Главная / Илм / ДЕГАЗАТСИЯ

ДЕГАЗАТСИЯ

degazatsiyaДЕГАЗАТСИЯ (Degasati; аз де … ва франс. gaz – газ), безарар гардонидан ё бартараф кардани моддахои захрогин (МЗ) аз махалхои захролудшуда. Д.-ро бо максади зиён нарасидан ба одамон амали мегардонанд. Махал, сохтмон, хаво, об, хуроквори, сару либос ва хамаи ашёи захролуд Д. карда мешаванд.
Бо максади Д. аз усулхои механики, химияви ё физикию химияви истифода мекунанд. Мас., бо оби гарму собун шустани МЗ, кор фармудани маводи шустани (сода, хокистар) ва халкунандахо (бензин, карасин, атсетон ва г.), хамчунин истифодаи филтрхо (моддахои захриро чаббида мегиранд) рохи механикии Д. хисоб меёбад. Дар рафти он таркиби МЗ вайрон намешавад.
Дар аснои ба кор бурдани усулхои химияви маводи безараргардон бо МЗ ба реаксияи химияви даромада, дар натича моддахои камзахр ё безахр хосил мекунанд. Охаки хлорнок, намаки гипохлорити калтсий, дихлораминхо, махлулхои ишкор ва г. аз хамин кабил мебошанд. Усули химиявии Д. хеле маъмул аст.
Барои рафъи МЗ-и мавзеи захролуд бугро ба кор мебаранд ё он чоро месузонанд (усули физикии Д.). Д. табии низ мешавад. Он дар натичаи батадрич бухор гардидани МЗ аз махалли захролуд ё таъсири мутакобили МЗ ва рутубати хаво ба вучуд меояд. Дар ин сурат мухлати таъсири МЗ метавонад ба фасли сол, обу хаво, ашёи захролуд ва диг. омилхо вобастаги дошта бошад. Мас., дар гармои тобистон аз мавзеъе, ки бо газхои иприт ва люизит захролуд гаштааст, метавон баъди 10 – 12 соат бе васоити мухофиз гузашт, вале зимистон таъсири МЗ то об шудани барфхо боки мемонад. Агар дар шароити хона васоити безараргардонии махсус набошад, пас хавои бино тоза карда шуда, бисоти хонаро пок мекунанд, ашёро мечушонанд, бо собун, бензин, карасин мешуянд; хамчун воситаи Д. махлули сода (мас., содаи хурдани) ва хокистарро низ истифода бурдан мумкин аст. Хавои бинохоеро, ки дар маркази сирояти химияви мондаанд, факат баъди Д.-и махал ва хамаи объектхое, ки дар худуди он вокеанд, тоза мекунанд.
Мебел бо латтае, ки дар махлули хокаи либосшуи, собун ва бензин тар карда шудааст, тоза карда мешавад. Фарши хонаро бо махлули 2 – 3-фоизаи сода ё махлули 5-фоизаи хокистар мешуянд. Захролудии обу гизои дар истифодаи шахси бударо, одатан, намесанчанд. Оберо, ки дар зарфхои кушода (чалак, дегчаи сирдор, сатил) нигох дошта шудааст, мепартоянд; оби кубурро баъди огох кардани ахоли бидуни софкории химияви истифода бурдан мумкин аст. Чох ва обанборхои хурдеро, ки дар минтакаи захролуд чойгиранд, Д. бояд кард. Д.-ро, одатан, кисмхои махсуси мудофиаи граждани ба амал мебароранд. Хуроки дар зарфи бесарпуш бударо мепартоянд. Гизо ё оберо, ки дар зарфхои сирдори сарпушида нигох доштаанд, кабл аз истеъмол бояд 30 дак. чушонид. Гизои тайёри когазпеч, мас., нон, хар гуна хасиб ва г.-ро танхо баъди хуб шамол додан истеъмол мекунанд. Дар акси хол хамаи махсулоти гизои партофта мешавад. Хамчунин гушт, ярма, макарон, биринч ва диг. озукавориро факат баъди безарар гардондан ба хурок меандозанд. Равгани шиша ва консервхоро баъди Д.-и беруни зарфхо истеъмол мекунанд. Либос дар махлули 2-фоизаи сода 30 дак. чушонида мешавад.
Дар вакти Д. бояд противогаз, комбинезону дастпушаки резини ва пешдомани клёнкаги пушанд. Д. чузъи ва кулли мешавад. Д.-и чузъи фавран баъди хучуми химияви танхо дар он махалле, ки одамон сару кор доранд, гузаронда мешавад; онро, одатан, худи одамони зарардида мегузаронанд (пакети шахсии зидди химиявиро истифода мебаранд). Д.-и кулли бо максади пурра безарар гардонидани махал ва одамон анчом мепазирад. Барои ичрои Д.-и чузъи кисмхои мудофиаи граждани чалб карда мешаванд. Шахсоне, ки бо Д. машгуланд, бояд либоси мухофиз пушанд, баъди хотима ёфтани он хатман аз назорати санитари гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …