Главная / Илм / ГИПОДИНАМИЯ

ГИПОДИНАМИЯ

gipodinamiyaГИПОДИНАМИЯ (Hypodynamia), камхаракати, фаъолияти нокифояи мушакхо, ки бинобар паст шудани фаъолияти чисмонии одам (гипокинезия) рух менамояд. Г. дар натичаи камхаракати ба вучуд меояд. Дар мактаббачагон бенизомии зиндаги ва ичрои вазифаи хонагии аз хад зиёд (дар натича барои сайру гашт, бози ва варзиш вакт кам мемонад) боиси Г. мегарданд. Г. дар калонсолон бинобар бемори, ки кас бистари гашта (мас., дар давраи сактаи калб, хангоми захми пой ва сутунмухра), ночор кам харакат мекунад, пайдо шуданаш мумкин аст. Г. хангоми парвози дуру дарози кайхони низ ба вучуд меояд.
Бинобар суст гаштани фаъолияти чисмони сарфи энергия кам ва таъмини бофтахо бо хун бад мешавад; гардиши хун дар капиллярхо суст мегардад; ба магзи сар, дил ва диг. узвхо оксиген намерасад (ниг. Гипоксия); сохти торхои мушаки дил тагйир, фаъолияти гормонхо ва асабия халал меёбад. Дар аснои Г. интиколи ахбор аз чониби мушакхо ба силсилаи асаби маркази суст гашта, ба магзи сар таъсири ногувор мерасонад. Чунки муътадилии тонуси асабия, танзими гардиши хун ва мубодилаи моддахо аз фаъолияти чисмони сахт вобаста аст.
Бинобар якбора кам шудани харакат, мушакхо хурд ва заиф гашта, сохти устухонхо тагйир меёбад. Вобаста бо атрофияи мушакхо микдори бофтаи равган меафзояд, чараёни мубодилаи моддахо халал ёфта, фаъолияти силсилаи асаби маркази вайрон мешавад, аломатхои заъфи рухи – хастаги, тундмизочи, зудранчи, низоъчуи ба вукуъ мепайванданд. Бештар кори дилу рагхо халал меёбад, кувваи кашиши мушакхои дил суст шуда, чандирии девораи рагхои хун мекохад (ин боиси атеросклероз ва бемории гипертония хохад шуд). Тагйироти кори узвхои дилу раг дар ибтидо чун нафастанги, ногахон ва зуд-зуд тапидани дил (хангоми тез рох рафтан), пайдоиши дарди дил (дар аснои кори чисмони), эхсосоти нохуш ва г. зохир мешавад. Хангоми Г. гардиши хун дар венахо куллан тагйир ёфта, боиси пайдоиши бавосир мегардад. Аз мушохидаи духтурон маълум аст, ки ба атеросклероз, иллати рагхои хун ва бемории гипертония бештар одамоне гирифтор мешаванд, ки касбашон бо кори чисмони кам вобаста аст.
Г. хусусан барои кудакон ва мактабиён хавфнок аст. Он ташаккули организмро боздошта, ба инкишофи узвхои такяю харакат, дилу рагхо, гадудхои эндокрини таъсири зиёновар мерасонад. Дар аснои Г. мукобилияти организм ба ангезандаи амрози сирояти суст аст; кудакон тез-тез бемор шуда, бемории онхо кашол меёбад.
Фаъолияти чисмони ба инкишофи малакахои тахрикавии кудак, мушакхо, устухонбанди ва каду комат таъсири мусбат мерасонад, мубодилаи моддахо, гардиши хун ва нафаскаширо танзим карда, ба фаъолияти дилу рагхо таквият мебахшад. Бинобар камхаракати ва дар як холати тулони нишастани мактаббача комат ва сутунмухра нодуруст инкишоф меёбанд. Нокифоягии тахмили мушакхо сабаби номураттабии фаъолияти организм, заъфи кобилияти кори чисмони ва фикри низ мешавад. Камхаракатии миёнсолон ва пиронсолон ба инкишофи атеросклероз мусоидат карда, танзими тонуси рагхоро бад, гардиши хунро дар магзи сар ва дил вайрон мекунад. Аз камхаракати мушакхо бармахал суст ва комат хам мешавад.
Беморе, ки тулони бистари шудааст, бояд барои пешгирии Г. машкхои махсуси чисмониро ичро кунад. Барои бархам додани окибати Г. духтур ба мариз масх, варзиши муоличави, проседурахои оби, баъзан дору таъин менамояд. Дар натичаи варзиши харрузаи пагохи, гимнастика, спорт, кори чисмони (мувофики кувват), пиёдагарди ва г. Г. – ро пешгири кардан мумкин аст.
Вакти кору истирохати шахс бояд аник бошад; кудак баробари дар мактаб ба тарбияи чисмони машгул буданаш, дар хона низ бояд ин машгулиятро давом дихад. Дар ин кор падару модар бояд намуна бошанд; пагохи якчоя бо фарзандон варзиш кардан ва пиёда гаштан ахамияти калон дорад. Ба бачахо бозихои спорти (мас., чавганбози, велосипедрони, гуштингири, оббози)-ро ёд додан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …