Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНи

ГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНи

gipertensijaГИПЕРТЕНЗИЯИ ШАРАЁНи, баланд шудани фишори хун дар артерияхои даври калон ва хурди хунгардиш. Баланд шудани фишорро дар рагхои даври хурд бисёр вакт гипертензияи шуши меноманд; агар мавзеи гипертензия кайд карда нашавад, пас сухан аз боби баланд гаштани фишори артерия дар даври калони хунгардиш меравад. Фишори муътадили хун дар одамони то 60-сола бояд аз 140 (барои систолави) ва 90 мм сут. симоб (барои фишори диастолави) зиёд набошад. Барои одамони аз 60-сола боло фишори муътадили артерияви то 160/95 аст; фишори аз ин боло барои хама синну сол баланд мебошад. Бузургии фишори шараён дар худуди аз 140/90 то 150/95 мм сут. симоб ба доираи гузариш мансуб дониста мешавад; дар аснои такроран чен кардан, дар баъзе беморон ададхои мазкур бетагйир мемонанд (бемории гипертензияи шараёни); дар беморони дигар фишор то ба дарачаи муътадили паст мефарояд. Хангоми арзёбии фишори шараёни имконияти баландшавии кутохмуддати физиологии онро низ ба назар мегиранд.
Г. ш.-и бардавом метавонад боиси гипертрофияи меъдачаи чапи дил, тагйир ёфтани холати девораи шараён, склерози калобачахои гурда (нефросклероз), инкишофи атеросклероз ва оризахои гуногуни он (сактаи майна, сактаи дил, зики дил, бемории камхунии дил ва г.) гардад.
Вобаста ба пайдоиш Г. ш. якумин ё ибтидои (ниг. Бемории гипертония) ва алоими мешавад. Сабаби асосии Г. ш.-и алоими беморихои гурда, хусусан нефрит, пиелонефрити музмин, танг шудани шараёни гурда бинобар атеросклероз, аортоартериит, тромбоз ва г. мебошанд. Г. ш.-и алоими хамчунин дар мавриди баъзе беморихои гадуди усораи дохили (эндокрини), мас., хромаффинома, алдостеронизм, гиперкортисизм, климакс, тиреотоксикоз, энсефалопатия, нукси дил, аритмия ва г. мушохида мешавад.
Дар бисёр мавридхо беморон аз баланд будани фишори артерия (ФА) бехабар мемонанд. Бинобар ин онхо шикоят намекунанд, ба духтур намераванд. Беморони дигар бошанд, аломатхои Г. ш.-ро эхсос мекунанд. Шикваи онхо аз дард кардани сар, сарчархи, бехолати, ихтилоли хоб, хастаги, садо додани гуш, сиёхи задани пеши чашм, дарди мавзеи дил, дилзани ва диг. хиссиёти ногувор аст.
Вобаста ба савияи фишори артерия Г. ш. «нарм» (ФА то 180/105 мм сут. симоб), муътадил (ФА 180/105 – 220/120 мм сут. симоб) ва вазнин (ФА болотар аз 220/120 мм сут. симоб) мешавад.
Г. ш. чи кадаре, ки дер давом кунад, оризахои он хамон кадар бештар падид меоянд. Хусусан, нукси рагхои магзи сар ва варами майна хавфнок мебошанд. Дар чунин холатхо сар сахт дард карда, дил бехузур мешавад, мариз кай менамояд, чашм хира мегардад; имкон дорад, ки сактаи майна, нукси дил, зики дил, варами шуш низ рух дихад, дар сурати мавчудияти ишемияи дил баланд шудани фишори шараён метавонад боиси хуручи стенокардия ва сар задани сактаи мушаки дил гардад.
Муоличаи Г. ш. дуру дароз аст. Риояи гуфтахо ва ичрои таъиноти духтур хатми мебошад.

У.Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …