Главная / Гуногун / Ҳеродот мегўяд:

Ҳеродот мегўяд:

Киаксор подшоҳи модҳо буд. Ў пас аз ҳукмронии 40-сола аз олам гузашт ва ба ҷойи ў писараш Астиог подшоҳ шуд. Аз ў духтаре ба дунё омад, ки номи ўро Мандона хонданд. Чун духтар ба балоғат расид, шоҳ хоб дид, ки духтараш чунон бисёр мезидааст, ки на фақат мамлакати модҳо (Эрони ҳозираро) балки тамоми Осиёро пахш кардааст. Пас ў ҳамаи коҳинонро даъват намуда, гуфта аст, ки таъбири хоби ўро биёбанд. Онҳо гуфтаанд : – Аз духтари ту писаре ба дунё меояд, ки на фақат тахту тоҷи туро мегирад, балки ба тамоми Осиё ҳукмрон мегардад.

Ҳеродот
Ҳайкали Ҳеродот

Сипас Астиог ба хулосае меояд, ки духтарашро на ба модҳо, балки ба форсҳо, ки дар Осиёи Миёна зиндагонӣ мекунанд, ба шавҳар диҳад. Камбис, ки дорои ахлоки нек, ботамкин ва шоҳзодаи маъруфи Форс аст, ба шавҳар бидиҳад. Ҳамин тавр ҳам мекунад. Аммо дар вақти ҳомиладории Мандона Шоҳ боз хоб дид, ки аз батни духтараш навдаҳои токи ангур баромада Осиёро фаро гирифтаанд. Коҳинон боз гуфтанд, ки набераи ту подшоҳ шуда, ҷойи туро мегирад.

Аз ин лиҳоз, Шоҳ ба зуддӣ духтарашро ба дарбори худ оварда, дар зери назорати сахт нигаҳ дошт. Астиог, пас аз таваллуди духтараш, шахси аз ҳама боваринок, хешованди наздики худ, ҳокими тамоми боигарии шоҳонаи худ Горпогро даъват намуда гуфт: – Горпог! Ман ба ту супориши ҷиддӣ медиҳам. Онро ба таври ҷиддӣ иҷро кун. Маро фиреб надеҳ. Фирефтаи манфиати дигар шуда, бо гуноҳи худ ба қатл нарав. Кўдаке, ки Мандона таваллуд кардааст, бигир, ба хонаи худ бибар ва бикуш. Пас чихеле ки мехоҳӣ ҳамон тавр гўр кун.

Горпог посух дод: – Шоҳ! Қабл аз ин ҳам ягон асос надоштӣ, ки маро гунаҳкор кунӣ. Дар оянда ҳам ман коре мекунам, ки туро наранҷонам. Агар хоҳиши ту чунин бошад, вазифаи ман аз ин иборат аст, ки онро бечуну чаро иҷро кунам.

Савол: Пас чи шуд?

Ҷавоб: Чун кўдакро ба дасти Горпог доданд, мегўяд Ҳеродот, алакай ба тани ў пероҳани дафнӣ пўшонида буданд, ки Горпог ба ин тоб оварда натавониста бо оби дида ба хона баргашт. Ў ба ҳамсараш ҳар чи ки Шоҳ гуфта буд, нақл кард. Ҳамсараш пурсид: – Акнун ту чи кор мекунӣ?

Горпог гуфт: – Ман, албата гуфтаи Астиогро иҷро намекунам ва агар чӣ шоҳ боз ҳам беақлӣ зоҳир кунад ҳам. Ў аз бехирадӣ кўр шудааст. Чи ки набошад ман иштирокчии чунин марги даҳшатнок шудан намехоҳам. Қабл аз ҳама ин кўдак хешованди ман аст. Илова бар он Астиог алакай пир аст ва вориси мардина надорад. Пас аз марги ў агар Мандона ба сари қудрат ояд, ба хонадони мо марг таҳдид хоҳад кард. Вале ба хотири тинҷии худ кўдакро бояд бо дасти дигарон, одамони худи Астиог бояд кушт.

Инро гуфту ҳамоно ба чўпони чорвои Астиог, ки дар қисми шимолии кўҳҳои Ҳамадон ҷойгир буд, одам фиристод. Чун ба тезӣ чўпон расида омад ба ў гуфт: – Меҳрдод! Астиог супориш дод, ки ин тифлро ба баландии кўҳ, он ҷойе, ки ҳайвонҳои дарранда бисёранд, бигзорӣ то ки онро ҳайвонҳо бихўранд. Дар акси ҳол ҷазои сахттарин туро интизор аст.

Ҳамсари даҳмарда Кино (Спако) ном дошт, ки ба забони модҳо маънои “Саг”-ро дорад. Ў дуҷон буд. Ба болои он шавҳарашро бесабаб, ба тезӣ набурданд. Аз тарс мурда таваллуд кард. Чун шавҳарашро дид, ҳамоно саволборон кард. Даҳмарда он чи ки аз дояҳо шунида буд, нақл намуда гуфт: – Чун ба хонаи Горпог ворид шудам, нолаи аҳли оилаи ўро шунида, дар ҳайрат мондам. Шоҳ фармудааст, ки ман ин кўдакро ба кўҳсор партофта, тўъмаи ҳайвонҳои даранда гардонам. Дар акси ҳол маро ҷазои сахттарин интизор аст.

Кино сухани шавҳарашро шунида ба зорию тавалло даромад, ки шавҳараш ин корро накунад, вале чун аз ғазаби Шоҳ ёдовар шуд, ҳамоно гуфт: – Ба таваллуди кўдаки ман рўзҳои башумор монда буд. Вале чун туро бурданд аз тарс пагоҳӣ мурда таваллуд кардам. Ту метавонӣ либосҳои шоҳонаи ин кўдакро ба бачаи мо пўшонида ба саҳро барӣ. Ин кўдакро ба ман бигузор ҳамчун фарзанди худ тарбия кунам. Бигзор мурдаро даррандаҳо хўранд.

Пас аз 3 рўз даҳмарда ба Горпог хабар дод, ки рафта кўдакро бинанд. Горпог ашхоси бовариноки худро ҳамроҳи даҳмарда барои дидани мурдаи кўдак фиристод. Онҳо ба марги ў боварӣ ҳосил карда, ўро гўрониданд.

Куруш 10-сола шуд, вале аз гузаштаи талхи худ хабар надошт. Чун ҳамроҳи бачаҳои кўча бозӣ мекард аз ҳама доно ва пурқуват ҳамин буд. Рўзе бачаҳо ўро дар бозӣ шоҳ таъин карданд. Ў бошад ба ҳар як бача як супориши маҳсус дод; якеро вазир, дигареро ҳимоятгари шоҳ – хулоса ҳар як бача ба як вазифаи махсус соҳиб шуд.Дар қатори ин бачаҳо писари шахси мўътабари дарбор – Артембор ҳам буд. Вале ин бача супориши Курушро иҷро накард. Куруш фармуд, ки ўро баста биёранд ва риштаро бофта ба тахтапушти ў бизананд.

Рўзи дигар Артембор ба назди Шоҳ омада воқеъаи бо писараш рўй додаро нақл карда, тахтапушти писарашро ба шоҳ нишон дод. Шоҳ бошад супориш дод, ки даҳмардаро бо писараш биёранд.

Чун Куруш ба назди шоҳ омад. Шоҳ ба Куруш нигоҳ карда гуфт: – Ин туӣ писари одами нобакор, ҷурат пайдо карда, писари шахси мўътабарро таҳқир кунӣ?!

Бача чунин ҷавоб дод: – Ҷаноб! Ман бо ў бо адолатона рафтор кардам. Бачаҳои деҳаи мо дар вақти бозӣ маро ба худ шоҳ таъин карданд. Онҳо хулоса карданд, ки ман ба ин вазифа бештар сазоворам. Бачаҳои дигар ба ман гўш карданд, вале ин гапнодаро буд, то ҷазояшро надид, ба фармони ман эътибор надод. Агар барои ҳамин ман гунаҳгор бошам, марҳамат, ман ба ҳукми ту тайёрам.

Баъд аз ин суханҳо Астиог ҳамоно бачаро шинохт. Чеҳраи бача ҳам хеле бовиқор ва озодона буд. Бо супориши шоҳ бачаро ба дарбор бурданд. Астиог бо чўпон танҳо монда ўро истинтоқ кард, вале даҳмарда “Ин бачаи ман, модараш зинда” гуён сирпўшӣ мекард. Шоҳ ишора кард, ки адабашро бидиҳанд. Сипас чун даҳмардаро оварданд ҳамоно ҳамаи сирҳоро ошкор сохт ва дар охир аз Шоҳ илтиҷо кард, ки аз гуноҳаш бигзарад.

Баъд Шоҳ Горпогро пурсид: – Горпог! Ҳамон вақт ту чи хел бачаи духтари маро куштӣ?

Горпог зуд фаҳмид, ки даҳмарда дар ин ҷо аз ин лиҳоз ў ҳақиқатро гуфт: – Шоҳам, чун ту кўдакро ба ман додӣ, ман андеша кардам, ки рўзе дар назди ту ва духтарат гунаҳкор нашавам. Аз ин лиҳоз, чўпони молҳои туро даъват намуда, кўдакро ба ў супоридам ва ўро огаҳ кардам, ки кўдакро дар баландии кўҳ гузорад ва худаш огаҳ шавад, ки ҳатман кўдак бояд бимирад, вагарна ўро азоби хеле сахт интизор аст. Ва пас аз 3 рўз ба одамони бовариноки дарбор супориш додам, ки рафта мурдаи бачаро бо чашмонашон бинанд. Онҳо рафта диданд ва кўдакро дар он ҷо гўронида, ба ман хабарашро доданд.

Астиог суханони Горпогро бо диққат гўш карда аз қаҳр фаромаду ба Гарпог гуфт: – Ман ҳамаашро аз даҳмарда шунидам. Хуб шуд, ки бача зинда монд, ман рўҳан дар азоб будам, ки ба бадбинии духтарам чи хел тоб меорам. Акнун ки ҳама корҳо ба хуби анҷом ёфт, ту писаратро ба дарбор бифирист, бигузор ў ҳамроҳи бача бошад. Ман ба ин муносибат зиёфат медиҳам, бояд ту ҳам иштирок кунӣ. Ман мехоҳам ба ин муносибат баҳри худоёне ки бачаро баргардониданд, қурбонӣ кунам.

Горпог ин суханро шунида ба пеши пои шоҳ афтод. Ў хеле шод шуд, ки ҳама кор ба хубӣ анҷом пазируфт. Зуд ба хона омада фарзанди яккаву ягонаи худ, ки нав ба синни 13 солагӣ қадам монда буд, ба дарбор фиристонд ва бо шавқи зиёд ҳамаи воқеъаҳои рўйдодаро ба ҳамсараш нақл намуда, хурсандӣ мекард.

Чун писари Горпог ба дарбор омад ҳамоно бо супориши шоҳ бачаро кушта як қисми гўшташро бирён ва қисми дигарашро ба об пухта, дасту по ва каллаи бачаро дар халтаи махсус нигаҳ доштанд. Ҳамин, ки базм оғоз шуд ба ҳамаи меҳмонҳо аз гўшту равғани гўсфанд хўрок дода, ба сари мизи Горпог хўроки аз гўшти бачааш тайёр шударо гузоштанд. Пас аз хўрдани таом Шоҳ ба назди Горпог омада пурсид: – Хўроки додаам чи хел аст?

– Хеле болаззат, шоҳам, ман аз он лаззат бурдам.

Астиог ишора кард, ки халтаро биёранд.

Шоҳ супориш дод, ки Горпог халтаро боз кунад. Ў халтаро боз карда қисмҳои аз тан ҷудо шудаи писарашро дид. Шоҳ гуфт: – Акнун дидӣ шоҳ ба чи қудрат дорад?

Горпог худро ба даст гирифта, гуфт: – Ҳар коре ки шоҳам раво медонад, барои ман қобили қабул аст.

Сипас Горпог ба болои дасту по ва каллаи бе тани ҷигарбандаш устухонҳои писарашро чинда ба халта андохту гирифта рафт.

Ҳамин тавр шоҳ Горпогро ҷазо доду баъд коҳиноне ки таъбири хоби ўро кушода буданд, даъват намуда аз нав онҳоро пурсид. Ҳамаи онҳо тасдиқ карданд, ки он бача ба дунё омада, билохира ҷойи туро мегирад. Баъд Астиог гуфт: – Бача зинда, дар қайди ҳаёт аст. Дар деҳа дар вақти бозӣ бачаҳо қобилияти баланди ўро дида шоҳ интихоб кардаанд. Ў айнан ба мисли мо, ба ҳар як бача вазифаи давлатдориро супорида аз онҳо кор талаб мекунад.

Коҳинон ҳама бо як овоз гуфтаанд: – Агар бача дар вақти бозӣ вазифаҳои подшоҳиро адо карда бошад, дигар ў ҳаргиз Шоҳ нахоҳад шуд. “Ман ҳам дар чунин ақидаам – гуфт Астиог, – вале бо вуҷуди он шумо бояд ба таври ҷиддӣ дар ин ҳусус ба ман маслиҳат диҳед.

– Шоҳ! Барои мо ҳам муҳим аст, ки соҳиби тахту тоҷ ту бошӣ. Агар давлат ба дасти ин бачаи форс афтад, пас мо модҳо ба дасти бегонагон меафтем, ғулом мегардем, форсҳо моро ҳамчун бегонагон дўст намедоранд. Чун ту шоҳи ҳамаи моӣ, мо ҳамақидаи туем, мо ҳам дар идораи давлати ту бо ифтихор саҳмгузорем. Модом, ки хобат беҳуда баромад, акнун мо ҳам аз ҳеҷ чиз сари тарс надорем ва ба ту ҳам маслиҳат медиҳем, тарсу бимро аз худ дур андоз. Ин бачаро дафъ кун, бигузор ба назди падару модараш – ба Форс биравад.

Маслиҳати коҳинонро гўш карда, хурсандона Курушро даъват кард ва сухани зеринро ба ў гуфт: – Бача! Ман туро аз баҳри хоби беҳуда ранҷонидам ва бо амри тақдир ту зинда мондӣ. Акнун сиҳат саломат ба Форс баргард. Ман ба ту ҳамсафарҳо медиҳам. Падару модаратро меёбӣ, онҳо ба мисли даҳмарда ва ҳамсари ў одамони паст нестанд.

Ҳамин, ки Куруш ба хонаи Камбис баргашт ўро фаҳмида ба бўсакунӣ даромаданд. Онҳо фикр карда буданд, ки ў кайҳо фавтида аст. Ўро мепурсиданд, ки чи тавр зинда монд. Ў нақл намуд, ки пештар дар ин бора чизе намедонистам. Фақат дар роҳ аз тақдири талхи худ огаҳ гардидам. Ман гумон мекардам, ки писари чўпони Шоҳ мебошам. Ў дар бораи ҳаёти худ нақл намуда, ҳар замон ҳамсари чўпон Киноро таъриф мекард. Аз ин лиҳоз, атрофиёни Куруш, – мегўяд Ҳеродот, – ин номро сахт қапида, барои дабдабанок шудани тарҷумаи ҳоли Куруш  нақл мекарданд, ки дар вақти кўдакро дар кўҳистон танҳо партофта рафтан саг шир дода ба воя расонидааст.

Куруш рўз аз рўз дар байни ҳамсафони худ таҳамтан мегардид. Ҳама ўро дўст медоштанд. Горпог барои аз Астиог қасос гирифтан кўшиш мекард ба боварии Куруш даромада гирад. Аз ин ҷиҳад ў ба Куруш тўҳфаҳо мекард. Ў медонист, ки як худи ў ба муқобили Астиог истода наметавонад. Аз ин лиҳоз Горпог дид, ки Куруш ба воя расида пурқувват мегардад ва ў баробари Горпог аз шоҳ мусибат дидааст ва аз ин лиҳоз ўро иттифоқчии худ интихоб кард.

Вале барои ҳамин Горпог бо ҳамаи одамони намоёни модҳо алоқаашро мустаҳкам кард, то ин ки Астиогро сарнагун карда Курушро ба ҷои ў оранд. Чун Горпог ҳамаро ба сўи худ кашид, хост, ки дар бораи ақидаи худ Курушро огаҳ созад. Аммо Куруш дар мамлакати Форс мезист ва тамоми роҳҳо дар дохили мамлакати Модҳо муҳофизат карда мешуд. Роҳи дигар набуд. Пас Горпог роҳи айёриро фикр карда баромад. Ў харгўшро тайёр кард. Барои ин ишками харгўшро чўнон чок кард, ки пўсташ номаълум бимонад. Ва дар он ҷо мактуби худро ба Куруш ҷой дод. Сипас ба шахси бовариноки худ харгўшро бо тўри шикорӣ супорида ба Форс фиристод.

Чун Куруш шиками харгўшро чок карда мактубро гирифт, дар он чунин навишта шуда буд: “Писари Камбис! Худо туро нигоҳ дошт. Вагарна ту ба ин бахти бузург соҳиб намешудӣ. Аз кушандаи худ, Астиог қасосатро бигир! Ў туро ба куштан дода буд, фақат бо хоҳиши Худо ва ман, ту зинда мондӣ. Ман боварӣ дорам, ки ту дар бораи бадбахтиҳои худ огаҳӣ.

Акнун, агар ту ба ман гўш диҳӣ, тамоми мамлакати Астиог азони ту хоҳад шуд. Форсҳоро бовар кунон, ба муқобили Астиог шўриш бардоранд, ту ба Мод ҳуҷум кун. Агар Астиог дар ҷанг бар зидди ту маро ҳамчун сарлашкар гузорад ё шахси дигарро аз модҳо, ту ба мақсад хоҳӣ расид. Онҳо якўм шуда ба тарафи ту мегузаранд. Дар ин ҷо ҳама тайёр, маслиҳати моро гўш кун, тезтар ҳуҷум кун”.

Куруш ин мактубро хонда, фикр кард, ки чи тавр форсҳоро ба муқобили Астиог бархезонад. Ў маҷлиси халқии форсҳоро даъват кард. Сипас гўё номаи Астиогро боз карда хонд, ки Астиог ўро сарлашкар таъин кардааст. Дар нутқи худ Куруш гуфт: – Акнун форсҳо ман ба ҳамаи Шумо фармон медиҳам, фардо бо достҳои худ мусаллаҳ шуда биёед.

Ҳамин ки форсҳо бо достҳои худ, ҳозир шуданд Куруш фармон дод, ки як майдони васеъ, ки аз хорзор иборат шуда буд, тоза кунанд. Чун бо машаққат он майдонро тоза карданд Куруш ба онҳо гуфт: – Акнун фардо шусту шўй карда, бе яроқ ба ҳамин ҷо ҳозир шавед.

Куруш гўсфанду буз ва говҳои падарашро ба як ҷо ҷамъ намуда, супориш дод, ки онҳоро бикушанд ва таъомҳои гуногун тайёр кунанд. Пас аз анҷоми хўрокхўрӣ Куруш аз лашкари навбунёд пурсид: – Кадом рўз барои шумо беҳтар буд, имрўз ё дирўз?

Ҳама гуфтанд: – Дирўз заҳмати зиёди бесамар буд, имрўз рўзи хуб аст. Гуфтаи онҳоро тақвият дода, Куруш мақсади худро иброз намуд: – Артиши форс! Гап дар ин аст! Агар шумо аз паси ман рафтан хоҳед, ба шумо чунин неъмати моддӣ муяссар мегардад, мумкин аз ин ҳазорҳо карат зиёд ҳам бошад. Агар нахоҳед шуморо дирўза барин ё даҳҳо карат зиёд машаққат интизор аст. Аз ин ҷиҳат аз паси ман биёед, озодӣ ба даст меоред.

Ман бо хости Худо таваллуд шудам, ба ин боварӣ дорам озодии шуморо таъмин кунам. Ман боварӣ дорам, ки шумо аз модҳо ҳамчун афсари форс монданӣ надоред. Барои ҳамин шумо бояд тезтар аз ҳукми Астиог фориғ шавед.

Куруш як қисми форсҳоро ҷамъ карда ба муқобили модҳо бархезонд. Ҳамаи форсҳо, мегўяд Ҳеродот, аз ин қабилаи форсҳо вобастагӣ доранд; форсҳо, форсгардҳо, паҳлавиҳо ва қабилаҳои маспӣ. Аз байни онҳо аз ҳама шуҷову далер форсгардҳо мебошанд, ки авлоди ҳахоманишҳо аз онҳо иборатанд. (Баромади ҳахоманишҳо мувофиқи гуфтаи даҳҳо муҳаққиқони аврупоӣ дар асоси мадракҳои қадим ва хатҳои мехии бозёфтшуда, аз авлоди тўрониёни қадим мебошанд, ки бори аввал усули давлатдории шоҳонаро ба по монда буданд. Ин авлод, яъне тураҳо, то имрўз дар шаҳри қадимаи Ур (Нур) ва ҳоло Истаравшан, бори аввал, пас аз Обхезии Умумиҷаҳонӣ шоҳи худро ба сари қудрат оварда, тоҷ гузошта буданд. Подшоҳи нахустин Ур-хам ном дошт. Ур-хам шаҳри худро бо бунёди девол аз ҳуҷуми беруна муҳофизат карда буд.

Далели дуюм аз он иборат аст, ки Куруши Кабир ҳар сари чанд вақт, дар тобистон ба шаҳри Ур (Нур) омада истироҳат мекард.

Сеюм далел аз он иборат аст, ки ба хотири авлоди гузаштаи худ, дар қисми ғарбии шаҳри Истаравшан шаҳр бунёд намуд, ки ин шаҳрро юнониён Кирополис ном доданд.

Дигар қабилаҳои онҳо, мегўяд Ҳеродот, аз панфилҳо, дерусиҳо, германиҳо иборат буданд, ки бо деҳқонӣ – замин сару кор доранд, қабилаҳои дигари форсҳо аз дайиҳо, мордҳо, дропикиҳо иборат мебошанд, ки асосан кўчманчӣ мебошанд.

Акнун форсҳо доҳии худро пайдо карданд, барои аз асорати модҳо наҷот ёфтан хурсандӣ мекарданд. Кайҳо ҳукмронии модҳо барои форсҳо дилбазан шуда буд, мегўяд Ҳеродот. Чун тайёрии форсҳо ба гўши Астиог расид ҳамоно ба Куруш нома фиристод, ки ба тезӣ биёяд. Куруш ба сафири Астиог фаҳмонд, ки ба Шоҳ бигўяд: – Куруш пештар ба назди ў хоҳад рафт, агар ба ў майл вайдо шавад.

Ин ҷавобро шунида Астиог ҳамоно ба ҳамаи модҳо муроҷиат кард, ки мусаллаҳ шаванд. Горпогро сарлашкар таъин кард. Худо, мегўяд Ҳеродот, ақли ўро рабуд, ба шахсе, ки инқадар мусибати вазнинро раво дида буд, бовар карда, тақдири тамоми қувваҳои ҳарбии модҳоро ба ў месупорад?

Чун модҳо ба муқобили форсҳо ба ҷанг даромаданд, як қисми хеле ками артиши модҳо ҷанг карданд, қисми дигараш гурехтанд ва тарафдорони Горпог ба форсҳо ҳамроҳ шуданд.

Астиог ин воқеъаро шунида, аввал коҳинонро ба мех шинонида кушт, ки хоби ўро таъбири дуруст накарданд. Сипас тамоми халқ – пиру барноро мусаллаҳ намуда, ба ҷанг даромад ва шикаст хўрда худи шоҳ асир афтод.

Ҳамин тавр Астиог пас аз 35-сола ҳукмронӣ аз тахт афтод. Оқибати бераҳмӣ, мегўяд Ҳеродот, ба модҳо, ба он бурда расонид, ки ба тасарруфи форсҳо дароянд.

Ҳукмронии модҳо дар Осиё ҳамагӣ 128 сол тўл кашид.

Куруш ба Астиог бераҳмӣ накард. Фақат ўро то охири умраш дар итоати худ (ҳабси хонагӣ) нигоҳ дошт.

Иқтибос аз асари Ҳеродот

“Таърих”

Ҳеродот муаррихи Юнони Қадим

буда, дар асри 5 пеш аз милод

ҳаёт ба сар бурдааст.

Ниг: “Историки античности”.

Москва, 19 89. ҷ. 1. ва Иброҳим Умарзода.

“История цивилизации арийцев”

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …