Главная / Илм / ДАВОХОИ ТАБИи

ДАВОХОИ ТАБИи

davohoi-tabiiДАВОХОИ ТАБИи, дорухои биогени, васоити давоие, ки аз ашёи наботи, хайвони ва маъдани тахия карда мешаванд. Д. т. дорои моддахои фаъоли биологи мебошанд, ки ба раванди мубодилаи моддахо, илтихоб, аксуламалхои иммунологи ва г. таъсири мусбат мерасонанд. Баъзе Д. т.-е, ки ба мубодилаи моддахо ва раванди тачдиди бофтахо таквият мебахшанд, ба гурухи махсус (ангезахои биогени) дохил карда мешаванд.
Ба давохои асосии биологи сабр, апилак, биосед, гумизол, талха, комбутек, пелоидин, пелоидодистиллат, пирогенал, плазмол, продигиозан, прополис ва г. мансубанд.
Сабр (алое) растании хамешасабз буда, баргхои гафси сероб дорад. Аз барг ва шохчахои он дорухои гуногун тахия карда мешаванд.
Линименти сабр (Linimentum Aloës) барои муоличаи сухтаги ва пешгирию табобати бемории шуоъи истифода мегардад. Дар шишачахои рангашон норанчи (30 – 50 г) истехсол карда, дар чои торик (харор. то 10°) нигох медоранд. Ба ях бастани он рох додан лозим нест.
Шираи сабр (Succus Aloës) – ро барои табобати захмхои римдор, сухтаги, беморихои илтихобии пуст ва ярахои гози (трофики) кор мефармоянд. Онро бо максади табобати гастрит, энтероколит ва кабзият рузе 2 – 3 маротиба 1 кошукчаги (20 – 30 дак. пеш аз хурок) истеъмол мекунанд. Даври муолича 15 – 30 руз аст. Дар шишачахо (100 мл) истехсол карда мешавад. Дар чои салкин ва торик нигох доштан лозим аст.
Чавхари моеъи сабр барои тазрик (Extractum Aloës fluidum pro injectionibus) аз баргхои консервонида (баргхое, ки дар чои салкин ва торик нигох дошта шудаанд), тару тоза ва хушки сабр тайёр карда мешавад. Дар мавриди баъзе беморихои чашм (наздикбини, блефарит ва г.), захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, зики нафас ва г. кор мефармоянд. Дору хар руз як маротиба ба зери пуст фиристода мешавад (1 мл). Даври муолича аз 30 – 50 тазрик иборат аст. Баъди 2 – 3 мох муоличаро метавон такрор намуд. Истифодаи давои мазкур хангоми беморихои вазнини дилу рагхо, хомилаги, ихтилоли шадиди меъдаю рудахо чоиз нест. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мекунанд. Дар чои торик нигох доштан лозим аст. Барои истеъмол кардан (рузе 3 маротиба 1 кошукчаги) чавхари моеъи сабр истифода мешавад.
Курси сабр (Tabulettae Aloës obductae) бо парда фаро гирифта шудааст; аз 0,05 г хокаи барги сабр таркиб ёфтааст. Барои табобати комплексии наздикбини истифода мебаранд. Рузе 3 – 4 маротиба 1 курси (15 – 20 дак. пеш аз хурок) таъин карда мешавад. Даври муолича 1 мох аст. Баъди 3 – 6 мох муоличаро давом медиханд.
Апилак (Apilacum) моддаи хушки шири модарзанбур аст. Хангоми гипотрофия ва беиштихоии кудакони ширмак кор фармуда мешавад. Дар одамони калон онро барои муоличаи гипотензияи шараёни, ихтилоли тагзия (дар одамоне, ки аз бистари бемори хестаанд), ихтилоли асабия ва хосил шудани шир, себореяи пусти руй таъин мекунанд (навзодон – 0,0025 г, кудакони аз 1-сола боло – 0,005 г шамъчаи он; рузе 3 маротиба). Даври муолича 7 – 15 руз аст. Одамони калон онро ба зери забон мегузоранд (0,01 г рузе 3 маротиба). Хангоми зиёд будани хассосият нисбати дору бехоби рух менамояд (аз истифодаи он худдори бояд кард). Дар шакли курс (9,01 г), шамъча ва мархами 3%-а истехсол карда мешавад. Дар чои хушк ва торик (t 12 – 15°) нигох доштан лозим аст.
Биосед (Biosedum) чавхари обист, ки аз растании оилаи Sedum ба даст меоранд. Барои табобати сухтаги, тира шудани карния, иридосиклити осеби, пародонтоз, шикастагии устухон, яраи трофикии дасту по, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта истифода мешавад. Ба зери пуст ё ба мушак мефиристанд (1 – 2 мл; дар як руз то 3 – 4 мл). Даври муолича аз 20 – 30 (то 45) тазрик иборат аст. Ба зери конъюнктива низ фиристода мешавад; дар шакли чакрадору барои чашм кор мефармоянд. Барои одамони гирифтори ахилия ва омосхои саратони зарар дорад. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол карда мешавад.
Гумизол (Humisolum) махлули 0,01%-и кислотаи гумини; аз лойкаи шифобахши бахр истехсол карда мешавад. Таркибаш аз хлориди натрий иборат аст. Барои табобати радикулити музмин, плексит, невралгия, артрити тарбоди, артроз, илтихоби гуш ва чавфи бини, фарингити музмин, пародонтоз истифода мебаранд. Ба мушак (рузе 1 – 2 мл) фиристода мешавад (20 – 30 руз); бо рохи электрофорез низ кор мефармоянд. Истифодаи он хангоми нукси дил, ишемияи дил, сил, беморихои чигар ва гурдахо чоиз нест. Дар шакли ампула (2 ва 10 мл) истехсол карда мешавад.
Талхаи тибби (Chole conservata medicata), билиарин, аз талхаи гов ё хук истехсол мешавад. Дар мавриди артроз, артрит, бурсит, спондилоартроз ва радикулит хамчун давои рафъи дард, илтихоб ва чаббанда кор мефармоянд. Дар шакли рифода (компресс) таъин карда мешавад. Пеш аз истифода онро афшондан лозим аст. Хангоми беморихои илтихоби ва римноки пуст, лимфангит, лимфаденит зарар дорад. Дар шишачахо (50, 100 ва 250 мл) ба фуруш бароварда мешавад. Онро дар чои торик ва салкин нигох медоранд.
Комбутек (Combutecum) аз нарпай ё порахои пусти гов ба даст меоранд. Аз лавхачахои зардчаи масомадор (гафсиашон 6 – 10 мм) иборат аст. Дар об хал намешавад. Комбутек раванди гушт гирифтани захм ва сабзиши бофтахоро метезонад, зардоби яраро мечаббад. Дар мавриди сухтагии дарачаи II ва IIIа, захмхои гози (трофики), ба аутопластика омода кардани захмхо истифода мебаранд. Лавхачаи доруро бевосита ба руи захм гузошта, бо дока мебанданд. Андозаи лавхачахо 10 × 15, 30 × 35 ё 30 × 70 мм аст (дар халтачахои хавоногузар чой дода шудаанд). Дар чои хушк ва торик нигох медоранд.
Пелоидин (Peloidinum) чавхарест, ки аз лойкаи шифобахш мегиранд. Бо максади табобати захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, гастрит ва колит рузе 2 маротиба 40 – 50 мл истеъмол мекунанд (1 – 2 соат пеш аз хурок ё баъди он). Кабл аз истифода гарм кардан лозим аст. Хангоми колит бо он хукна мекунанд (100 мл). Дар мавриди амрози узвхои таносули занхо бо усули электрофорез кор фармуда мешавад. Дар шишачахо (500 мл) ба фуруш мебароранд.
Пелоидодистиллат барои тазрик (Peloidodestillatum) аз лойкаи лиманхо ба даст оварда мешавад. Барои табобати блефарит, конъюнктивит, кератит, тира шудани чисми шишашакл, инчунин артритхо, радикулит, миалгия кор мефармоянд. Рузе як маротиба ба зери пуст (1 мл) мефиристанд (30 – 35 руз). Хангоми бемории гипертония, нукси дил, беморихои шадиди меъдаю руда, нефритхо, хомилаги зарар дорад. Дар шакли ампулахо (1 мл) истехсол карда мешавад. Дар чои торик нигох медоранд.
Пирогенал (Pyrogenalum) мачмуи липополисахариди буда, дар раванди хаёти микроорганизмхо, мас., Pseudomonas aeruginosa хосил мешавад. Фаъолияти доруро бо рохи биологи муайян мекунанд. Дору боиси баланд шудани харор. бадан гашта, иммунитетро меангезад, нуфузпазирии бофтахоро таквият медихад, раванди шифоёбиро бехтар менамояд. Онро барои муоличаи осебхои гуногун, сухтаги, амрози силсилаи асабхои маркази ва канори, беморихои сирояти, аллерги (мас., зики нафас), псориаз, дерматитхо кор мефармоянд. Рузе 1 маротиба ба мушак фиристода мешавад (бо фосилаи 1 – 3 руз). Хамон вояеро мукаррар мекунанд, ки харор. баданро баланд (то 37,5 – 38°) бардорад. Дар мавриди зиёд шудани вояи дору табларза, сардард, кай, дарди банду бугумхо рух менамояд. Хангоми хомилаги зарар дорад. Ба одамони гирифтори диабети канди ва бемории гипертония онро эхтиёткорона ва бо вояи кам таъин мекунанд. Дар чои торик (t 2 – 10°) нигох доштан лозим аст.
Плазмол (Plasmolum) аз хуни одам ба даст оварда мешавад. Хангоми невралгия, неврит, радикулит ва диг. амрози силсилаи асабхои канори, хамчунин дар мавриди захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, зики нафас, артритхо кор мефармоянд. Хар руз ё руздармиён ба зери пуст (1 мл) мефиристанд. Даври муолича аз 10 тазрик иборат аст. Дар чои торик (t то 15°) нигох медоранд.
Продигиозан (Prodigiosanum) мачмуи липополисахариди буда, аз Bac. prodigiosum чудо карда мешавад. Хангоми беморихое, ки иммунитетро паст мекунанд, истифода мегардад. Муоличаи махсусро иваз накунад хам, самараи табобатро меафзояд. Продигиозанро ба мушак (0,5 – 0,6 мл махлули 0,005%) мефиристанд (бо фосилаи 4 – 7 руз); баъзан вояи доруро то 1 – 2 мл (махлули 0,005%) зиёд мекунанд. Барои кудакон низ махлули 0,005%-и онро таъин менамояд (0,1 – 0,2 мл). Дар мавриди осеби силсилаи марказии асаб ва сил зиён дорад. Дар шакли ампула (1 мл махлули 0,005%) истехсол карда мешавад. Дар чои торик (t 4 – 8°) нигох доштан лозим аст.
Пропер-мил (Proper-myl) мачмуи занбуругхои сахаромисети. Барои муоличаи беморони гирифтори тасаллуби мунташир (склероз) истифода мебаранд. Ба варид фиристода мешавад. Дар огози бемори 0,1 мл кор мефармоянд. Сипас хар руз вояи онро 0,1 мл зиёд мекунанд. Дар мавриди барои организм хушпазир будан, аз рузхои 8 – 10-ум сар карда хар руз вояи доруро 0,2 мл меафзоянд ва ба 2,5 – 3 мл мерасонанд. Даври муолича 30 – 40 руз аст. Баъди 3 – 4 мох табобатро метавон идома дод.
Прополис (Propolis)-ро занбури асал хосил мекунад. Моддаи часпаки зифтмонанд аст (ниг. Прополис).
Раверон (Raveron) чавхарест, ки аз гадуди простатаи чонварони болиг гирифта мешавад. Гормонхои андрогени, эстрогени ва сафедахои он чудо карда шудаанд. Дар давраи аввали аденомаи гадуди простата ва простатити номахсуси музмин кор мефармоянд. Хангоми аденомаи гадуди простата истифода бурдани он маънои аз чаррохи худдори карданро надорад. Онро ба мушак рузи 1-ум 0,3 мл, рузи 2-юм 0,5 мл, рузхои минбаъда 1 мл-и хар руз ё 2 мл-и руздармиён (4 – 6 хафта) мефиристанд. Дар мавриди ба мушохида расидани нишонахои аллергия истифодаи доруро катъ кардан лозим аст. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мешавад.
Румалон (Rumalonum) доруест, ки аз чавхари тагояк ва магзи устухони чавонахо иборат мебошад. Барои муоличаи амрози бандхо кор мефармоянд (артроз, спондилёз). Рузи аввал ба мушак 0,3 мл, баъди ду руз – 0,5 мл, баъд 1 мл-и хафтае 3 маротиба мефиристанд. Даври муолича 5 – 6 хафта аст. Самараи табобат баъди 2 – 3 хафта маълум мегардад. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мекунанд.
Шираи каланхоэ (Succus Kalanchoёs) аз барг ва шохчахои тару тозаи каланхоэ гирифта мешавад. Хосияти зиддиилтихоби дорад. Захм ва яраро тоза карда, онхоро зуд ба хам меорад. Барои муоличаи захмхои гуногун кор мефармоянд. Онро хамчунин дар мавриди гингивит, пародонтоз, стоматит, кафидани пистон, эрозияи гарданаи бачадон ва г. таъин мекунанд. Дар шакли ампула (10 мл) ва дар шишачахо (100 мл) ба фуруш мебароранд. Кабл аз истифода 30 дак. дар шароити хона нигох дошта мешавад.
Солкосерил (Solcoseryl) чавхари хуни гов мебошад, ки аз сафеда тоза карда шудааст. Хангоми захмхои трофикии соки по, гангрена, сухтаги, ярахое, ки баъди шуоъшифои ба вучуд омадаанд, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта кор мефармоянд. Ба мушак ва вена мефиристанд, ба пуст мемоланд. Дар шакли ампула (2 мл) ва саночак (20 г) истехсол карда мешавад.
Спленин (Spleninum) доруи бесафеда буда, аз сипурзи гов хосил мекунанд. Барои муоличаи токсикозхои нимаи аввали хомилаги истифода мебаранд. Ба мушак (рузе 2 мл) фиристода мешавад (10 – 15 руз). Баъзан онро барои табобати гипопаратиреоз низ кор мефармоянд (1 – 3 мл-и рузе 1 – 2 маротиба). Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мешавад.
Чисми шишашакл (Corpus vitreum) доруест, ки аз чисми шишашакли чашми чорво гирифта мешавад. Хамчун давои рафъи дард хангоми невралгия, неврит, радикулит ва диг. амрози силсилаи асаб, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, зики нафас таъин мекунанд. Рузе як маротиба ба зери пуст (1 мл) фиристода мешавад (8 – 10 руз). Хангоми беморихои сирояти, логари, нефрит, сиррози чигар, нукси дил, омосхои саратони зиён дорад. Дар шакли ампула (2 мл) истехсол мекунанд.
Торфот (Torfotum) давоест, ки аз торф мегиранд. Дорои ангезахои биогени аст. Барои табобати блефарит, конъюнктивит, кератит, тира шудани чисми шишашакл, хамчунин артритхо, радикулит, миалгия, илтихоби аъзои таносули занхо таъин мекунанд. Рузе як маротиба ба зери пуст фиристода мешавад (1 мл; 30 – 45 руз); ба зери конъюнктива руздармиён 0,2 мл равон мекунанд (як даври муолича аз 15 – 20 тазрик иборат аст). Хангоми нукси дилу рагхо, хомилаги, ихтилоли шадиди меъдаю руда зиён дорад. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол карда мешавад.
ФиБС (FiBS pro injectionibus) махлули обии ангезахои биогени буда, аз лойкаи лиман ба даст меоранд. Нишондодхои он барои истифода мисли торфот мебошанд. Рузе як маротиба ба зери пуст (1 мл) мефиристанд (20 – 25 руз). Дар шакли ампула (1 мл) истехсол карда мешавад.
Хонсурид (Chonsuridum) доруест, ки аз тагояки гиалинии хирнойи гов ба даст меоранд. Бо максади зуд гушт гирифтани захму ярахо кор мефармоянд. Кабл аз истифода дар махлули новокаин ё махлули изотонии хлориди натрий хал карда мешавад. Сипас онро ба дока гирифта руи захму яра мегузоранд (баъди хар 2 – 3 руз як маротиба). Дар аснои газак доштани захм кор фармудан чоиз нест. Дар шишачахо (0,05 г хока) ба фуруш бароварда мешавад.
Чавхари хамрохак (Extractum placentae pro injectionibus) чавхари оби аз хамрохаки дар хунуки нигохдоштаи одам. Хамчун ангезаи биогени хангоми миопия, кератит, тирагии карния, беморихои музмини аъзои таносули занхо, миалгия, артрит, радикулит ва г. таъин мекунанд. Рузе як маротиба (1 мл) ё руздармиён ба зери пуст равон карда мешавад. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мекунанд.

Б. О. Ишонкулова.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …