Главная / Гуногун / ФАРЗАНДИ БАД

ФАРЗАНДИ БАД

Собир Одина акнун даст ба дастаи дари директори мактаб бурданӣ буд, ки он ногаҳон кушода шуд ва аз дохил ҷавоне як бандча пулро ҳисобкунон берун шуд.  Собир  Одина ўро дарҳол шинохт. Вай, ҷавон, дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ҷарроҳ шуда кор мекард ва чанд моҳ пеш Собир Одина  ба ў корафтода шуда буд.

Ҷавон саргарми пулшуморӣ  Собир Одинаро, ки  аз ин мулоқоти ногаҳонӣ каме дасту по хўрда,  худро канора гирифта буд, пайхас накард.  Собир Одина бо нигоҳ ҷавонро гуселонида, ба дафтари кории шарикдарси собиқаш Сардор Ҷаҳонгиров, ки алҳол вазифаи директори мактабро адо мекард, ворид шуд. Дўстон, воқеан ҳам, аз ин дидор шод шуда,  якдигарро ба оғўш кашиданд, гарм аҳволпурсӣ карданд.

barf– Тинҷист? – пурсид Собир Одина, директорро аз оғўшаш раҳо карда. –  Духтур аз идораат пул ҳисоб карда баромад.

– Эй напурс, –  ба оҳанги ночорӣ даст афшонд Сардор. – Чанд вақт пеш каме нотоб шуда будам, ҳамин духтур табобат карда буд. Азбаски хароҷот зиёд буд, он вақт як қисм ҳаққи хизматашро надода будам. Имрўз барои ҳамонро гирифтан омада буд. Худат медонӣ, ки ҳозир табибон бепул, табобат он тараф истад, ба бемор ҳатто гап намезананд.

– Ўҳ  очаҳаки ин беинсофа… – ҳақорати қабеҳ дод Собир  Одина, – одамгарӣ надорад ин падарлаънат…

Собир Одина худаш бехабар, ин ҳама дашному лаънатномаҳоро дар ҳаққи писари Ҷаҳонгиров, ки ҳамин ҳозир  аз падараш каме пул қарз гирифта баромада буд, мегуфт. Ҷаҳонгиров аввал хост дарҳол дўсташро огоҳ кунад, ки ин духтур писари вай аст, аммо ҷуръат накард. Аниқтараш фурсат наёфт. Аллакай тир аз камон ҷаста буд, Собир Одина ба ў фурсати даҳон кушодан надода,  таънаву маломат ва ҳақоратро бар сари писари ў мерехт.Ҷаҳонгиров ҳамчунин ба хотири шарм надорондани дўсташ хомўширо авло донист.  Собир Одина бошад, аз ҳолати вай бехабар, даҳони шикоятро калонтар кушод.

–  Бовар мекунӣ, порсол, айни зардолупазӣ падарам касал шуданд. Агарчӣ қариб ду моҳ дар беморхонаи ноҳия табобат гирифтанд, заррае наъф накард. Баъд бо маслиҳати духтурон ба Душанбе овардам. Кош ҳамон вақт мефаҳмидам, ки ту кайҳо боз дар пойтахт сукунат дорӣ… Рост ба назди ту меомадам, албатта, ягон духтури шинос меёфтӣ… Хўш, пўсткандаи гап, Душанбе овардаму ба дасти ҳамин ноасл афтидам. Ҳамон рўз дар шўъба ҳамин навбатдор будааст. Рости гап, аввал нағз қабул кард. Мўйсафедро болои кат хобонда, хеле муоина кард. Баъд, аз афташ, барои решаи дарди муйсафедро аниқ муайян кардан хоҳиш намуд, ки сурати рентгинӣ бигирем.  Ҳатто моро роҳбаладӣ карда, то он утоқ бурд.  Азбаски одами зиёд дар навбат буд, маро гўшае бурда, гуфт, ки мабодо рентгенгар фиребам накунад; нархи суратгирӣ панҷ сомонӣ. Ман  аз ин хайрхоҳии вай чунон мутаассир шудам, ки қариб оби чашм мекардам.

Вақте, ки бо сурати рентгенӣ баргашта ба наздаш омадем, вай дар назди тиреза суратро бо диққат аз назар гузаронда, гуфт, ки дарди муйсафед сахт асту ҳатман бояд ҷарроҳӣ кунем.

Ман бе чуну чаро розӣ шудам. Зеро ки  муйсафед чанд рўзи охир аз дарди сахти миён заминро мегазид.

Хулласи калом, дар назари аввал ин шайтон хеле ҷавонмарди ширинсухан, дидадаро ва меҳрубон намуд. Ҳатто хурсанд шудам, ки Худованд ғами падари ҳашодсолаамро хўрда, моро ба ин духтури савобҷўй дучор кард. Мани сода аз куҷо медонистам, ки ин оқипадар ба хотири аз мо чанд танга рўйонидан муомилаи хуш мекардааст.

Чи хеле гуфтам, қарор додем, ки мўӣсафедро худи ҳамон рўз бистарӣ кунем. Аммо вақте ки ин нокас нархи ҷарроҳиро ба  забон овард, ҳуш аз сарам парид.

– Чанд пул пурсид? – сухани Собир Одинаро бурид Ҷаҳонгиров

– Сесад доллар! Кошки ман дар умрам ҳамон доллари зормондаро дида бошам. Бовар мекунӣ, ҳозир ҳатто кўдаки гаҳвора долларшиносу ман то ҳол онро ба даст нагирифтаам. Намедонам чӣ сиккаву симот дорад ҳамон лаънатӣ.  Хулоса, вақти нархи ҳаққи хизматашро гуфт, ҳайрон монда гуфтам, ки додар, ман ин қадар пул надорам.

 “Пул надошта бошед, куҷо омадед?” – гуфт вай бо кароҳат. Ба ту дурўғу ба Худо рост, дар як лаҳза чеҳрааш, гуфторашро мисли буқаламун тағйир дод.

“Хизматрасонии тиббӣ дар мо бепул, – паст наомадам ман ҳам, – ман як муаллими оддӣ ба ту долларро аз куҷо ёбам!

« Э мардак, ман шуморо маҷбур ба ин ҷо наовардам… Худатон омадед… Ҷарроҳӣ бепул карда намешавад…”

Хулоса, гапамон напухт.  Аз назди ў саргаранг баромада, ҳамроҳи муйсафед чанд дақиқа дар яке аз харакҳои боғи беморхона, ки ҷо -ҷо дар сояи дарахтон гузошта шуда буд, нишастем.

«Чанд сол боз туро ҳам хеле азоб додам, бачем, – гуфт падарам, шояд аз саргарангиам ҳолати рўҳии маро пай бурда, – акнун чӣ кор мекунем? Дар ин ҷо нишастани мо ҳеҷ фоида нест. Медонам, ки ту ҳам он пули духтур гуфтаро надорӣ.  Акнун таваккали ман ба худо, биё, меравам. То амонаташро гирифтан ба ҳар дарду азоб тоқат мекунам. Худованд раҳим аст, иншооллоҳ корам осон мешавад“.

Марде ки дар хараки шафат танҳо менишаст, ба сўҳбати мо ҳамроҳ шуда, муйсафедро хеле дилбардорӣ кард.

«Мўйсафед иштирокчии ҷанг будаанд, – гуфт вай ҳангоми хайру хуш ба ман, – шумо ба назди сардухтур дароед.  Агар вай иҷозат диҳад, бепул ҷарроҳӣ мекунанд”

Сардухтур марди шасту панҷ ҳафтодсола, арзамро шунида, ба воситаи телефон ҳамин падарлаъната ҷеғ зада, аввал хеле ҷомаашро такид ва баъд супориш дод, ки беморро ҳатман бистарӣ карда, ба ҷарроҳӣ тайёр кунад.

Аз ҳамон лаҳза ин морбачча маро бад дид.  Вақте ки аз дафтари сардухтур баромадем, рост ба чашмонам нигоҳ карда гуфт:

«Хабаркашӣ кори мардон нест».

«Кӣ хабар кашид?» – ҳайрон шудам ман.

“ Ман” – гуфт вай бо тамасхур

«Писарам, ман буду шуди гапро гуфтам. Охир, пул надошта бошам, аз куҷо ёфта диҳам?”

«Ман аз ту кай пул пурсидам?» – ба ту-ту гузашт вай.

«Ҳозир”

«Э қишлоқӣ, ман ба ту гуфтам, ки ҳамин қадар пул лозим, ки муйсафедро ҷарроҳӣ кунем. Нагуфтам- ку оварда ба ман деҳ”.

«Бачам, ба ман чӣ фарқ дорад, ки пулро ту мегирӣ, ё ягон духтури дигар. Нест ҳамон пули зормонда».

«Ин хонаи холаатон нест, ки бе пул ҷарроҳӣ кунанд. Гузашт он давраҳое ки давлат ҳам зиндаву ҳам мурдаи шумора соҳибӣ мекард” – гуфт вай бо арбада. – Аз пушти ту ман чи қадар гап шунидам.

«Акнун одами камбағал вой-вой гуфта мемурдааст-дия» – гуфтам ман, ўро ба инсоф овардан хоста.

«Пул надошта бошӣ, албатта мемурӣ. Ман аз кисаи худам барои ҷарроҳии падари ту дору намехарам-ку! Ягон духтур ин корро намекунад.  Баъд мо ҳам зану фарзанд дорем, онҳоро хўрондану пўшондан лозим…»

Хулоса, ғур-ғуркунон, бо ман туву ман гуён, муйсафедро ба утоқи муолиҷавӣ бурд.  Пас аз ду рўз таҳти сарварии сардухтур ўро бепул ҷарроҳӣ карданд. Ба қавли духтурон хеле хуб гузашт ҷарроҳӣ.  Аммо ин падарлаънат, чи хеле гуфтам, муйсафедро, аниқтараш маро чап гирифт Ҳар гоҳе ба дидорбинии падарам рафта, ўро дар долони беморхона дучор меомадам, беинсоф ҳатто ба саломам алейк намегирифт. Хайр, ин дарди ба хайр, аммо рўзи аз беморхона ҷавоб шудани муйсафед оқипадар коре кард, ки то мурдан фаромўш намекунам. Пас аз мурдан ҳатто устухонҳоям ёд мекунанд.

– Чӣ кор кард? – пурсид Ҷаҳонгиров, ки аз сари вақт нагирифтани пеши даҳони ҳамсабақаш ҳазор бор пушаймон шуда буд. Албатта, барои вай аҷиб буд, ки мардум, алалхусус беморон, дар ҳаққи писари вай чиҳо мегуянд. Аммо боз андеша мекард: Чӣ тавр ба ин мардак фаҳмонам, ки он табиби аз ҷониби вай лаънатшуда писари аз камари ман рўида аст.

– Коре кард, ки умуман ба номи инсон, алалхусус табиб иснод меорад. Вақте муйсафед лоқу парашро ҷамъ карда, ба долон баромад, мо ба утоқи кории ин худобехабар рафтем. Зеро мебоист ў тартиби табобати сарипоиро, ки бояд муйсафед таҳти назорати духтури дармонгоҳамон мегирифт, навишта медод. Падарамро дар курсие ки барои ҳамшираҳои шафқати навбатдор дар долон гузошта шудааст, шинонда, ба назди духтур даромадам. Ў маро дида дар даст қоғазе аз ҷой хесту ҷониби  дар омада, гуфт:

«Даҳ дақиқа дар берун мунтазир шавед, ман ҳамин қоғазро ба лабаратория бурда медиҳаму зуд бармегардам. Баъд кори шумора буд мекунам».

Аз байн бист дақиқа, чил дақиқа, як соат, ду соат гузашту аз ў дараке нашуд. Оқибат аз чанд нафар пурсида, бинои лабараторияро ёфтам. Духтараки мавзунқаде гуфт, ки духтур Сардоров як сари қадам омаду рафт. Бо димоғи сўхта ба назди падарам баргаштам. Пўсткандаи гап, то вақти хўроки пешин роҳ поидему ин худобехабар пайдо нашуд. Аз ман ҳам бештар падарам хеле озурда шуд, ки «наход духтур мани пира ҳамин хел аҳмақ кунад». Ҳатто вақте ба хона баргаштем, бо алам сар ҷунбонда гуфт: «Писарам, ҳамон рўз, аз афташ, ноҷо ба сардухтур арз кардӣ. Ҳамин рафтори ту ба дили ин бача бисёр сахт расида будааст, ки тўли чордаҳ рўзи дар беморхона буданам ягон даҳон гапи хуш нагуфт-э бачағар! Доим ҳангоми бо ман гап задан қавақҳояш овезон буд. Тавба, наход қадри одам то ба ҳамин дараҷа паст шуда бошад, а! Мо магар дар фронт барои ҳаминҳо шуда панҷ соли дароз бо фашистон мушт ба гиребон шуда будем?! Шукри худо, давлат он хизматҳои моро ду-се маротиба зиёд қадр кард. Аммо беинсофии ин духтура бин”.

– Баъди ҳамон дигар надида будӣ ўро? – пурсид Сардор Ҷаҳонгиров.

– Киро? – нафаҳмид Собир Одина.

– Ҳамон духтурро.

– Дидам. Рўзи дигар худам танҳо рафта, дар утоқи кориаш ёфтам.

– Чӣ гуфт?

– Чӣ ҳам мегуфт… Аввал кори зарур баромад, гуфта, баҳона пеш овард. Баъд иқрор шуд, ки фаромўш карда ба куҷое рафтааст

– Ту чӣ гуфтӣ? – пурсид Ҷаҳонгиров.

– Аввал хостам, ки бо ду даҳан гапи нағз нодуруст будани ин рафторашро фаҳмонам. Аммо вай ба ҷои узр хостан, ба ҳуҷум гузашта, хеле гапи пасту баланд гуфт.

«Садқаи одам шавӣ, ту номусулмон», – гуфтаму дарашро сахт пўшида рафтам.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд.

– Ҳамин хел инсонро шаш сол дар донишгоҳи тиббӣ сабақ додаанд. Зиёда аз ин ўро падару модараш ва ману ту барин муаллимон низ тарбия кардагистанд. Шояд падараш дар байни мардум бо даҳони пур гўяд, ки «писарам духтур, одамонро табобат мекунад…» Эҳ садқаи одамгарӣ шавад ин хел ҷавонмард. Ё гапам нодуруст? – ба Ҷаҳогиров руй овард Собир Одина.

Ҷаҳонгиров гапи ўро на тасдиқ кард, на инкор. Вай хомўш буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …