Главная / Гуногун / ЧУН БИШКАНАД ШОХИ ҶАВОНӢ

ЧУН БИШКАНАД ШОХИ ҶАВОНӢ

Марги беамон ўро рабурд. Бо ҳазорон орзуҳояш. Ў худ гул буд. Поизи соли гузашта умри ў хазон гашт.

          Зи сад гул як гулат нашкуфта рўзе,

          Аз ин дунё дили ѓамнок бурдӣ,

          Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсўс,

          Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.

Чанде пеш дафтари киссагиамро варақ задам. Ва беихтиёр қалам ба даст гирифта, дар рў ба рўи номи ёру ошно, дўстон навиштам: рафт, куштанд, парронданд, бедарак гум шуд… Қариб ними дафтарчаро хат задам. Дар рў ба рўи номи Махсуми Олимӣ навиштам: куштанд. Бале, ваҳшиёна куштанд. Ҷасади бо тир порагаштаи ў ва 16 нафар чун ў ҷавонони шаҳиди номуроду бегуноҳро ба қабристони Сариосиё оварданд, то ки ба хок биспоранд. Вале, чанд тани худобехабару беимон, беномусу маҳалгаро бо ситеза гуфтанд:

javoni

– Ин ашхос ҳама кофаранд. Дар ин қабристон барои кофарон ҷой нест!

Яке даҳон кушода хост гўяд, ки онҳо на танҳо покмусулмон, балки шаҳиданд, вале ба силоҳбадастон магар гап фаҳмонидан мешавад? Сари як тират мекунад!

Ва пас аз ҷустуҷўйҳо, баъди 20 рўз – 13 ноябри соли 1992 аз қабристони насрониҳо ҷасади онҳоро аз як гўр ёфтанд. Дилҳо нидо дод: ин чӣ ваҳшоният! Бале, ин ваҳшоният буд. ва ин ваҳшониятро ба инсоне раво диданд, ки дар ин дунё ѓайр аз дили поки инсониву шоирона дигар чизе тўшароҳ надошт. Инсоне, ки танҳо як орзу дошт:

          Бо умеди рўзи фардои умед,

          Бо хаёлу орзуҳои зиёд

          То набинам чеҳраеро нокушод

          Ҳар саҳар мехезам аз хоб.

          То бубинам сулҳ ҳоким дар ҷаҳон

          Дўстӣ бинам ба дунё ҷовидон,

          Сарбаланди аср бинам тоҷикон

          Ҳар саҳар мехезам аз хоб.

Ва ў гўё номардии мардонро хеле пеш дарк карда буд. Ва аз он метарсид. Ва ба ҷуз ин тарс дар дил дигар тарсе надошт!

          Тарси ман аз ҷому май нест,

          Тарси ман аз нолиши най нест.

          Тарси ман аз дарди бедард аст,

          Тарси ман аз марди номард аст.

Дасти марди номарде дили пуршўру пурорзуи ўро абадӣ аз тапидан боздошт. Ў шеър дар лаб ҷон дод. Нохалафе шеърро кушт, ба дили синаи миллат ханҷар зад. Охир, ў диле дошт бекина. Ба касе сару коре надошт. Меҳрубон буду беозор. Поку буду бегуноҳ.

Вохўрии нахустини ман ѓоибона тавассути китобаш ба вуқўъ пайваст. Ин соли 1985 буд. Китоб «Бўи умед» ном дошт. Ва имрўз боз он китоби фарсударо мекушояму чашмам ба саҳифаи нахусти он меафтад:

          Шеъри ман, эй тифли раҳомўзи ман,

          Роҳи ту ҳамвор не, шебу фароз.

          Розиам худ бинам умри кўтаҳе,

          Лек хоҳам умри ту бошад дароз.

Пас аз ду сол – баҳори соли 1987 ману ў рў ба рў омадем. Аниқтараш ў ба утоқи кории ман омад. Он вақт ман директори заводи «Металлопластмасс» будам. Вай бо қомати базеб, чеҳраи кушода, ханда ба лаб вориди утоқам гашт. Мо дасти якдигарро сахт фишурда рў ба рў нишастем. Ман мехостам бо ў дуру дароз сўҳбат кунам. Вале ў гуфт:

– Вақти қиммати шуморо намегирам. Ба ман як дона пармаи алмосӣ (як нвъ хўлаи аз фулод ҳам сахттар) зарур шуд. Рўзгор-дия.

Як пармаи нўҳмиллиметра ёфта додаму вай рафт. Пас аз ин дар кўчаҳои Душанбе тез-тез рў ба рў мешудем. Вай доим маро ба хонааш хонда мегуфт:

– Биё, ҳардуямон садта-садта кунем.

Ба ў мегуфтам, ки:

– О, ман ҳунари садта-садта надорам.

– Ёд медиҳам, – мегуфт ў бо завқ.

Боре ҳам ўро коҳида ва ё ноумед надидам. Ҳамеша лабони ў ба табассум моилу забонаш ба лутф кушода буданд. Ва чун ин ҳамаро ба хотир ва аз он ба рўи саҳфа меоварам, дилам мефишорад ва барои тасаллои дил байте аз Мавлавӣ ёдрасам мегардад:

          Эй дили дарёсифат, мавҷи ту андешаҳост,

          Ҳар даме коре кунӣ, бар чӣ гуҳар ошиқӣ.

Мо гоҳ-гоҳ дар маѓозаи китоб вомехўрдем. Ва ў андешаманд мегуфт, ки «ҳайронам».

– Аз чӣ? – мепурсидам ман.

– Аз он ки авлодони Рўдакӣ, Фирдавсию Хайём, Саъдию Ҳофиз, Камолу Сайидо ба маѓозаи китоб намедароянд.

   Аввалҳои соли 1992 буд. Ману ў аз назди Сирк ба «Москвич»- е нишаста ба маҳаллаи ДОК мерафтем. Ҳамон шабу рўз гап-гапи президент Набиев буд. Ронанда марди миёнаумр беист гап мезад. Агар ман президент мешудам, ин хел мекардам, ун хел мекардам, мегуфт. Нохост Махсум ба ў гуфт:

– Агар ту президент мешудӣ, ҳеҷ кор намекардӣ!

– Чӣ? Чӣ? – ронанда як ба ў дида дўхту боз ба пеш нигарист. – Барои чӣ?

– О, ту як ба мошинат нигар. Хоку лой зер кардагӣ, шалақ. Ба ҳолаш мурѓони ҳаво гирянд. Ту, ки аз ўҳдаи ҳамин як мошинча намебароӣ, чӣ хел президент мешавӣ?!

Ронанда қаҳ-қаҳ зада хандид. Сипас, пешониашро молиш дода – молиш дода гуфт:

– Аҷаб гапи ҳақ задӣ, додар.

Шоир буд ў. Шеър менавишт. Рўзу шаб, шодиву ѓам, хушку тар, неку бад, гармиву сардӣ, муҳаббату нафрат, сиёҳу сафед ва ѓайраҳо ҳамеша муқобили ҳам вуҷуд доранд. Ва ў бештар ба ҳамин паҳлўи табиат, ки диалектикаи зиндагӣ меноманд ва рўзгор бе ин вуҷуд надорад, мутаваҷҷеҳ шуда буд. Ва боз «Бўи умед»-ро варақ мезанам:

          Саҳар гуфтам ба хуршед чун баромад,

          Чаро дар тирамоҳ умри ту кўтоҳ?

          Бигуфто тоби хазонрезӣ надорам,

          Ба худ печида бо дарду ѓаму оҳ.

Махсуми Олимиро охирин маротиба рўзи дафни Кароматуллоҳи ѓурамарг дида будам. Ин дафъа чун ҳамеша табассум намекард. Ашк мерехт ў. Ва танҳо мегуфт:

– Боз навбати кист?

Бехабар аз он ки ин навбат – навбати ўст.

Аҳли диёр бо ў басе ифтихор доштанду омаданашро интизорӣ мекашиданд. Вай маҳбуби ҳар хонадон буд.

          Танамро дарди бедармон гирифта,

          Ба дил ѓам ҷо ба ҷои ҷон гирифта,

          Ба ёди тифливу тифлам зи Маскав,

          Дилам раҳ ҷониби Қаздон гирифта.

Вале ҷисми беҷони ў савори аспи сафед раҳ ҷониби зодгоҳаш – Қаздон гирифт. Он рўзи сиёҳ ҳавлии Бобои Олим аҳли деҳа навҳа доштанд.

          Зи пурборӣ агар шохи дарахте бишканад ѓам нест,

          Вале чун бишканад шохи ҷавонӣ, гиряму гирям.

Он рўз тамоми деҳа мотам гирифта, кўҳҳо ба садо меомаданд.

Он рўзи сиёҳ Зарафшон ҳам девонавор саропо туѓён мезад. Ҳамон Зарафшоне, ки Махсум якумр ташнааш буду васфаш менамуд.

          Ташнаи оби Зарафшонам ҳанўз,

          Ошиқи моҳи Бадахшонам ҳанўз…

Бале, ў ташналаб моро тарк намуд. Не, не ў аз дида рафт, вале ҳеҷ гоҳ аз дил нахоҳад рафт!

18 июни соли 1993

МуаллифX Шералӣ Мўсо

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …