Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНӣ

ГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНӣ

gipertensijaГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНӣ, баланд шудани фишори хун дар артерияҳои даври калон ва хурди хунгардиш. Баланд шудани фишорро дар рагҳои даври хурд бисёр вақт гипертензияи шушӣ меноманд; агар мавзеи гипертензия қайд карда нашавад, пас сухан аз боби баланд гаштани фишори артерия дар даври калони хунгардиш меравад. Фишори мӯътадили хун дар одамони то 60-сола бояд аз 140 (барои систолавӣ) ва 90 мм сут. симоб (барои фишори диастолавӣ) зиёд набошад. Барои одамони аз 60-сола боло фишори мӯътадили артериявӣ то 160/95 аст; фишори аз ин боло барои ҳама синну сол баланд мебошад. Бузургии фишори шараён дар ҳудуди аз 140/90 то 150/95 мм сут. симоб ба доираи гузариш мансуб дониста мешавад; дар аснои такроран чен кардан, дар баъзе беморон ададҳои мазкур бетағйир мемонанд (бемории гипертензияи шараёнӣ); дар беморони дигар фишор то ба дараҷаи мӯътадилӣ паст мефарояд. Ҳангоми арзёбии фишори шараёнӣ имконияти баландшавии кӯтоҳмуддати физиологии онро низ ба назар мегиранд.
Г. ш.-и бардавом метавонад боиси гипертрофияи меъдачаи чапи дил, тағйир ёфтани ҳолати девораи шараён, склерози калобачаҳои гурда (нефросклероз), инкишофи атеросклероз ва оризаҳои гуногуни он (сактаи майна, сактаи дил, зиқи дил, бемории камхунии дил ва ғ.) гардад.
Вобаста ба пайдоиш Г. ш. якумин ё ибтидоӣ (ниг. Бемории гипертония) ва алоимӣ мешавад. Сабаби асосии Г. ш.-и алоимӣ бемориҳои гурда, хусусан нефрит, пиелонефрити музмин, танг шудани шараёни гурда бинобар атеросклероз, аортоартериит, тромбоз ва ғ. мебошанд. Г. ш.-и алоимӣ ҳамчунин дар мавриди баъзе бемориҳои ғадуди усораи дохилӣ (эндокринӣ), мас., хромаффинома, алдостеронизм, гиперкортисизм, климакс, тиреотоксикоз, энсефалопатия, нуқси дил, аритмия ва ғ. мушоҳида мешавад.
Дар бисёр мавридҳо беморон аз баланд будани фишори артерия (ФА) бехабар мемонанд. Бинобар ин онҳо шикоят намекунанд, ба духтур намераванд. Беморони дигар бошанд, аломатҳои Г. ш.-ро эҳсос мекунанд. Шикваи онҳо аз дард кардани сар, сарчархӣ, беҳолатӣ, ихтилоли хоб, хастагӣ, садо додани гӯш, сиёҳӣ задани пеши чашм, дарди мавзеи дил, дилзанӣ ва диг. ҳиссиёти ногувор аст.
Вобаста ба савияи фишори артерия Г. ш. «нарм» (ФА то 180/105 мм сут. симоб), мӯътадил (ФА 180/105 – 220/120 мм сут. симоб) ва вазнин (ФА болотар аз 220/120 мм сут. симоб) мешавад.
Г. ш. чи қадаре, ки дер давом кунад, оризаҳои он ҳамон қадар бештар падид меоянд. Хусусан, нуқси рагҳои мағзи сар ва варами майна хавфнок мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо сар сахт дард карда, дил беҳузур мешавад, мариз қай менамояд, чашм хира мегардад; имкон дорад, ки сактаи майна, нуқси дил, зиқи дил, варами шуш низ рух диҳад, дар сурати мавҷудияти ишемияи дил баланд шудани фишори шараён метавонад боиси хуруҷи стенокардия ва сар задани сактаи мушаки дил гардад.
Муолиҷаи Г. ш. дуру дароз аст. Риояи гуфтаҳо ва иҷрои таъиноти духтур ҳатмӣ мебошад.

У.Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …