Главная / Гуногун / ДАР ШИДДАТИ САХТКУШИИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ДАР ИБОДАТ ВА САБАБИ ШАБЗИНДАДОРИХОИ ЭШОН

ДАР ШИДДАТИ САХТКУШИИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ДАР ИБОДАТ ВА САБАБИ ШАБЗИНДАДОРИХОИ ЭШОН

Хазрати кутбулавлиё ва Имоми Хумом Абуханифа разиаллох, яке аз пархезгортарин, пурзуду такводортарин, Худотарстарин ва обидтарин инсони ахди хеш будаанд, ки нисфи зиёди умри хешро дар рохи ибодат ва шабзиндадори, яъне, бандагии Худоро ба чой овардан, сарф ва вакф намудаанд,

«Захаби (р) мегуяд: Киёми шаб тахаччуду таъаббуд (бандаги, парастиш ва ибодат)-и Имом Абуханифа (р) мутавотир ва забонзади хосу ом буд, аз ин чихат уро мехи махкаму устувор, дар киёми шаб меноманд».

Ба тавотир, котеъ накл шуда аст, ки Имоми Аъзам (Абуханифа) рахматуллох чихил сол намози субхро бо вузу (тахорат)-и ъишо (хуфтан) хондаанд ва дар хар шаб кулли Куръонро дар ду ракаъат тиловат мекардаанд, то бадончо, ки хамсоягони эшонро бар эшон дил месухт.

Ва низ ба субут расида аст, ки эшон дар хамон чое, ки дар он чо вафот ёфтанд, хафт хазор бор Куръонро хатм намуда буданд (ки ба дурустии ин чахор хазор тан аз шогирдони Имом Абуханифа (р) шаходат додаанд, аз чумла фарзандашон Имом Хаммод (р); шогирдонашон Имом Абуюсуф (р), Имом Мухаммад (р), Абуллох ибни Муборак (р), Абумутеъи Балхи ва дигарон-С.Б.Б)…

Марде назди Ибни Муборак (р) забон ба бадгуии эшон гушуд, пас Ибни Муборак (р) гуфт: «-Вой бар ту! Оё забон ба бухтони марде мегушои, ки чихилу панч соли тамом, панч вакт намозро бар як вузуъ мехонд ва Куръонро дар як ракаъат хатм мекард ва ончи аз фикх, ки назди ман аст, аз вай омухтаам?!»

Ва Абумутеъи Балхи (шогирди ихлосманди Имоми Аъзам рахматуллох) мегуяд: «-Дар хеч соате аз шаб, ба тавофи Каъба дохил нашудам, магар инки Абуханифа (р) ва Суфён (р)-ро дар тавофчо дидам».

Ва он гох, ки Хасан Ибни Амора (р) пайкари шарифи вай (Имоми Аъзам Абуханифа рахматуллох)-ро гусл медод, чунин гуфт: «Худо туро рахмат кунад ва бар ту биёмурзад, си сол аст, ки харгиз рузро ифтор накарди ва пайваста рузадор буди, бешак ояндагонро аз расидан ба макоми хеш дармонда карди ва кориёнро расво сохти». 62-73-74.

Ва сабаби шабзиндадории эшон он буд, ки рузе, аз марде шуниданд (Имоми Аъзам рахатуллох), ки барои дигаре мегуфт: – Ин хамон Абуханифа аст, ки харгиз хоб намешавад. Пас Имом Абуханифа (р) ба Абуюсуфи Яъкуб, ки хамрохи эшон буд, фармуданд:

«-Субхоналлох! Оё намебини, ки Худои таъоло ситоиши моро бар ин кор бар сари забонхо андохт, пас оё зишт нест, ки У таъоло (чалла чалолаху) хилофи ин ситоишро аз мо бубинад? Ба Худо савганд, ки мардум маро ба чизе, ки дар ман набошад, ситоиш нахоханд кард!» 62-74.

Ва хам аз он хангом буд, ки тамоми шабро бо намозу тавбаву тазарруъ ва дуо зинда медошт. Абуюсуф (р) мегуяд: «-Имом Абуханифа (р) дар хар шабонарузи, як хатми Куръон мекард, аммо дар Рамазон ва рузи Ид, мачмуан шасту ду хатми пурраи Куръон мекард. Имом Абуханифа (р) саховатманду чавод ва бар фарогирии илму маърифат сабуру хавсаламанд буд, дар баробари айбчуихое, ки аз вай мекарданд, бисёр мутахаммил (тааммулкунанда) ва бурдбор ва аз хашму газаб бар канор буд, бист соли тамом шогирд будам, ки у намози субхро бо вузуи аввали шаб мехонд ва касоне, ки кабл аз мо мусохиб (хамсухбат)-и вай буданд, хикоят мекарданд, ки чихил сол аст, ки бар ин сифат аст».

Мусаъар (р) мегуяд: «-Уро дидам, ки намози субх (Фачр)-ро мехонад, сипас, ба мачлиси тадриси илм барменишинад, то инки намози Зухр (пешин)-ро мехонад, сипас ба мачлиси илм барменишинад ва чун намози Асрро мехонад, боз то наздики шом (Магриб), ба мачлиси тадрис менишинад ва боз чун намози Магрибро мехонад, то намози Ъишо ба мачлиси илм менишинад, пас бо худ мегуфтам, ин мард чи вакт барои ибодат фориг мешавад,?

Лизо тасмим гирифтам,  то уро бипоям ва мавозибати вай намоям, хамон буд, ки чун мардум ором гирифтанд ва ба хоб андар шуданд, дидам, ки ба масчид бар омад, поку муаттар ва саршори буи мушку анбар, гуё инки арусе аст зебо, пас чун мехе махкам ва устувор, то бомдод дар намоз истода буд ва чун бомдод тулуъ кард, ба хона бар омад ва чомаашро пушид ва барои адои намози субх берун шуд ва пас аз намоз, дар мачлиси дарс барнишаст, ва боз чун рузи кабл, тамоми рузро то посе аз шаб, дар мачлиси тадрис нишаста буд, пас бо худ гуфтам: – Имшаб, дигар хатман ин мард ором мегирад ва истирохат мекунад, ба Худо, то уро напоям  ва мавозибати вай нанамоям!  Пас  чун  мардум  ором гирифтанд аз хона баромад ва хамон кард, ки шаби кабл карда буд  ва чун бомдод шуд, хамон кард, ки дар ду рузи кабл карда буд, то инки чун намози ъишоро хонд, гуфтам: – Имшаби дигар ин мард хастагии ду шаби каблро аз тан берун хохад кард ва ором хохад гирифт, ба Худо то уро напоям, ки бубинам чи мекунад! Пас хамон кард, ки дар шабхои кабл карда буд, дар ин хангом бо худ гуфтам: – То бимирам, ё у кабл аз ман бимирад, мулозими вай мегардам! Хамон буд, ки дигар мулозиму халкабагуши остони мубораки вай гардидам, пас на уро дар руз ифторкунанда ёфтам ва на дар шаб хоб шаванда ва факат кабл аз Зухр чурт (хоби сабук,  ганаб рафтан,  пинаки рафтан)-е мезад ва лахазоте андак,  ба хоби сабуке мерафт…».

Ва Мусаъар (р) хам, ки аз авлиёи муслими Хак буд, дар холи сучуд, дар мачлиси чомеъи Имоми Аъзам Абуханифа (р) даргузашт,

Ва Шарик (р) мегуяд: «-Бо Имом Абуханифа (р) як сол хамрох ва мулозим будам,  пас надидам,  ки пахлуяшро бар болин нихода бошад».

Ва аз Хорича (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Чахор тан Куръони каримро дар дохили Каъба, дар як ракаъат хатм намудаанд, ки Имом Абуханифа (р) яке аз онон аст».

Ва аз Фазл ибни Дакин (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Чамоате аз тобиъин ва гайри эшон, аз асхоби зухд ва ибодатро дидаам, аммо хеч касро накунамозтар, аз Абуханифа надидаам, ва чунон буд, ки кабл аз дохил шудан дар намоз мегирист, ва дуо мекард ва хар касе, ки вайро дар ин холат медид, бе ихтиёр мегуфт: – Ба Худо у худотарс аст! Ва ман чун уро медидам, гуё инки мушкии кухнаеро медидам, аз бас, ки дар ибодат риёзат мекашид ва бар нафс мубориза мебурд».

Ва як шаби тамом, дар кироати хеш ояи шарифи: «Балис-соату мавъидухум вас-соату адхо ва амарра» (Яъне: – Балки мавъидашон Киёмат аст ва киёмат басо сахттару талхтар аст)-ро такрор мекард ва шуридахолу ошуфта аз хавли киёмат, дар ин ояи муборака боки монд ва тавонист, аз он бигзарад».

«Ва шабе, дигар, дар намози хеш Куръон мехонду мехонд то, ки ба ояи муборакаи: «Фаманналлоху ъалайно ва вакийно ъазобас-сумум» (Яъне: – Пас Худо бар мо миннат ниход ва моро аз азоби гарм-маргбор хифз кард) – расид, пас пайваста онро то азони субх такрор мекард.

Ва хидматгузори вай гуфт: «-Аз хамон вакте, ки Имом Абуханифа (р)-ро шинохтам, як шаб хам надидам, ки бар руи болин дароз бикашад. Балки хобаш дар тобистон, дар миёни Зухр ва Аср ва бар зимистон, дар аввали шаб ва дар хучраи хоси масчидаш буд»

Ибни Абураввод мегуяд: «-Дар Маккаи мукаррама бар тавофу намоз ва фатво собиртар аз вай касе надидаам, у дар тамоми тули шабу руз, дар талаби охират ва начоти хеш буд ва дах шабу руз, ба тамом мушохидаи вай мекардам, пас надидам, ки дар шаб бихобад, ё соате аз рузро ором гирад, балки пайваста машгули тавофу намоз ва таълими илм буд».

Баъзе аз тазкиранигорон хикоят мекунанд, ки чун Имом Абуханифа (р) ба «Хаччатулвадоъ»-и хеш рафт, нисфи молашро ба пардадорони Каъба дод, то ба вай ичозат диханд, ки дар дохили хонаи Каъбаи мушаррафа намоз бигзорад, пас нисфи Куръонро истода, бар як пояш хонд, ва сипас нисфи дигарро истода, бар пои дигараш ва он гох бо Парвардигори хеш муночот намуда гуфт:

«- Ё Раб ъарафатака хакка маърифатака ва мо абдатика хакка ибодатика, фа-хабли нуксонал хадаматал-камолал маърифата». Яъне: «-Эй Парвардигорам! Туро шинохтам он чунон, ки бояд мешинохтам, аммо ибодаи Туро накардам он тавр, ки сазовори ибодати Ту аст, пас нуксони хидматро, ба чихати камолоти маърифат бар ман бубахш»). Ин буд, ки аз зовияи Каъба нидо расид, ки («-Ъарафата фа-ахсанат ва ахласат ал-хадамат гафарано лака ва-ламан кона ъало мазхабика ило киёмассоати». Яъне: «-Шинохти ва неку шинохти ва хидмате холисона карди, бар ту ва бар ононе, ки то рузи Киёмат бар мазхабат хастанд, омурзидам»).

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …