Главная / Гуногун / ДИСКҲОИ КОМПЮТЕР

ДИСКҲОИ КОМПЮТЕР

Тавре ки аллакай медонем, дар компютерҳои IBM PC функсияҳои хотираи берунаро дискҳо ва дигар барандагони информатсия мебозанд. Онҳо асосан барои сабт намудан, аз як компютер ба компютери дигар кўчонидан ва дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани информатсияи лозимӣ, истифода бурда мешаванд. Масалан, винчестер, дискҳои магнитии андозаашон хурд (дискетҳо), дискҳои магнитооптикӣ, компактдискҳо, лентаҳои магнитӣ ва ғайра барандагони информатсия ба ҳисоб мераванд.

diskБарои ба воситаи дискҳо сабт намудан ё хондани иформатсия ғункунандаҳои магнитӣ хизмат мерасонанд, ки онҳоро дискдонҳо ҳам мегўянд. Одатан дискдонҳои дискетҳо, компактдискҳо ва винчестер дар блоки системавии компютер ҷойгир карда мешаванд. Дискетҳо ва компактдискҳо ба дискдонҳояшон озодона гузошта ва гирифта мешаванд. Вале азбаски винчестер дар охили блоки системавӣ васл карда шудааст, ин амалиётро бо он иҷро намудан ғайриимкон аст. Дискетҳо, вобаста аз диаметрашон, ба ду намуд ҷудо мешаванд: дискетҳои 5,25 дюймагӣ (133 мм) ва дискетҳои 3,5 дюймагӣ (89 мм).

Ҳаҷми дискетҳоро аз рўи миқдори информатсияе, ки онҳо ғунҷонида метавонанд, муайян менамоянд. Ҳаҷми дискет аз намуд ва зичии сабти он вобаста мебошад. Дискетҳо аз рўи зичиашон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: DD (Douӣle Densityзичиашон дучанда) ва HD (Hight Densityзичиашон баланд). Вобастагии байни намуд ва ғунҷоиши дискетҳо дар ҷадвали зерин нишон дода шудаанд: 

Намуди дискет ғунҷоиши дискет

5,25 дюйм 3,5 дюйм

DD 360 Кбайт 720 Кбайт

HD 1,2 Мбайт 1,44 Мбайт

Қайд намудан зарур аст, ки дар компютерҳои пешина дискдонҳои дискетҳои панҷдюймагӣ ва ҳам седюймагӣ истифода бурда мешуданд. Компютерҳои ҳозиразамон бе

дискдонҳои дискҳои панҷдюймагӣ истеҳсол карда мешаванд ва чунин дискетҳо ҳоло қариб дар фурўш нестанд. Аммо ҷои дискдонҳои ин дискетҳоро ҳоло дискдонҳои CDROM гирифтааст.

Ҳар як дискети седюймагӣ дар қисми болоии худ ишорати тирчаро дорад, ки он барои бехато ба дискдон гузоштани дискет хизмат мерасонад. Дар қисми поёнии дискет бошад, забончаи квадратии пластмассагие ҳаст, ки он барои аз сабткуниҳои тасодуфӣ эмин нигоҳ доштани дискет хизмат мерасонад. Ҳамин тариқ, барои информатсияи муҳимро аз нестшавӣ ҳимоя намудан, кифоя аст, ки забончаи дискетро кушода монем.

Дискетҳо бо қабати магнитӣ пўшонида шудаанд, бинобар ин сабт ва хондани информатсия дар онҳо аз рўи принсипи кори магнитафонҳо амалӣ мегардад.

 Агар дар лентаи магнитӣ овоз дар пайроҳаи махсус сар то сари лента сабт гардад, он гоҳ дар дискет пайроҳаҳо дар шакли давраҳои консентрикӣ ташкил карда шудаанд. Ҳар як пайроҳа ба секторҳо тақсим карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки информатсия дар диск дар намуди порсияҳо (қисм ба қисм) нигоҳ дошта шавад. Ҳар як пайроҳа ва ҳар як сектори пайроҳа рақами тартибии худро дорад. Масалан, дар дискети системавӣ, ки барои ба кор даровардани компютер пешбинӣ карда шудааст, сектори нолуми роҳрави рақами нолдошта программаи оғозкунандаи кори системаи операт- сиониро дар бар мегирад.

Агар дар дискет шумо информатсияро гаштаю баргашта якчанд маротиба сабт карда ва хонда тавонед, он гоҳ дар CD-ROM ин корро карда наметавонед. СD-ROM (Сompact Disk-Read Only Memoқy) – танҳо барои хондани информат- сияи дар диски CD маҳфузбуда пешбинӣ шудааст. Азбаски информатсия аз CDROM бо ёрии лазер хонда мешавад,

онро диски оптикӣ низ мегўянд. Ғунҷоиши ин дискҳо бениҳоят калон мебошад. Онҳо 640 Мбайт ва аз он ҳам зиёдтар информатсияро ғунҷонида метавонанд. Истеҳсоли CD-ROM бошад, бисёр ҳам осон аст. Аз ин рў, нархи онҳо рўз то рўз пасттар шуда истодааст. Ҳоло аксарият программаҳо, махсусан программаҳои калони комплексӣ, бозиҳои компютерӣ, энсиклопедияҳо ва ғайраҳо бо ёрии компактдискҳо паҳн карда мешаванд. Агар дар компютер картаҳои овозӣ ва тасвирӣ мавҷуд бошанд, он гоҳ бо ёрии аудиокомпактдискҳо мусиқиро шунидан ва бо истифодаи видеокомпактдискҳо видеофилмҳоро тамошо кардан мумкин аст.

Винчестер диски магнитии ҳаҷман хеле калон буда, барои нигоҳ доштани информатсия ва хондани онҳо истифода бурда мешавад. Винчестерро диски асосии (Haқd Disk) компютер ҳам мегўянд. Дар винчестер одатан программаҳои системаи оператсионӣ, пакети программаҳои зудзуд истифодашаванда, таҳриргарҳои матнҳо,

трансляторҳои забонҳои программасозӣ, таблитсаҳои электронӣ ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҳамаи таҷҳизоти нигоҳдорандаи информатсия, ба ғайр аз хотираи фаврӣ, винчестер имконияти зудтари дастрас намудани информатсияро таъмин мекунад. Одатан ин нишондиҳандаи винчестер ба 720 миллисония (мс) баробар аст. Суръати сабт ва хондани информатсия низ дар винчестер бисёр баланд аст (то 5 Мбайт/с).

Винчестер ном гирифтани ин диск ба номи аввалаи он 30/30 вобаста аст, ки он соли 1973 аз тарафи фирмаи IBM сохта шуда буд. Ин рақамҳо ба рақами калибри милтиқи автоматии машҳури фирмаи Winchesteқ мувофиқ омада буд.

Аз ҳамин сабаб ҳам, номи диск низ «Винчестер» шуда монд. Баъдтар ҳамаи дискҳои дигарро низ Винчестер ном мебурдагӣ шуданд. Дар як компютер аз як винчестер зиёдтар дискҳоро гузоштан мумкин аст. Ин бешубҳа зудкории компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонад. Винчестерҳо аз ҳамдигар аз рўи характеристикаи зеринашон фарқ мекунанд:

  • ғунҷоиш миқдори информатсияе, ки ғунҷонида метавонанд;
  • зудкорӣ вақти дастрас намудани информатсия ва суръати хондану сабти онҳо;
  • интерфейс намуди контроллёре, ки диск ба он пайваст карда шудааст (асосан IDE/EIDE ва вариантҳои гуногуни SCSI. Дар ин ҷо IDE – Integқated Device Electқonics, EIDE – Extended IDE, SCSI -Smoll Computer System Interface).

Ҳамин тавр, характеристикаи асосии винчестер ғунҷоиши он ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми винчестерҳои аввалин ба 5 Мбайт баробар буд. Қисми зиёди винчестерҳои компютерҳои ҳозира бошанд, аз 800 Мбайт то 30 Гбайт ғунҷоиш доранд. Имрўзҳо винчестерҳои то 500 Мбайт ҳаҷмдошта кўҳна ҳисоб шуда, дискҳои 210 Гбайт ба ҷумлаи молҳои серистеъмол дохил шудаанд. Ҳаҷми максималии винчестерҳо, ки интерфейси EIDE ва SCSI имконият медиҳанд, ба 9,1 Гбайт расонида шудааст. Вале истеҳсолкунандагони винчестерҳо моделҳои ғунҷоишашон 18 Гбайт ва аз он ҳам калонтарро тайёр карда истодаанд.

Барои дурусттар тасаввур карда тавонистани ҳаҷми дискҳо, фарз мекунем, ки дар як саҳифаи китоб ба ҳисоби миёна 2500 аломат меғунҷад. Он гоҳ диске, ки 1 Гбайт ҳаҷм дорад, метавонад китоби 400 000 саҳифадоштаро ғунҷонад. Суръати кори диск бо ду нишондиҳанда вақти дастраскунии информатсия ва суръати хондану сабти

маълумотҳо муайян карда мешавад. Винчестерҳои ҳозира метавонанд дар зарфи 1012 мс информатсияро дастрас гардонанд. Дискҳои боз ҳам зудкортар ин вақтро то ба 78 мс табдил додаанд. Суръати хондану сабти информатсия бошад, на танҳо аз худи диск, балки боз аз параметрҳои контроллёр, намуди шина, зудкории микропротсессор ва ғайраҳо вобаста аст. Суръати миёнаи сабту хондани винчестерҳои ҳозира ба 45 Мбайт/с баробар аст.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои дискҳо аз чӣ иборат аст?
  2. Кадом намудҳои дискҳои компютериро медонед?
  3. Барои чӣ диски асосии компютерро винчестер меноманд?
  4. Кадом ғунҷоишҳои дискетҳоро медонед?
  5. CD-ROM аз винчестер ва дискетҳо чӣ фарқ дорад?
  6. Характеристикаҳои винчестерҳо кадомҳоянд?
  7. Дискҳо аз рўи кадом нишондиҳандаҳояшон аз параметрҳои дигар таҷҳизоти компютер вобастагӣ доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи дискҳои компютерро дар шакли таблитса биёред ва характеристикаҳои онҳоро номбар кунед.
  3. Он диску дискдонҳои компютерро, ки дида метавонед, муоина намоед ва оиди функсияю характеристикаҳояшон маълумот диҳед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …