Главная / Маданият ва санъат / Достони «Комде ва Мадан»-и Бедили Деҳлавӣ

Достони «Комде ва Мадан»-и Бедили Деҳлавӣ

Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони асримиёнагист, ки қаҳрамонҳои марказии он – ошиқ ва маъшуқа намояндаи аҳли ҳунар, санъатанд. Ин достон мустақил ё ҷудогона набуда, дар дохили маснавии «Ирфон» ҷой дода шудааст. Аз сабаби он, ки соли таълифи «Ирфон» 1712 эътироф шудааст, пас санаи эҷоди «Комде ва Мадан» низ бояд ҳамон сол бошад. Достони «Комде ва Мадан» аз 900 байт иборат буда, 10 бобро фаро мегирад. Достон дар шакли маснавӣ буда, дар баҳри Хафифи махбуни аслам (баъзан аслами мусаббағ, махбуни маҳзуф, махбуни мақсур) таълиф шудааст.

oshiqАфоъили он чунин аст:

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун ё фаъилун

Мазмуни достони «Комде ва Мадан» чунин аст: Яке аз шоҳони номдори қаламрави Ҳиндустон дар ҳарамсарои хеш бо номи Комде раққосаи ҳунарманду хубрӯе доштааст. Комдеи соҳибҷамол бо ҳунари волои худ, ки дар базмҳои шоҳона барпо мешуд, ҳамаро мафтуну шайдо ва шефтаву ҳайратӣ менамудааст. Чунончи:

Базми шаҳ бе рухаш ҳузур надошт,

Бо ҳозирон чароғ нур надошт.

Овозаи ҷамоли зебо ва санъати волои Комде оламгир мешавад ва дар мулки Шимоли Ҳундустон санъатвари дигаре – Мадан ном зиндагию фаъолият менамуд, ки хунёгари бемонанд ва сарояндаи хушсавте буд. Мадан овозаи Комдеро шунида бо як илоҷе худро ба қаламрави Комде мерасонад. Мадан дар як базми шоҳ иштирок намуда, ҳунарнамоӣ мекунад ва ба ҳозирин ниҳоят писанд меафтад ва ҳунарнамоии Мадан шоҳро ба ҳадде мутаассир мекунад, ки шоҳ шаддаи марвориди гаронарзишеро ба Мадан ҳадя мекунад. Санъати Мадан Комдеро низ тасхир карда буд ва Мадан шаддаи ҳадяшударо ба Комде мебахшад.

Бедил лаҳзаи мазкурро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

К-он чи ман дорам аз сарафрозӣ,

Беҳ, ки халхоли39 пои худ созӣ.

Рафтори Мадан боиси ғазаб гирифтани шоҳ мешавад. Шоҳ амр мекунад, ки Мадан аз шаҳр бадарға карда шавад ва агар касе ба ӯ раҳмхориро раво бинад, ба қатл расонида мешавад. Комде бошад дар ҷазои Мадан худро сабабгор медонад ва аз ин рӯ, мехоҳад Маданро бубинад:

Комде ҳар тараф «Мадан»-гӯён,

Буд чун ашк аз қафо пӯён.

Кӯчаҳо дод чок бар ҷигараш,

То расонӣ хешро ба сараш.

Комде ба сифати ришва зару зевари зиёдеро сарф намуда, Маданро ба мӯҳлати як шаб халос менамояд ва ошиқро ба хонаи худ гирифта меорад. Онҳо дар якҷоягӣ аз гардиши айёму аз ноҷуриҳои рӯзгор шикваҳо мекунанд. Рӯзи дигар золимон онҳоро ҷудо намуда, Маданро ба биёбон бурда, дар он макон ӯро танҳо мегузоранд.

Дар ҳамон сӯҳбати якшаба Мадан ба Комде гуфта буд, ки дар кадом як гӯшаи мулки Шимол дарахти муқаддасест, ки инсонро ба мурод мерасонад. Яъне, агар касе он дарахтро пайдо намуда, каме дар сояи он нишинад, ба мурод хоҳад расид. Ба ҳамин мақсад, Мадан он дарахтро ҷӯён мешавад ва аз ҷумла мегӯяд:

Меравам, то ба он дарахт расам,

Шояд аз сояаш ба бахт расам.

Лаҳзаи хайрухуш Мадан ба Комде гуле тақдим намуда, таъкид мекунад, ки агар гулро хазон бинӣ, бидон ки ҳаёти ман дар хатар аст ва умрам ба поён расидааст. Агар гул пажмурда нашавад, маро чизе таҳдид намекунад.

Мадан он дарахтро пайдо карда дар сояи он муддате хоб меравад ва ҳар замон аз Комде ёд мекунад. Аз забони Мадан номи Комдеро ҳатто паррандагони биёбон низ ҳифз карда, онҳо «Комде»-наво мешаванд. Чунончи:

Ваҳшу тайри саводо он саҳро,

Баст минқору лаб зи савту наво,

Баски бо созиш ошно гаштанд,

Як қалам «Комде»-наво гаштанд.

Боре шоҳи мулки Шимол ҳангоми шикор гузораш ба ҷавони парешонҳоле меафтад, ки дар биёбон басо афсурдаву хиҷил аст. Шоҳ ҷавонро ҳолпурсӣ мекунад ва пас аз огоҳӣ ёфтан аз ҳоли хеле парешони Мадан, ба ӯ хоҳиши ёрӣ расондан пайдо мекунад. Зеро Мадан саргузашти пурмоҷарои худро ба самъи шоҳ мерасонад. Шоҳ аз шунидани ин хеле мутаассир гардида, мехоҳад ба ошиқон ёрӣ расонад. Шоҳи мулки Шимол ба шоҳи золим нома навишта, хоҳиш менамояд, ки барои ба мақсад расидани ошиқон мусоидат бикунад. Инчунин, боисрор таъкид ҳам мекунад, ки агар ба кори ошиқон монеъ шавад, он гоҳ бо ӯ ҷанг хоҳад кард. Вале подшоҳи золим хоҳиши шоҳи одилро рад мекунад. Ниҳоят, ҷанг сар мезанад ва дар ин ҷанг шоҳи одил пирӯз мешавад:

Хоки он бевафо ба хун тар шуд,

  • Халхол – ҳалқаи тилло ё нуқра, ки занон барои зинат ба пой мебанданд.

Подшоҳи Мадан музаффар шуд.

Мадан аз ғалабаи шоҳи одил шод гардида, наздик омадани висолро ҳис мекунад. Комде аз ҳолати гул қиёс мекунад, ки Мадан хушҳол бояд бошад. Аз ҳолати ошиқон шоҳи одил низ хурсанд гардида, мехоҳад иродаи Маданро бисанҷад. Ӯ тавассути суханчине ба Комде мерасонад, ки Мадан дар яке аз лаҳзаҳои ҷанг ҳалок шуд. Комде баробари шунидани ин хабар, аз ҳуш меравад ва шоҳ низ аз кори худ пушаймон мешавад. Зеро ҳамон шахс хабари ҳоли Комдеро ба шоҳи одил мерасонад. Ҳангоми ба шоҳ арз намудани саргузашти Комде, Мадан дар ҳузури шоҳ буд, хабар ёфта ӯ низ аз ҳуш меравад. Шоҳи одил аз ҳазли ноҷо худ пушаймон мегардад. Шоҳ амр мекунад, ки ҷасади ошиқонро ба гармоба гузоранд. Зер шоҳ бо табибон машварат намуда буд. Онҳоро ба гармоба мебаранд ва баъди бахудоӣ, онҳо ҳамдигарро дар канори якдигар пайдо намуда, хурсандӣ мекунанд ва ба ҳамин тариқ, ба мурод мерасанд.

Достон бо ҳамин хотима меёбад. Албатта, дар адабиёти тоҷик достонҳои ишқӣ-лирикӣ хеде зиёданд: «Варқа ва Гулшоҳ», «Вис ва Ромин», «Хусрав ва Ширин»-ҳо, «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо, «Фарҳод ва Ширин» ва ғайра. Вале дар асари Бедил тозакориҳо фаровон аст. Муҳим он аст, ки оптимизми бисёр қавӣ дорад. Зеро қаҳрамонҳои асосии он ба мақсад мерасанд.

Аз тарафи дигар, қаҳрамонҳои марказии достон намояндагони аҳли ҳунар мебошанд, ки ба ҷуз хунари хеш ва хизмат ба мардум, ба сиёсат ва низоъҳои дигар сару кор надоранд.

Дар ин асари Бедил шоҳи одил низ рафтори дигар дорад. Ӯ бисёр қатъӣ, ҷиддӣ ва дӯстдори ҳақиқату адолат аст. Агар ҷое ноадолатиеро бубинад, онро то ба охир месанҷад ва адолатро барқарору ҳақиқатро пойдор месозад.

Бедил исбот мекунад, ки зулм ва золимӣ бебақо ва сустпоя аст.

Образҳои асосии Достон

Дар достони «Комде ва Мадан» образҳои асосӣ ва лаҳзагӣ, мусбат ва манфӣ иштирок менамоянд. Образҳои марказии он: Комде, Мадан, шоҳи кишвари Комде, шоҳи мамлакати Шимол.

Ғоя ва ҳадафи эҷодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва Мадан» достони ишқист ва бо оптимизми бисёр қавӣ саршор аст. Ишқи дар ин асар рӯи тасвиромада дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат сахт ҳимоя карда мешавад. Ишқи ду дилдода пок, беолоиш, холӣ аз макру ҳилла, сидқӣ, софдилона ва самимӣ буда, ҳар ду дилдода ҳам муборизанд. Онҳо тарсу ҳарос аз шоҳу амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин, Комде ва ошиқи ӯ – Мадан намояндаи як табақаи иҷтимоиянд. Онҳо соҳибҳунаранд ва ҳунарашон онҳоро машҳур кардааст. На Комде ва на Мадан ҳариси молу чиз нестанд. Онҳо барои дороиву молу пул талош намеварзанд. Шоҳ ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан дар ҳузури шоҳ шаддаи марворидро нисори қудуми Комде намуд.

Аз тарафи дигар, бунёди ғоявии асарро адл ва адолатхоҳиву додгустарӣ фароҳам меорад. Албатта, адлу дод дар муқобили зулму бедодӣ меистод. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки адлу дод ҳимоя аст. Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи ноадолатиҳо ва истеъдодҳо шуд. Зеро зулм ва золимӣ бебақо буда, мағлубпазиранд ва адлу додгустарӣ бошад, шикастнопазир ва ҷовидонаанд. Бедил бо нишон додани ду шоҳ ва усули муносибати онҳо, ҳаминро таъкид карданӣ ҳаст, ки шоҳони ҷонибдори зулм роҳи хаторо интихоб кардаанд. Онҳо хатман шикаст мехуранд ва аз арсаи таърих мераванд. Онҳоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шоҳони одил таърихсозанд ва мамлакати онҳо дарозумру мардумонаш меҳнатқарин мебошанд. Тавассути эҷоди бадеъ сурат гирифтани образи шоҳи одил яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали адибони асримиёнагӣ низ ҳаст. Маҳз, ана ҳамин падидаи адабӣ ғояи шоҳи одилро тавлид карду адибон ба тарғиби он камар бастанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …