии гуногун доранд. Хатто микдори камтарини Г. метавонад кори узвро тагйир дихад, мас., 1 г инсулин кодир аст микдори кандеро, ки дар хуни 125 хаз. харгуш чой дорад, хеле кам кунад.
Г. дар бофтахо нисбатан тез тачзия мешаванд. Бинобар ин барои дар хун ба микдори кофи махфуз мондан, Г. бояд дар ин ё он гадуд мунтазам хосил шаванд.
Бисёр Г.-и одаму хайвонот монанд мебошанд. Аз ин ру, барои муоличаи одамони бемор гормони аз гадудхои эндокринии хайвонот гирифтаро чун дору ба кор мебаранд. Вале Г.-и сафедави ё полипетидии инсон ва хайвон аз хамдигар фарк доранд. Аксари Г. ва моддахои мушобехи онхо дар лаборатория бо рохи сунъи ба даст оварда шудаанд (ин барои амалияи тиб нихоят мухим аст).
Дар организм хосил шудани Г. ба тарики иртиботи чаппа танзим мешавад: агар канди хун аз эътидол кам бошад, тахвили инсулин (гормоне, ки аз таъсири он микдори канди хун кам мегардад) кам мешавад, вале тарашшухи глюкагон (гормоне, ки гилзати кандро дар хун зиёд месозад) меафзояд. Хамин тарик, нафакат гормон ба рафти танзим таъсир мегузорад, балки вазъи худи хамин чараён низ ба суръати хосил шудани гормон таъсир мерасонад. Туфайли чунин таъсири мутакобила Г. хамеша дар як вазъи муайян карор доштани мухити дохили баданро таъмин менамоянд. Мас., онхо «нозир»-и микдори об, канд ва электролитхои хун мебошанд.
Тарзи хосил шудан ва таъсири Г., инчунин ихтилоли вазъи организмро дар аснои аз хад зиёд ё нихоят суст шудани фаъолияти гадудхои усораи дохили эндокринология меомузад.
Гормонхои гадуди сипаршакл. Гадуди сипаршакл гормони тиреоидиро хосил мекунад. Хучайрахои ин гадуд махз йодро дар худ захира менамоянд. Агар микдори йод (барои хосил шудани гормонхои гадуди сипаршакл зарур аст) кам шавад, бофтаи гадуд меафзояд, дар натича бемории чогар ба вучуд меояд. Йод дар хучайрахои гадуд барои хосил шудани монойодтирозин ва дийодтирозин (онхо дар хучайрахои гадуд бо сафеда пайваст шуда, тиреоглобулин хосил мекунанд) истифода мешавад. Тиреоглобулин тахти таъсири ферменти махсус – протеиназа тачзия шуда, гормонхои фаъоли гадуди сипаршакл – трийодтиронин ё тироксин хосил мегардад. Гормонхои номбурда ба хун гузашта, бо сафедахои зардоби хун (бо алфа-глобулинхо) пайваст мешаванд. Ин таркибот (комплексхо) ба чузъхо таксим шуда, аз худ тироксин ва трийодтиронин чудо мекунанд. Трийодтиронин аз чихати физиологи нисбат ба тироксин фаъолтар аст, вале микдори он дар зардоби хун 20 маротиба кам мебошад.
Гормонхои гадуди сипаршакл суръати мубодилаи энергияро меафзоянд. Хангоми ба организм гузаронидани тироксин, мубодилаи энергия баъди 24 соат суръат мегирад (баъди 10 – 12 руз ба дарачаи оли мерасад). Дар мавриди ба организм гузаронидани трийодтиронин, табдили энергия барвакттар (баъд 6 – 12 соат) суръат хохад гирифт. Аз таъсири хамаги 1 мг тироксин сарфи шаборузии энергия тахминан 1000 ккал меафзояд. Тироксин ба бисёр сарф шудани моддахои гизои – ангиштоб, чарб ва сафеда мусоидат мекунад. Г.-и гадуди сипаршакл ба раванди пластикии организм низ таъсир мерасонанд (дар натича сабзиши организм вусъат меёбад). Гайр аз ин, онхо асабияи марказиро меангезанд, рефлексхо (мас., рефлекси пайхо)-ро неру мебахшанд; зери таъсири микдори зиёди тироксин ангуштони даст меларзанд.
Дар гадуди сипаршакл гормони тирокалтситонин низ хосил мешавад (мубодилаи калтсийро танзим менамояд). Аз таъсири гормони номбурда хучайрахои махвсозандаи устухон (остеокластхо) (нобудкунандаи устухон) табох шуда, фаъолияти хучайрахои устухонофар (остеобластхо) таквият меёбад. Тирокалтситонинро гормони сарфаи калтсий меноманд. Он аз чихати физиологи багоят фаъол аст. Ба одамони солим таъсири он чандон зиёд нест. Вале агар онро беморе, ки дар таркиби хуни у калтсий аз меъёр зиёд асту аз устухонхо хорич мешавад, истеъмол намояд, гилзати калтсий дар хун хеле кам мегардад.
Гормони гадудхои наздсипаршакл. Ин гадудхо паратгормон хосил мекунанд, ки аз таъсири он микдори калтсий дар хун меафзояд. Дар мавриди кам хосил шудани он, микдори калтсий ва фосфатхои хун кам, вале ихрочи фосфатхо бо пешоб зиёд мегардад. Паратгормон фаъолияти остеокластхоро пурзур мекунад, дар натича калсий аз бофтаи устухон хорич шуда, ба хун мегузарад ва мизони он дар хун хеле меафзояд. Умуман, гормони мазкур хамаи он амалиётеро, ки боиси дар хун зиёд шудани гилзати калтсий мегардад, метезонад. Он ба суръати аз руда чаббиш ёфтан ва аз найчахои гурда баргашта чаббида шудани калтсий таквият мебахшад.
Гормонхои гадуди зери меъда. Аз омузиши сохти бофтахои гадуди зери меъда маълум гардид, ки дар он чанд гурух хучайрахо вучуд доранд (ба ном чазирачахои Лангерганс). Онхо усораи худро ба хун чори менамоянд, аз ин ру гадудхои тарашшухи дохили ном гирифтаанд. Чазирачахои Лангерганс аз се намуд хучайрахо (алфа-, бета- ва гамма-) таркиб ёфтаанд. Бета-хучайрахо гормони инсулин, алфа-хучайрахо гормони глюкагон хорич мекунанд.
Инсулин аслан гормони полипептиди аст. Нахустин гормоне мебошад, ки бо рохи сунъи хосил карда мешавад. Инсулин аз девораи хучайрахои мушак ва чарб гузаштани глюкозаро осон мегардонад. Азбаски хазми глюкоза андаруни хучайрахо сурат мегирад, инсулин ба интиколи глюкоза мадад расонида, аз глюкоза бахра бурдани организм, синтези гликоген (ангиштоби захирашуда) ва дар мушакхо гирд омадани онро таъмин месозад. Инсулин чараёни хосил шудани равгану сафедаро дар хучайра пурзур менамояд.
Пас аз тазрики вояи калони инсулин микдори зиёди глюкозаи хун ба хучайрахои мушакхои скелет, мушаки дил, инчунин ба хучайрахои гадуди шир ва диг. узвхо мегузарад. Дар натича гилзати глюкозаи хун паст шуда, таъмини хучайрахои асаб бо глюкоза халал меёбад. Бинобар ин фаъолияти магзи сар ва хароммагз ночур гашта, садама (шок)-и инсулини ё гипогликемияви рух медихад. Агар микдори глюкоза дар хун то 50 – 45 мг% (меъёраш 80 – 120 мг%) кохиш ёбад, садама ба вукуъ мепайвандад. Дар мавриди гурусна будан, хатто аз микдори камтарини инсулини ба организм тазрикшуда низ шоки гипогликемияви ба амал меояд; агар ба сиёхраг андак махлули глюкоза гузаронанд, шоки инсулини зуд бартараф мешавад. Дар сурати дар организм нарасидани инсулин касалии канд сар мезанад (ниг. Диабети канди).
Глюкагон гормони дуюми гадуди зери меъда аст. Он дар дохили хучайрахо то ба дарачаи глюкоза тачзия шудани гликогенро танзим ва микдори кандро дар хун зиёд мекунад. Глюкагон инчунин тачзияи чарбро дар бофтахои чарби метезонад. Хуллас, глюкагон баръакси инсулин таъсир мерасонад.
Гормонхои гадуди болои гурда. Гадудхои болои гурда аз магз ва кишр иборат мебошанд; сохту вазифаи онхо (чун гадудхои усораи дохили) гуногун аст. Гормони магзи ин гадудхо (адреналин) ва мокабли он (норадреналин) ба фаъолияти организм, аз чумла ба мубодилаи моддахои дохилихучайрави, таъсир мерасонанд. Онхо тачзияи кликогенро афзун ва захираи онро дар мушакхою чигар кам менамоянд. Аз ин ру адреналину норадреналин моддахои зидкори инсулин мебошанд. Аз таъсири адреналин глюкозаи баъди тачзияи гликоген озодшуда ба хун мегузарад ва гипергликемияи ба ном адреналини (серканди аз адреналин) ба миён меояд. Адреналин интиколи чунбаи асабхои дилро афзуда, кори дилро тез ва кавитар мегардонад; аз таъсири он тонуси мушакхои суфтаи меъда ва рудахо, харакати мавчвори онхо суст мешавад. Аммо баъзе мушакхои суфта аз таъсири адреналин ба кашиш меоянд, мас., мушакхои пардаи рангинкамони чашм ба кашиш омада, гавхарак васеъ мешавад; мушакхои суфтаи муйхезони пуст кашиш хурда, муйхо сих мешаванд, бар пуст мургак медамад. Ханоми истеъмоли адреналин фаъолияти мушакхои скелет ва даррокхои биноию шунавои афзун мегардад. Дар холатхое, ки фаъолияти организм ва мубодилаи моддахо пурзур бошад (мас., хангоми хаячони рухи, кори чисмони, хунук хурдан ва г.), адреналин зиёд хосил мешавад.
Гормонхои кишри гадудхои болои гурда: минералокортикоидхо – алдостерон, кортикостерон, дезоксикортикостерон (мубодилаи моддахои минералиро танзим мекунанд); глюкокортикоидхо – гидрокортизон, кортизон ва кортикостерон (бештар ба мубодилаи ангиштобхо, сафедахо ва чарбхо таъсир мерасонанд); гормонхои чинси – андрогенхо, эстрогенхо, прогестерон. Алдостерон мизони натрий ва калийро дар хун танзим менамояд. Тахти таъсири алдостерон дар хун ва моеи бофтахо гилзати хлориди натрий баланд мегардад. Дар натича дар организм оби бисёр чамъ шуда, фишори шараён баланд мебарояд. Норасоии минералокортикоидхо акси хол – талафоти об, яъне тагйиротеро ба амал меоранд, ки зистан имконнопазир аст. Бинобар ин минералокортикоидхоро «гормонхои мухофизи хаёт» меноманд.
Глюкокортикоидхо ва гормони нисбатан фаъоли онхо –гидрокортизон дар чигар хосил шудани глюкозаро тезонида, бо ин рох микдори кандро дар хун зиёд мегардонад. Дар натича микдори гликоген дар чигар меафзояд (хамин аст фарки таъсири глюкокортикоидхо ва адреналин). Хангоми тазрик намудани глюкокортикоидхо, хатто дар сурати ба микдори кофи бо хурок истеъмол шудани сафедахо низ, мувозинаи нитроген вайрон мегардад. Ин далел ба он аст, ки дар организм тачзияи сафедахо назар ба синтези онхо афзун мебошад, вале дар чигар суръати хосил шудани сафедахо, махсусан ферментхо, афзудааст. Глюкокортикоидхо аз захирагох баромадан ва дар чараёни мубодилаи энергия сарф шудани чарбро таквият медиханд. Дар мавриди кам хосил шудани онхо муковимати организм суст гашта, беморихо вазнин чараён мегиранд. Глюкокортикоидхо муковимати организмро бар зидди тарбод, илтихоб ва баъзе беморихои диг. суст менамоянд. Азбаски гормонхои номбурда чараёни илтихобро фуру менишонанд, онхоро «гормонхои зидди илтихоб» номидаанд. Дар мавриди дард, зарбулат, талафи хун, гармозани, сармозани, захролуди, беморихои сирояти ва холатхои вазнини рухи глюкокортикоидхо зиёд хосил мешаванд.
Гормонхои чинсии кишри гадудхои болои гурда (андрогенхо ва эстрогенхо) дар инкишофи узвхои чинсии давраи бачаги, вакте ки гадудхои чинси ба тарашшухи гормонхо хануз шуруъ накардаанд, мавкеи багоят калон доранд. Баъди ба балогат расидан (вакти ба кор даромадани гадудхои чинси), мохияти гормонхои номбурда кам мегардад.
Гормонхои гадудхои чинси. Гормонхои чинси – андрогенхо (гормонхои чинсии мардона) ва эстрогенхо (гормонхои чинсии занона) фаъолияти чинсии организмро таъмин мекунанд. Ба туфайли ин гормонхо аломатхои чинсии дуюмин инкишоф меёбанд. Гормонхои чинсии занона барои муътадил гузаштани хомилаги ва омода шудани организми зан ба макондани навзод ахамияти калон доранд.
Гормонхои гипофиз аз руи мохияти физиологи ду навъ мешаванд. Яке аз онхо гадудхои дигари эндокриниро бедор карда, ба кор меандозад. Чунончи, гормонхои адренокортикотропи (ба гадудхои болои гурда таъсир мекунад), тиреотропи (ба гадуди сипаршакл таъсир мерасонад), фолликулангез (яъне ангезандаи пуфакчаи тухмдонхои зан), гормони лактотропи (ангезандаи гадуди шир) ва г. Дигар гормонхои гипофиз ба организм таъсири умуми мерасонанд, мас., гормони соматотропи (ба сабзиши организм кумак мекунад).
Окибати назарраси дур сохтан, махв кардан ё рушди нокифояи гипофиз инкишофи сусти организм мебошад. Баръакс, фаъолияти тези гипофиз (мас., дар натичаи пайдо шудани омос) боиси сабзиши барзиёди баробар ва ё нобаробари баъзе узвхо мегардад (ниг. Гигантизм, Акромегалия).
Гормони интермедин дар чараёни ранг гирифтани пуст ва пардаи луоби иштирок мекунад. Дар хун зиёд гаштани гормони мазкур дар мавридхои хомилаги, бемории биринчи (ниг. Бемории Аддисон) ва г. мушохида мешавад.
Гормони зидди пешоб (вазопрессин) чудошавии пешоб ва ихрочи обро ба тартиб медарорад.
Гормони окситотсин кашиш хурдани мушаки бачадон ва чараёни таваллудро танзим намуда, шири модарро зиёд мекунад.
Гормонхои таъсирашон чузъи (гормонхои бофтахо) аз хучайрахои махсус, ки дар узвхои мухталиф мавчуданд, хосил мешаванд. Онхо кори узвхоеро, ки худ дар он чо хосил гардидаанд, танзим мекунанд. Мас., гастрин аз хучайрахои меъда хосил шуда, тарашшухи шираи меъдаро метезонад; гистамин аз ягон китъаи пуст чудо шуда, рагхои хамон чоро васеъ месозад, хориш ва дардро ба вучуд меорад; паротин аз гадуди оби дахон (баногуш) хосил гашта, ба сабзиши дандонхо, бофтаи тагояки, устухон ва г. асар мекунад.
Г. дар муоличаи беморихо фаровон истифода мешаванд. Ихтилоли танзими Г. боиси пайдоиши бисёр беморихои асаб, узвхои даруни, дастгохи харакат ва г. мегардад. Аз ин лихоз муолича бо Г. омили мухими табобати нафакат иллати гадудхои тарашшухи дохили, балки бисёр беморихои диг. низ мебошад.
Худтабобат бо Г. мумкин нест, зеро он метавонад окибати хеле вазнин ба бор орад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …