Главная / Гуногун / Дар гулўи Подшоҳ устухон руст мекунад

Дар гулўи Подшоҳ устухон руст мекунад

Подшоҳеро дар гулўяш устухон банд мемонад. Ҳеҷ табибе ўро наҷот дода наметавонад. Абўалиро меоранд. Абўалӣ подшоҳро дида мегўяд:

shoh

 – Роҳи табобати шумо ҳамин, ки писаратонро мекушему барои шумо дору тайёр мекунем.

Подшоҳ аввал розӣ намешавад, вале баъди фикри дуру дароз ноилоҷ розӣ мешавад. Абўалӣ писари подшоҳро дар назди падараш дасту по баста мехобонад ва корди қассобӣ ба даст мегирад.

Подшоҳ ин манзараро дида рўй ба тарафи дигар мегардонад ва Абўалӣ гўсфанди пешакӣ таъинкардаашро дар ҳамин лаҳза сар мебурад ва подшоҳ фишшаси хунрезии гўсфандро шунида оҳу фиғони сахте мекашад ва аз аҳасти пурдарди ў устухон аз гулўяш хато  шуда, ба берун меафтад. Аз ҷояш подшоҳ мехезад ва Абўалӣ  зуд писари соқу саломаташро ба ў нишон медиҳаду подшоҳ ба табибии Абўалӣ аҳсан мехонад ва ўро инъоми зиёд медиҳад.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …