Главная / Гуногун / ДАР ШИДДАТИ САХТКӮШИИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ДАР ИБОДАТ ВА САБАБИ ШАБЗИНДАДОРИҲОИ ЭШОН

ДАР ШИДДАТИ САХТКӮШИИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ДАР ИБОДАТ ВА САБАБИ ШАБЗИНДАДОРИҲОИ ЭШОН

Ҳазрати қутбулавлиё ва Имоми Ҳумом Абӯҳанифа разиаллоҳ, яке аз парҳезгортарин, пурзӯду тақводортарин, Худотарстарин ва обидтарин инсони аҳди хеш будаанд, ки нисфи зиёди умри хешро дар роҳи ибодат ва шабзиндадорӣ, яъне, бандагии Худоро ба ҷой овардан, сарф ва вақф намудаанд,

«Заҳабӣ (р) мегӯяд: Қиёми шаб таҳаҷҷӯду таъаббуд (бандагӣ, парастиш ва ибодат)-и Имом Абӯҳанифа (р) мутавотир ва забонзади хосу ом буд, аз ин ҷиҳат ӯро мехи маҳкаму устувор, дар қиёми шаб меноманд».

Ба тавотир, қотеъ нақл шуда аст, ки Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) раҳматуллоҳ чиҳил сол намози субҳро бо вузӯ (таҳорат)-и ъишо (хуфтан) хондаанд ва дар ҳар шаб кулли Қуръонро дар ду ракаъат тиловат мекардаанд, то бадонҷо, ки ҳамсоягони эшонро бар эшон дил месӯхт.

Ва низ ба субут расида аст, ки эшон дар ҳамон ҷое, ки дар он ҷо вафот ёфтанд, ҳафт ҳазор бор Қуръонро хатм намуда буданд (ки ба дурустии ин чаҳор ҳазор тан аз шогирдони Имом Абӯҳанифа (р) шаҳодат додаанд, аз ҷумла фарзандашон Имом Ҳаммод (р); шогирдонашон Имом Абӯюсуф (р), Имом Муҳаммад (р), Абуллоҳ ибни Муборак (р), Абӯмутеъи Балхӣ ва дигарон-С.Б.Б)…

Марде назди Ибни Муборак (р) забон ба бадгӯии эшон гушуд, пас Ибни Муборак (р) гуфт: «-Вой бар ту! Оё забон ба бӯҳтони марде мегушоӣ, ки чиҳилу панҷ соли тамом, панҷ вақт намозро бар як вузӯъ мехонд ва Қуръонро дар як ракаъат хатм мекард ва ончи аз фиқҳ, ки назди ман аст, аз вай омӯхтаам?!»

Ва Абӯмутеъи Балхӣ (шогирди ихлосманди Имоми Аъзам раҳматуллоҳ) мегӯяд: «-Дар ҳеҷ соате аз шаб, ба тавофи Каъба дохил нашудам, магар инки Абӯҳанифа (р) ва Сӯфён (р)-ро дар тавофҷо дидам».

Ва он гоҳ, ки Ҳасан Ибни Амора (р) пайкари шарифи вай (Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳматуллоҳ)-ро ғусл медод, чунин гуфт: «Худо туро раҳмат кунад ва бар ту биёмӯрзад, си сол аст, ки ҳаргиз рӯзро ифтор накардӣ ва пайваста рӯзадор будӣ, бешак ояндагонро аз расидан ба мақоми хеш дармонда кардӣ ва қориёнро расво сохтӣ». 62-73-74.

Ва сабаби шабзиндадории эшон он буд, ки рӯзе, аз марде шуниданд (Имоми Аъзам раҳатуллоҳ), ки барои дигаре мегуфт: – Ин ҳамон Абӯҳанифа аст, ки ҳаргиз хоб намешавад. Пас Имом Абӯҳанифа (р) ба Абӯюсуфи Яъқуб, ки ҳамроҳи эшон буд, фармуданд:

«-Субҳоналлоҳ! Оё намебинӣ, ки Худои таъоло ситоиши моро бар ин кор бар сари забонҳо андохт, пас оё зишт нест, ки Ӯ таъоло (ҷалла ҷалолаҳу) хилофи ин ситоишро аз мо бубинад? Ба Худо савганд, ки мардум маро ба чизе, ки дар ман набошад, ситоиш нахоҳанд кард!» 62-74.

Ва ҳам аз он ҳангом буд, ки тамоми шабро бо намозу тавбаву тазарруъ ва дуо зинда медошт. Абӯюсуф (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳар шабонарӯзӣ, як хатми Қуръон мекард, аммо дар Рамазон ва рӯзи Ид, маҷмӯан шасту ду хатми пурраи Қуръон мекард. Имом Абӯҳанифа (р) саховатманду ҷавод ва бар фарогирии илму маърифат сабуру ҳавсаламанд буд, дар баробари айбҷӯиҳое, ки аз вай мекарданд, бисёр мутаҳаммил (тааммулкунанда) ва бурдбор ва аз хашму ғазаб бар канор буд, бист соли тамом шогирд будам, ки ӯ намози субҳро бо вузӯи аввали шаб мехонд ва касоне, ки қабл аз мо мусоҳиб (ҳамсӯҳбат)-и вай буданд, ҳикоят мекарданд, ки чиҳил сол аст, ки бар ин сифат аст».

Мусаъар (р) мегӯяд: «-Ӯро дидам, ки намози субҳ (Фаҷр)-ро мехонад, сипас, ба маҷлиси тадриси илм барменишинад, то инки намози Зӯҳр (пешин)-ро мехонад, сипас ба маҷлиси илм барменишинад ва чун намози Асрро мехонад, боз то наздики шом (Мағриб), ба маҷлиси тадрис менишинад ва боз чун намози Мағрибро мехонад, то намози Ъишо ба маҷлиси илм менишинад, пас бо худ мегуфтам, ин мард чи вақт барои ибодат фориғ мешавад,?

Лизо тасмим гирифтам,  то ӯро бипоям ва мавозибати вай намоям, ҳамон буд, ки чун мардум ором гирифтанд ва ба хоб андар шуданд, дидам, ки ба масҷид бар омад, поку муаттар ва саршори бӯи мушку анбар, гӯё инки арӯсе аст зебо, пас чун мехе маҳкам ва устувор, то бомдод дар намоз истода буд ва чун бомдод тулӯъ кард, ба хона бар омад ва ҷомаашро пӯшид ва барои адои намози субҳ берун шуд ва пас аз намоз, дар маҷлиси дарс барнишаст, ва боз чун рӯзи қабл, тамоми рӯзро то посе аз шаб, дар маҷлиси тадрис нишаста буд, пас бо худ гуфтам: – Имшаб, дигар ҳатман ин мард ором мегирад ва истироҳат мекунад, ба Худо, то ӯро напоям  ва мавозибати вай нанамоям!  Пас  чун  мардум  ором гирифтанд аз хона баромад ва ҳамон кард, ки шаби қабл карда буд  ва чун бомдод шуд, ҳамон кард, ки дар ду рӯзи қабл карда буд, то инки чун намози ъишоро хонд, гуфтам: – Имшаби дигар ин мард хастагии ду шаби қаблро аз тан берун хоҳад кард ва ором хоҳад гирифт, ба Худо то ӯро напоям, ки бубинам чи мекунад! Пас ҳамон кард, ки дар шабҳои қабл карда буд, дар ин ҳангом бо худ гуфтам: – То бимирам, ё ӯ қабл аз ман бимирад, мулозими вай мегардам! Ҳамон буд, ки дигар мулозиму ҳалқабагӯши остони мубораки вай гардидам, пас на ӯро дар рӯз ифторкунанда ёфтам ва на дар шаб хоб шаванда ва фақат қабл аз Зӯҳр чурт (хоби сабук,  ғанаб рафтан,  пинакӣ рафтан)-е мезад ва лаҳазоте андак,  ба хоби сабуке мерафт…».

Ва Мусаъар (р) ҳам, ки аз авлиёи муслими Ҳақ буд, дар ҳоли суҷуд, дар маҷлиси ҷомеъи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) даргузашт,

Ва Шарик (р) мегӯяд: «-Бо Имом Абӯҳанифа (р) як сол ҳамроҳ ва мулозим будам,  пас надидам,  ки паҳлӯяшро бар болин ниҳода бошад».

Ва аз Хориҷа (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Чаҳор тан Қуръони каримро дар дохили Каъба, дар як ракаъат хатм намудаанд, ки Имом Абӯҳанифа (р) яке аз онон аст».

Ва аз Фазл ибни Дакин (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Ҷамоате аз тобиъин ва ғайри эшон, аз асҳоби зӯҳд ва ибодатро дидаам, аммо ҳеҷ қасро накӯнамозтар, аз Абӯҳанифа надидаам, ва чунон буд, ки қабл аз дохил шудан дар намоз мегирист, ва дуо мекард ва ҳар касе, ки вайро дар ин ҳолат медид, бе ихтиёр мегуфт: – Ба Худо ӯ худотарс аст! Ва ман чун ӯро медидам, гӯё инки мушкии кӯҳнаеро медидам, аз бас, ки дар ибодат риёзат мекашид ва бар нафс мубориза мебурд».

Ва як шаби тамом, дар қироати хеш ояи шарифи: «Балис-соату мавъидуҳум вас-соату адҳо ва амарра» (Яъне: – Балки мавъидашон Қиёмат аст ва қиёмат басо сахттару талхтар аст)-ро такрор мекард ва шӯридаҳолу ошуфта аз ҳавли қиёмат, дар ин ояи муборака боқӣ монд ва тавонист, аз он бигзарад».

«Ва шабе, дигар, дар намози хеш Қуръон мехонду мехонд то, ки ба ояи муборакаи: «Фаманналлоҳу ъалайно ва вақийно ъазобас-сумум» (Яъне: – Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби гарм-маргбор ҳифз кард) – расид, пас пайваста онро то азони субҳ такрор мекард.

Ва хидматгузори вай гуфт: «-Аз ҳамон вақте, ки Имом Абӯҳанифа (р)-ро шинохтам, як шаб ҳам надидам, ки бар рӯи болин дароз бикашад. Балки хобаш дар тобистон, дар миёни Зӯҳр ва Аср ва бар зимистон, дар аввали шаб ва дар ҳуҷраи хоси масҷидаш буд»

Ибни Абӯраввод мегӯяд: «-Дар Маккаи мукаррама бар тавофу намоз ва фатво собиртар аз вай касе надидаам, ӯ дар тамоми тӯли шабу рӯз, дар талаби охират ва наҷоти хеш буд ва даҳ шабу рӯз, ба тамом мушоҳидаи вай мекардам, пас надидам, ки дар шаб бихобад, ё соате аз рӯзро ором гирад, балки пайваста машғули тавофу намоз ва таълими илм буд».

Баъзе аз тазкиранигорон ҳикоят мекунанд, ки чун Имом Абӯҳанифа (р) ба «Ҳаҷҷатулвадоъ»-и хеш рафт, нисфи молашро ба пардадорони Каъба дод, то ба вай иҷозат диҳанд, ки дар дохили хонаи Каъбаи мушаррафа намоз бигзорад, пас нисфи Қуръонро истода, бар як пояш хонд, ва сипас нисфи дигарро истода, бар пои дигараш ва он гоҳ бо Парвардигори хеш муноҷот намуда гуфт:

«- Ё Раб ъарафатака ҳаққа маърифатака ва мо абдатика ҳаққа ибодатика, фа-ҳабли нуқсонал хадаматал-камолал маърифата». Яъне: «-Эй Парвардигорам! Туро шинохтам он чунон, ки бояд мешинохтам, аммо ибодаи Туро накардам он тавр, ки сазовори ибодати Ту аст, пас нуқсони хидматро, ба ҷиҳати камолоти маърифат бар ман бубахш»). Ин буд, ки аз зовияи Каъба нидо расид, ки («-Ъарафата фа-аҳсанат ва ахласат ал-хадамат ғафарано лака ва-ламан кона ъало мазҳабика ило қиёмассоати». Яъне: «-Шинохтӣ ва некӯ шинохтӣ ва хидмате холисона кардӣ, бар ту ва бар ононе, ки то рӯзи Қиёмат бар мазҳабат ҳастанд, омӯрзидам»).

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …