Главная / Илм / ДУХТУР

ДУХТУР

duhturДУХТУР (Medicus), пизишк, табиб, мутахассиси дорои маълумоти олии тибби (гайр аз духтури дандон, ки бар хилофи духтури стоматолог маълумоти миёнаи тибби хам дошта метавонад), ки хукуки бо фаъолияти тибби машгул шуданро дорад. Аз руи ихтисос Д.-он ба ташкилотчии хифзи тандурусти, терапевтхо (беморихои дохили), педиатрхо (духтури бачагон), чаррохон, акушер-гинекологхо (дояги ва амрози занона), офталмологхо (беморихои чашм), рентгенологхо, невропатологхо (амрози асаб), психиатрхо (амрози рухи ва равони), стоматологхо (беморихои дандон ва чавфи дахон), дерматовенерологхо (амрози пуст ва зухрави), оториноларингологхо (амрози гуш, гулу ва бини), фтизиатрхо (беморихои сил), Д.-хои санитари ва г. таксим мешаванд.
Духтури яке аз касбхои кадимтарин мебошад. Одамон хануз дар давраи чамоаи ибтидои усулхои аввалини табобатро ба кор мебурданд. Баъди ба вучуд омадани дин ин вазифаро кохинон ва сонитар табибон ба ухда гирифтанд. Дар Мисри Кадим, Чин, Хиндустон, Юнон ва Рим Д.-они касби пайдо шуданд, ки обруи калон доштанд, гирифтани унвони духтури бошад, дониши зиёдро талаб мекард. Таърих номи машхуртарин табибони кадим Букрот (Гиппократ), Акслепиад, Абуали ибни Сино ва дигаронро, ки донишу махораташон нафакат хаёти хазорхо муосиронро начот додааст, балки ба инкишофи минбаъдаи илми тиб низ таъсири назаррас дошт, ба неки ёд мекунад. Дар асрхои миёна илми тиб мавкеи худро аз даст дод. Муддати мадид масъалахои ташкили ёри ва тахсилоти тиббиро калисо хал менамуд. Догматизми дини ба пешрафти илми тиб халал мерасонд. Давраи Эхё, ки замони ривочи илму фарханг буд, натанхо ба пешрафти босуръати илми табиатшиноси, аз чумла илми тиб мусоидат намуд, балки дар ташаккули нигахдории тандурусти ва таълими Д.-он низ таъсири бузург расонд. Дар асрхои минбаъда сифати таълими Д.-он мунтазам бехтар мешуд, илми тиб асрори нав ба навро ифшо мекард, сабаб ва роххои инкишофи беморихоро ошкор месохт, Д.-онро бо усулу воситахои комилтари ташхис, муолича ва пешгирии беморихо мусаллах менамуд.
Комёбихои хозираи илму техника барои таъмини ахоли бо ёрии касбии тибби заминаи мусоид фарохам месозад. Максади ягонаи касби ва нияти шахсии Д. хифзи саломатии инсон мебошад. Ин максад дар Савганди духтури Точикистон ба таври возех ифода ёфтааст. Масъулияти духтур, ки давлат хифзи зиндаги ва саломатии одамонро ба зиммаи у гузоштааст, хеле калон мебошад. Ичрои вазифаи мушкил, вале айни замон бошарафи духтури дониши амики касби, захмати зиёд ва фидокориро металабад. Д. бояд хар лахза барои ба мухточон расонидани ёрии тибби омода бошад, ватанашро дуст дорад. Дар ватани мо мехнати Д. эхтироми бузург ва кадри баланд дорад. Хазорхо нафар духтурон бо ордену медалхои чумхури унвони фахрии Духтури шоистаи ЧШС Точикистон, Корманди шоистаи Точикистон, унвони Кахрамони Мехнати Сотсиалисти, нишони «Аълочии тандурустии Чумхурии Точикистон» сарфароз гардидаанд.
Бо максади баланд бардоштани дарачаи тахассуси Д.-хо дар чумхури аттестатсияи духтурон гузаронда мешавад. Дарачаи тахассуси Д.-хоро комиссияи махсус муайян мекунад. Тахассуси дарачаи оли ба Д.-е дода мешавад, ки аз руи ихтисос 10 сол (ва бештар аз он) собикаи кори дошта бошад.
Дар чумхури мактаби асосии тарбия кардани Духтурон ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино аст. Донишгохи мазкурро то ин дам зиёда аз 30 хаз. наф. Духтурхо хатм кардаанд (2010). Соли 2009 дар чумхури 14459 наф. Духтур фаъолият доштанд (ба хар 10 000 наф. ахоли 19,2 наф.), аз чумла Духтурони бехдоштшинос – 599 наф., Духтуроони оилави – 1221 наф., терапевтхо – 2226 наф., кардиологхо – 227 наф., чаррохони асаб – 1138 наф., анестезиологхо ва реаниматологхо – 615 наф. ва осебшиносон – 313 наф.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …