Главная / Гуногун / ДИСКХОИ КОМПЮТЕР

ДИСКХОИ КОМПЮТЕР

Тавре ки аллакай медонем, дар компютерхои IBM PC функсияхои хотираи берунаро дискхо ва дигар барандагони информатсия мебозанд. Онхо асосан барои сабт намудан, аз як компютер ба компютери дигар кучонидан ва дуру дароз ё муваккатан нигох доштани информатсияи лозими, истифода бурда мешаванд. Масалан, винчестер, дискхои магнитии андозаашон хурд (дискетхо), дискхои магнитооптики, компактдискхо, лентахои магнити ва гайра барандагони информатсия ба хисоб мераванд.

diskБарои ба воситаи дискхо сабт намудан ё хондани иформатсия гункунандахои магнити хизмат мерасонанд, ки онхоро дискдонхо хам мегуянд. Одатан дискдонхои дискетхо, компактдискхо ва винчестер дар блоки системавии компютер чойгир карда мешаванд. Дискетхо ва компактдискхо ба дискдонхояшон озодона гузошта ва гирифта мешаванд. Вале азбаски винчестер дар охили блоки системави васл карда шудааст, ин амалиётро бо он ичро намудан гайриимкон аст. Дискетхо, вобаста аз диаметрашон, ба ду намуд чудо мешаванд: дискетхои 5,25 дюймаги (133 мм) ва дискетхои 3,5 дюймаги (89 мм).

Хачми дискетхоро аз руи микдори информатсияе, ки онхо гунчонида метавонанд, муайян менамоянд. Хачми дискет аз намуд ва зичии сабти он вобаста мебошад. Дискетхо аз руи зичиашон ба ду гурух чудо мешаванд: DD (Douиle Densityзичиашон дучанда) ва HD (Hight Densityзичиашон баланд). Вобастагии байни намуд ва гунчоиши дискетхо дар чадвали зерин нишон дода шудаанд: 

Намуди дискет гунчоиши дискет

5,25 дюйм 3,5 дюйм

DD 360 Кбайт 720 Кбайт

HD 1,2 Мбайт 1,44 Мбайт

Кайд намудан зарур аст, ки дар компютерхои пешина дискдонхои дискетхои панчдюймаги ва хам седюймаги истифода бурда мешуданд. Компютерхои хозиразамон бе

дискдонхои дискхои панчдюймаги истехсол карда мешаванд ва чунин дискетхо холо кариб дар фуруш нестанд. Аммо чои дискдонхои ин дискетхоро холо дискдонхои CDROM гирифтааст.

Хар як дискети седюймаги дар кисми болоии худ ишорати тирчаро дорад, ки он барои бехато ба дискдон гузоштани дискет хизмат мерасонад. Дар кисми поёнии дискет бошад, забончаи квадратии пластмассагие хаст, ки он барои аз сабткунихои тасодуфи эмин нигох доштани дискет хизмат мерасонад. Хамин тарик, барои информатсияи мухимро аз нестшави химоя намудан, кифоя аст, ки забончаи дискетро кушода монем.

Дискетхо бо кабати магнити пушонида шудаанд, бинобар ин сабт ва хондани информатсия дар онхо аз руи принсипи кори магнитафонхо амали мегардад.

 Агар дар лентаи магнити овоз дар пайрохаи махсус сар то сари лента сабт гардад, он гох дар дискет пайрохахо дар шакли даврахои консентрики ташкил карда шудаанд. Хар як пайроха ба секторхо таксим карда шудааст. Ин имконият медихад, ки информатсия дар диск дар намуди порсияхо (кисм ба кисм) нигох дошта шавад. Хар як пайроха ва хар як сектори пайроха раками тартибии худро дорад. Масалан, дар дискети системави, ки барои ба кор даровардани компютер пешбини карда шудааст, сектори нолуми рохрави раками нолдошта программаи огозкунандаи кори системаи операт- сиониро дар бар мегирад.

Агар дар дискет шумо информатсияро гаштаю баргашта якчанд маротиба сабт карда ва хонда тавонед, он гох дар CD-ROM ин корро карда наметавонед. СD-ROM (Сompact Disk-Read Only Memoкy) – танхо барои хондани информат- сияи дар диски CD махфузбуда пешбини шудааст. Азбаски информатсия аз CDROM бо ёрии лазер хонда мешавад,

онро диски оптики низ мегуянд. Гунчоиши ин дискхо бенихоят калон мебошад. Онхо 640 Мбайт ва аз он хам зиёдтар информатсияро гунчонида метавонанд. Истехсоли CD-ROM бошад, бисёр хам осон аст. Аз ин ру, нархи онхо руз то руз пасттар шуда истодааст. Холо аксарият программахо, махсусан программахои калони комплекси, бозихои компютери, энсиклопедияхо ва гайрахо бо ёрии компактдискхо пахн карда мешаванд. Агар дар компютер картахои овози ва тасвири мавчуд бошанд, он гох бо ёрии аудиокомпактдискхо мусикиро шунидан ва бо истифодаи видеокомпактдискхо видеофилмхоро тамошо кардан мумкин аст.

Винчестер диски магнитии хачман хеле калон буда, барои нигох доштани информатсия ва хондани онхо истифода бурда мешавад. Винчестерро диски асосии (Haкd Disk) компютер хам мегуянд. Дар винчестер одатан программахои системаи оператсиони, пакети программахои зудзуд истифодашаванда, тахриргархои матнхо,

трансляторхои забонхои программасози, таблитсахои электрони ва гайрахо нигох дошта мешаванд. Аз хамаи тачхизоти нигохдорандаи информатсия, ба гайр аз хотираи фаври, винчестер имконияти зудтари дастрас намудани информатсияро таъмин мекунад. Одатан ин нишондихандаи винчестер ба 720 миллисония (мс) баробар аст. Суръати сабт ва хондани информатсия низ дар винчестер бисёр баланд аст (то 5 Мбайт/с).

Винчестер ном гирифтани ин диск ба номи аввалаи он 30/30 вобаста аст, ки он соли 1973 аз тарафи фирмаи IBM сохта шуда буд. Ин ракамхо ба раками калибри милтики автоматии машхури фирмаи Winchesteк мувофик омада буд.

Аз хамин сабаб хам, номи диск низ «Винчестер» шуда монд. Баъдтар хамаи дискхои дигарро низ Винчестер ном мебурдаги шуданд. Дар як компютер аз як винчестер зиёдтар дискхоро гузоштан мумкин аст. Ин бешубха зудкории компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонад. Винчестерхо аз хамдигар аз руи характеристикаи зеринашон фарк мекунанд:

  • гунчоиш микдори информатсияе, ки гунчонида метавонанд;
  • зудкори вакти дастрас намудани информатсия ва суръати хондану сабти онхо;
  • интерфейс намуди контроллёре, ки диск ба он пайваст карда шудааст (асосан IDE/EIDE ва вариантхои гуногуни SCSI. Дар ин чо IDE – Integкated Device Electкonics, EIDE – Extended IDE, SCSI -Smoll Computer System Interface).

Хамин тавр, характеристикаи асосии винчестер гунчоиши он ба хисоб меравад. Хачми винчестерхои аввалин ба 5 Мбайт баробар буд. Кисми зиёди винчестерхои компютерхои хозира бошанд, аз 800 Мбайт то 30 Гбайт гунчоиш доранд. Имрузхо винчестерхои то 500 Мбайт хачмдошта кухна хисоб шуда, дискхои 210 Гбайт ба чумлаи молхои серистеъмол дохил шудаанд. Хачми максималии винчестерхо, ки интерфейси EIDE ва SCSI имконият медиханд, ба 9,1 Гбайт расонида шудааст. Вале истехсолкунандагони винчестерхо моделхои гунчоишашон 18 Гбайт ва аз он хам калонтарро тайёр карда истодаанд.

Барои дурусттар тасаввур карда тавонистани хачми дискхо, фарз мекунем, ки дар як сахифаи китоб ба хисоби миёна 2500 аломат мегунчад. Он гох диске, ки 1 Гбайт хачм дорад, метавонад китоби 400 000 сахифадоштаро гунчонад. Суръати кори диск бо ду нишондиханда вакти дастраскунии информатсия ва суръати хондану сабти

маълумотхо муайян карда мешавад. Винчестерхои хозира метавонанд дар зарфи 1012 мс информатсияро дастрас гардонанд. Дискхои боз хам зудкортар ин вактро то ба 78 мс табдил додаанд. Суръати хондану сабти информатсия бошад, на танхо аз худи диск, балки боз аз параметрхои контроллёр, намуди шина, зудкории микропротсессор ва гайрахо вобаста аст. Суръати миёнаи сабту хондани винчестерхои хозира ба 45 Мбайт/с баробар аст.

Саволхо:

  1. Вазифахои дискхо аз чи иборат аст?
  2. Кадом намудхои дискхои компютериро медонед?
  3. Барои чи диски асосии компютерро винчестер меноманд?
  4. Кадом гунчоишхои дискетхоро медонед?
  5. CD-ROM аз винчестер ва дискетхо чи фарк дорад?
  6. Характеристикахои винчестерхо кадомхоянд?
  7. Дискхо аз руи кадом нишондихандахояшон аз параметрхои дигар тачхизоти компютер вобастаги доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Номи дискхои компютерро дар шакли таблитса биёред ва характеристикахои онхоро номбар кунед.
  3. Он диску дискдонхои компютерро, ки дида метавонед, муоина намоед ва оиди функсияю характеристикахояшон маълумот дихед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ishqi-behamto

Дуои эчоди мухаббати байни зану шавхар

Осонтарин нусха барои эчоди мухаббати байни зану шавхар ин аст, ки хар яке аз он …