Главная / Илм / ДАНДОН

ДАНДОН

zubДАНДОН (Dens, odontos), узвест барои газидан ва хоидани гизо. Д.-хо инчунин дар талаффузи баъзе овозхо иштирок мекунанд. Хайвонот Д.-ро гайр аз хоидан, барои мухофизат, хамла ва сайд низ истифода мебаранд.
Дар чараёни тахаввул Д. ба туфайли тагйироти пулакчахое, ки тани хайвоноти обии мухрадорро руйпуш мекарданд, ба вучуд омадааст. Д.-и мохихо конусшакл буда, Д.-и пеш, ашк ва курсии ширхурон нисбатан калонтаранд. Д.-хои пеши хайвоноти хоянда, Д.-хои ашки хайвоноти вахши, Д.-хои курсии хайвоноти алафхур хуб инкишоф ёфтаанд. Д.-и ашки баъзе чонварон нишонаи фарккунандаи чинси аст. Мас., Д.-и хук, морж ва фили нар барчаста ва калон мешавад. Микдор ва шакли Д.-и маймунхои одамшакл ба Д.-и одам монанд аст.
Дар чоги болою поёни одам Д.-хо нимдоира чойгир шудаанд. Хам катори болои ва хам катори поёни 16-тои Д. дорад: 4 дандони пеш, 2 дандони ашк, 4 дандони курсии хурд ва 6 дандони курсии калон. Д.-и курсии сеюмро Д.-и акл низ меноманд. Он аз хама дертар (дар синни 16 – ¬ 25 – солаги) мебарояд. Д.-и пеш ва ашк яктоги, Д.-и курси ду-сетоги реша дорад. Муносибати катори Д.-хои болои ва поёниро хангоми озод газидан (яъне васли чоги болою поён), хобиши дандонхо ё окклюзия меноманд.
Д.-и одам ду хел мешавад: Д.-и шир ва Д.-и доими. Д.- хои шир дар тифл инкишоф ёфта, дар синни навраси (13 – 14 – солаги) ба Д.-хои доими иваз мешаванд. Д.-и шир ба Д.-и доими монанд, аммо хачман хурду решааш кутох аст. Чоги болою поён 10-тои Д.-и шир доранд: 4 дандони пеш, 2 дандони ашк ва 4 дандони курси. Аз 6 то 14-солаги як кисм Д.-хои шир якчоя бо Д.-хои доими вазифаи худро муштарак ичро мекунанд. Дертар, тадричан тамоми Д.-хои шир бо Д.-хои доими иваз мешавад. Дар ин муддат чоги боло ва поён инкишофи худро идома медихад; Д.-и курсии доими бори аввал дар 6-солаги инкишоф меёбад.
Рушди дандон дар давраи пайдоиши чанин дар батни модар (дар хафтаи 6 – 7 – уми хомилаги) огоз ёфта, минбаъд то синни 18 – 20 -солаги ба анчом мерасад. Чанини Д.-хои доимии пеш, ашк, курсии хурд дар мохи 5-уми хамл пайдо мешавад. Чанини Д.-хои доимии боки дар миёнаи соли аввали таваллуди кудак (Д.-и курсии калон), дар 4 – 5 -солаги бошад, чанини Д.-и курсии калон (аз он чумла Д.-и акл) ба вучуд меояд.
Барои рушди Д.-и кудак тагзияи мураттаби модар (хамчунин кудаки ширмак) мухим аст. Истеъмоли бенизоми гизо, беморихои музмин, , норасоии витаминхо намакхои минерали ва микроэлементхо (калтсий, фосфор ва г.) дар гизои модар, кудак ва бачагони хурдсол боиси ихтилоли ташаккули бофтахои сахт ва осебхои дигари Д. мешаванд.
Сохти дандон. Хар як Д. гилофак, гардана ва реша дорад. Гилофаки Д. дар ковокии дахон намоён аст. Гардана (кисми бориктари Д.) бо милк пушида шудааст. Решаи Д. дар лоначаи дандон чойгир мешавад. Аз сурохии охири реша ба чуяки реша ва ковокии Д. рагу асабхо дохил шуда, магз (пулпа)-и Д.-ро хосил мекунанд. Д. аз бофтахои сахт иборат буда, чисми асосии онро дентин ташкил медихад. Руи гилофаки Д. бо мино (сири дандон) ва решаю гардана бо семент пушида шудааст. Сири Д. аз бофтахои нихоят сахт иборат буда, дар таркибаш такр. 96% моддахои гайриорганики, дентин бошад, такр. 72% моддахои минерали дорад. Микдори минералхо дар таркиби Д.-и доими нисбат ба Д.-и шир хеле зиёд аст.
Баровардани дандон. Д.-хои шир ва доими мувофики синну сол пай дар пай мебароянд: Д.-хои пеши чоги поён ва чоги боло дар 6 – 8-мохаги; Д.-и ашки поён ва боло дар 8 – 12-мохаги; Д.-и курсии шир дар 12 – 16 – мохаги; Д.-и ашк дар 16 – 20-мохаги; Д.-и курсии калон дар 20 – 30-мохаги. Дар интихои дусолаги хамаи 20 Д.-хои шир мебароянд. Баровардани Д. ходисаи физиологи буда, одатан, боиси бемории кудак намешавад. Баъзан айёми дандонбарори мумкин харорати бадани кудакон баланд шуда, ихрочи зиёди оби дахон (аз сабаби ангезиши гадудхои оби дахон), хориши милк, ком ва ворахо, бетокати, майли газидани кошук, гирди пиёла ва дигар чизхо зохир гардад. Ин нишонахои умуми ба огози беморихои гуногуни бачагона низ хос мебошанд. Дар чунин мавридхо бояд ба духтури дандон мурочиат намуд.
Баъди баромадани Д.-и доими решахои Д.-и шир тадричан нест мешаванд. Инкишофи решаи Д.-и пеш, курсии хурд, курсихои калони бокимонда дар 10 – 16-солаги ба анчом мерасад. Гилофак, гардана ва решаи Д.-хое, ки аз инкишоф мондаанд, пусида (кариес) нест мешаванд.
Вазифаи дандонхо. Д.-хо дар хазми аввали гизо (бо туфайли хоида майда кардани гизо ва бо шираи гадудхои дахон, ки ферменти амилаза дорад, омехтани он) иштирок мекунанд. Он барои хазми гизо дар меъда хеле зарур аст. Хангоми иллати Д.-хо ва кисман ё пурра набудани онхо хазми гизо халал ёфта, боиси беморихои узвхои дохили мегардад.
Бемори ва осебхои дандон. Ихтилоли рушди Д.-хо, ки онро аномалия меноманд, гуногун аст: нокисии косметики (шакли нодуруст, тагйироти хачм ва ранги Д.); берабтии хоиш (аз сабаби набудани ин ё он дандон, нодурустии чуфтгирии дандонхо, набаромадани дандон дар мухлати мукаррари, инкишоф наёфтани дандони ашк ва курсихои калону хурд), таъсири хомилаги (хангоми пайдоиши чанинхои Д.); фосилаи аз хадди мукаррари зиёди байни Д.-хои пеш (диастема), куша баромадани Д., аз худуди ворахои чоги боло ё поён ба тарафи пеш ё кафо баромадани Д. ва г.
Ба дер ва ё барвакт баромадани Д.-хо иллати узвхои даруни (беморихои рудаю меъда, варами шуш, рахит ва г.) сабаб шуда метавонад. Агар дар чараёни пайдоишу инкишофи чанини Д. дар организми кудак мубодилаи моддахо халал ёбад, пас бофтахои сахти Д. аз инкишоф мемонанд. Чунин нукси инкишофи Д.-ро гипоплазия меноманд. Он бештар дар Д.-хои пеш ва курсии калони доими падид меояд. Азбаски сири Д.-хои гирифтори гипоплазия, одатан, хеле тунук аст, сатхи нохамвори он догхои кахваранг пайдо мекунад. Ин кабил Д.-хо дард накунанд хам, бештар мепусанд. Барои табобати гипоплазия ба духтури стоматолог мурочиат намудан лозим аст.
Шикастан, кафидан ва бечо шудани Д.-хо сабабхои гуногун доранд. Д.-хои осебёфта сахт дард мекунанд, ворахо варамида хуншор мешаванд. Ин хама ёрии таъчилии стоматологиро талаб мекунад. Одатхои зарарнок (газидани калам, бо дандон кандани ришта, шикастани писта, донак, чормагз ва г.) сабабгори осеби Д. ва нукси косметикии Д.-и пеш мешаванд. Д.-и осебёфта тадричан ба кариес дучор омада, ворахо ва пардахои луобии чавфи дахон илтихоб пайдо мекунанд.
Дар коргарони муассисахои химияви ва баъзе лабораторияхо зери таъсири кислотаю ишкор, хамчунин дуру дароз истифода бурдани кислотаи хлорид, ки хангоми бемории гастрит таъин карда мешавад, ранги сири Д. тагйир меёбад; онхо дог пайдо карда, ба таъсири хунуки ва сарди хассос мегарданд. Чунин ашхосро зарур аст, ки хатман ба стоматолог мурочиат намоянд.
Беморихои дандон. Кариес маъмултарин иллати Д. буда, дар натичаи ихтилоли кори узвхои даруни, тагзияи номураттаб (мас., фаровонии ширини ва баръакс, камии сафеда дар таркиби гизо, истеъмоли ками махсулоти шири, нарасидани микроэлементхо ва г.) ва риоя накардани коидахои бехдошти Д. ба вучуд меояд. Ба пайдоиши иллати Д.-хо тахнишастхои нарм (моддахое, ки дар гарданаю гилофаки Д. тахшон шудаанд) мусоидат мекунанд. Агар ба Д.-хо ба таври бояду шояд нигохубин накунанд, тахнишастхои нарм ба санги дандон мубаддал гашта, боиси илтихоби ворахо (ниг. Стоматит) мегарданд. Кариеси Д. сари вакт табобат карда нашавад, тадричан пулпит (илтихоби магзи дандон) инкишоф меёбад. Мумкин аст оризаи дигар – периодонтит хам ба вучуд ояд ва Д. окибат нобуд шавад. Хам Д.-хои доими ва хам Д.-хои шири гирифтори кариес мешаванд, вале Д.-хои шир зудтар осеб мебинанд. Илтихоби бофтахои атрофи Д.-и шир ба чанини Д.-хои доими зарар мерасонад. Агар Д.-и шир ба баромадани Д. – и доими халал ворид созад, пас бояд ба духтури стоматолог мурочиат кард. Кандани Д.-и доими барои организми одам бефарк нест. Аз ин ру духтур чунин Д.-ро факат хамон вакт меканад, ки агар тадбирхои дигари табобати нафъ набахшанд ё гилофаки Д. то дарачае вайрон шудааст, ки илочи протез кардан нест. Баъди кандани Д., чои осебдидаи чог ва решахои он (дандонхона)-ро тадричан бофтахо пур мекунанд. Дертар ин бофтахо хал шуда, сабабгори ноустувории решаи Д.-хои хамшафат мегарданд.
Д. боз чунин иллатхо дорад: флюороз (сабаби он зиёдии фтор дар оби баъзе мавзеъхо аст), хурдашавии Д.-хо, нодуруст будани хобиши дандонхо, хассосияти аз эътидол зиёди бофтахои сахти Д.
Хангоми флюороз организми одам аз микдори зиёди фтор (дар таркиби оби нушоки мавчуд аст) захролуд ва мубодилаи моддахо берабт шуда, кабл аз хама Д.-хо осеб меёбанд. Дар аснои флюороз сири дандон чигарранг гашта, кирраю сатхи он хурда мешавад. Бо максади пешгирии флюороз муассисахои санитарию эпидемиологи тадбирхои зарури (аз об дур кардани фтор) меандешанд, Д.-и кудаконро табобат мекунанд.
Д.-хои баъзе чавонон (20 – 25-сола) тезтар хурда мешаванд. Сабаби ин асосан нодурустии чуфтгирии дандонхо мебошад. Дар ин маврид духтур тавре табобат мекунад, ки нукси чуфтгирии дандонхо рафъ гардад. Агар лозим шавад, шакли Д.-хои фитшударо тавассути коронка баркарор менамоянд.
Нигохубини дандон. Ба Д.-хо тавассути чуткаи дандон, хока, хамира ва махлулхои махсус (барои чайкондани дахон) нигохубин мекунанд. Чутка якчоя бо хока ё хамирахо барои аз бокимондаи моддахои гизои ва тахшони намакхои минерали тоза кардани Д. хизмат мекунад. Барои ин аз чуткахои дурушт, нарм ва махсус (мувофики тавсияи духтур) истифода мебаранд. Мухлати истифодаи чуткахо 4 мох аст. Чутка барои хар кас бояд алохида бошад. Онро баъди истифода тоза шуста ва собун зада дар ягон зарф нигох медоранд. Пеш аз истифода собуни онро тоза мешуянд. Барои онхое, ки дар гарданаи Д.-ашон санг пайдо шудааст, хокахои дорои глитсерофосфат («Жемчуг») ё бикарбонати натрий («Особий») тавсия мешавад.
Хамирахои дандоншуии «Colgate», «Prezident», «Radonta», «Colgate Total»,«Blend-a-med», «Nassim», «Mexidol», «Blanx» ва г. Д.-хоро хеле хуб тоза мекунанд. Хамирахоеро, ки дар таркибашон фтор доранд, факат бо маслихати духтур истифода мебаранд. Баъзе хамирахои дандоншуии маъмул, мас., «Поморин», метавонад боиси ангезиши ворахо, хуншори аз милки дандон, аллергия шаванд. Аз ин сабаб пеш аз истифодаи онхо бо духтури стоматолог маслихат бояд кард.
Иксирхои Д. дар мавриде истифода мешаванд, ки нигохубини Д. бо воситахои маъмул имконнопазир бошад (беморихои пардахои луобии дахон, иллатхои Д. баъди чаррохи ва г.). Иксирхои Д. низ хосияти безарарсози, рафъи буй ва солимгардонии Д.-ро доранд.
Одатхои зарарноки тоза кардани Д. бо сузан, чуби дурушт, ишкор, кислотахо ва диг. моддахои химияви сабабгори осеб ёфтани он мегарданд. Агар хангоми тоза кардани Д. дард ва ё дигар аломатхои илтихоб пайдо шаванд, ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Коидаи истифодаи чуткахои дандоншуи чунин аст: пасу пеш ва пахлуи Д.-хоро бо харакати амудии чутка, кисми болоии гилофаки Д. ва Д.-хои курсиро бошад, бо харакати уфуки тоза мекунанд. Д.-хоро дар давоми 1– 3 дакика мешуянд ва бо оби соф мечайконанд. Пагохи онхоро бо хока ё хамира, бегохи ё пеш аз хоб бошад, бо як худи чутка тоза мекунанд. Ба бачагон шустани Д.-ро аз 2 – 3 -солаги меомузонанд. Бо ин максад дар богчахои бачагон ва синфхои ибтидоии мактаб оид ба нигохубини Д. машгулиятхо гузаронда мешаванд.
Барои онхое, ки Д.-ашон иллат ёфтааст ва ё стоматит (илтихоби луобпардаи дахон) доранд, тавсияхои нигохубини Д.-ро духтури стоматолог медихад. Барои аз бокимондаи хурок тоза кардани Д. дандонхилоли чубин ё пластмассиро истифода мебаранд.
Риояи коидахои нигохубини Д., табобати саривактии дарди он ва амрози узвхои дохили, мураттабии гизои занони хомила ва тифли ширмак бехтарин омили солимии Д. мебошанд. Барои пешгирии иллатхои Д. хар кас бояд соле ду маротиба аз муоинаи духтури стоматолог гузарад ва тавсияхои уро пурра ичро кунад.
КЛ
Расми 1. Дандонхои доимии чоги боло ва луобпардаи ком (намуд аз поён): 1 – чинхои кундаланги ком; 2 – пистонаки пешдандон; 3 – дандонхои пеш; 4 – дандонхои ашк; 5 – дандонхои курсии хурд; 6 – дандонхои курсии калон.
Расми 2. Дандонхои доими ва решаи онхо (намуд аз рост): 1 – чавфи чоги боло (чавфи Гаймор); 2 – дандонхои курсии хурд; 3 – дандонхои ашк; 4 – дандонхои пеш; 5 – сурохи манах; 6 – дандонхои курсии калон; 7 – чоги поён.
Расми 3. Сохти дандон (накша): 1 – мино (сир); 2 – дентин; 3 – пулпаи дандон; 4 – милки дандон; 5 – семент; 6 – периодонт; 7 – устухон; I – гилофаки дандон; II – гарданаи дандон; III – решаи дандон; IV – чуяки решаи дандон.
Расми 4. Мухлати баромадани дандонхои шири (накша).

С. К. Сабуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …