Главная / Илм / ДОРУХОИ ЗИДДИ УФУНАТ

ДОРУХОИ ЗИДДИ УФУНАТ

pantotsidДОРУХОИ ЗИДДИ УФУНАТ, моддахое, ки зидди микробу паразитхо таъсир мерасонанд. Ба онхо моддахои хлордор (хлорамин, пантотсид ва г.), йоддор (махлули спиртии йод, махлули Люгол, йодоформ ва г.), моддахое, ки оксиген чудо мекунанд (пероксиди гидроген, перманганати калий), баъзе кислотахои органики (борат, салитсилат ва г.) ва асосхо (содаи хурдани, спирти навшодир), пайвастхои симоб (сулема, мархамхои симоб ва г.), пайвастхои нукра (нитрати нукра, коларфол ва г.), суроб (атсетати сурб), алюминий (моеъи Буров), спирти этил, фенол, катрон, баъзе рангубор (этакридин, кабудии метилен, махлули сабз ва г.), инчунин антибиотикхо (грамисидин, мархами гентамитсин ва г.) мансубанд. Д.-ро барои безарар гардондани захм, пусти сухта ва харошхурда, инчунин барои табобати беморихои римноки пуст истифода мебаранд. Гилзати баланди баъзе Д.-ро бо максади пешгирии беморихои сирояти (барои дезинфексия), инчунин дар амалияи чаррохи (ниг. Антисептика, Асептика) кор мефармоянд.
Меъёри барои организми одам безарари баъзе Д. (мас., спирти этил, кислотахои атсетат, шир, сулфит, бензоати натрий) хангоми консервонии хуроквори кор фармуда мешавад. Дар ин маврид дорухо нафакат ба хифзи хуроквори мусоидат мекунанд, балки баъзан (мас., кислотаи атсетат) ба онхо таъму буи хуш низ медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …