Главная / Биология / СИНФИ ШИРХӮРҲО

СИНФИ ШИРХӮРҲО

Дар зоология мамалогия ном шохаи ҷудогонаи илм ба омӯзиши ҳаматарафаи ширхӯрҳо машғул аст. Маънои «мама» ғадуди шир, ширхӯр, ширмак, ширдиҳанда аст. Пас бояд донист, ки калимаи «мама» юнонӣ будааст.

Як гурӯҳи махсуси ҳайвонҳои инкишофёфтаи зернавъи мӯҳрадорон, ки модинаашон ғадудхои ширбарор доранд, синфи ширхӯрхоро ташкил кардаанд. Онҳо наслашонро дар аввал бо шир парвариш мекунанд.

Рӯйи бадани ширхӯрҳо бо мӯй пӯшида шудаасг, ки онро пашм ҳам меноманд. Аксарияги ширхӯрҳо наслашонро зинда мезоянд. Пойҳои ширхӯрҳо баданро аз замии баланд бардошта меистанд. Дар айни ҳол дар тамоми кураи замин бештар аз 4500 намуди ширхӯрҳо маълум аст. Онҳо дар тамоми китъаҳо ба таври васеъ паҳн шудаанд. Аҳамияти ширхӯрҳо дар табиат ва дар ҳаёти одам хеле калон аст.

Аспи хушру зебо

Дар ширхӯрхо сохти марказин асаб, хусусан нимкураҳои майна ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтааст, ки рафтори мураккаби онҳоро идора мекунад. Ҳарорати бадани онҳо ҳам монанди паррандагон доимӣ буда, аз 360 то 370 гармӣ доранд. Агар гармии бадани ширхӯрхо аз 36 як дараҷа паст с аз 37 як дарача баланд бошад, маълум мешавад, ки ҷисми онҳо носолим аст.

Дар ширхӯрхо қисми қафаси сина аз қисми шикам ба воситаи пардаи мушакӣ (диафрагма) ҷудо мешавад, ки онро дар инкишофн таърихии олами ҳайвонот мо бори аввал мебинем.

Дар ширхӯрхо 2 растаки қафои косаи cap ҳаст, бинобар ин ҳам онҳо сарашонро пурра ба 3600 чарх занонда наметавонаид. Дар ширхӯрҳо узви шунавоӣ нағз инкишоф ёфтааст, гӯшашон аз қисмҳои беруна, миёна, дарунӣ иборат буда, сохти мураккаб дорад.

Дар ширхӯрхо ландонҳои ба гурӯҳҳо тақсимшуда ҳаст, ки онҳо ҳархела мебошанд. Масалан, бо забони юнонӣ дандонҳои пешро бурранда. дандонҳои ашкро, ё ки ханҷолкашандаро клиний, дандонҳои ашки қалбакиро проморалис ва дандонҳои ашки хакиқӣ — курсиро моралис меноманд. Лекин ин 4 хели дандон дар ҳама ширхӯрҳо нестанд. Дар ширхӯрхо қисми рӯда ба қисмҳои пеш, миёна ва ақиб тақсим шуда, ба сӯрохии макъал кушода мешавад.

Тартиби гардиши хун дар ширхӯрҳо аз дили 4-ҳуҷрагӣ cap мешавад, ки дар вақти инкишофи ҷанинӣ 2 аорта, қисми рости он барҳам мехӯрад. Хуни ҳамаи ширхӯрҳо ҷисмчаҳои сурхи хун хаста (ядро) надорад.

Дар ширхӯрони дарачаи боло ҷанин бо найи ноф ба ҳамроҳак алоқаманд буда, ғизо аз бадани модина ба насл мегузарад. Дар байни ширхӯрҳо гурӯҳҳои рӯизаминӣ, дарахтӣ, парвозкунанда, кабатизаминӣ, обӣ, хонагӣ, вахшӣ, фоиданоку зараровар, ҳалолу ҳаром, тухму зиндазой дида мешавад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …