Главная / Илм / БОЗДОРи

БОЗДОРи

vozderjaniyeБОЗДОРи (Inhibitio, suppressio), тасаккун, фаъолияти асаб, ки хаячонро суст ё пешгири мекунад. Б.-ро с. 1862 физиологи рус И. М. Сеченов кашф намудааст. Вобаста ба чои пайдоиш Б. ду хел мешавад – канори (дар мушакхо ё унсурхои гадуддор) ва маркази (дар доираи системаи марказии асаб). Б. ба тавассути моддахои махсуси химияви, ки нуги торхои асаб чудо мекунад, ба вучуд меояд (онхоро нуги торхои асаб чудо мекунад). Медиаторхо бо молекулахои мембранахои хучайраи асаб таъсир намуда, хадди хаячонпазирии онхоро паст ё хаячони бархестаро «хомуш» месозанд.
Механизми Б. хануз пурра омухта нашудааст, вале ахамияти он дар танзими функсияхои гуногуни физиологии органзим маълум мебошад. Мас., Б.-и афференти хаячони унсурхоеро, ки акси якдигар фаъолият доранд, суст мекунад ва боиси амали мутобики онхо мегардад. Аз чумла хаячоне, ки дар унсурхои асаб пайдо мешавад, факат мушакхоро тахрик намуда, боиси Б.-и мушакхои ба хам зид (мас, мушакхои каткунанда ва росткунандаи бугумхо) мешавад. Б.-и бозгарданда, ки тавассути торхои бозгардандаи асаби нейронхои эфференти ва орияти ба вучуд меояд, барои устувор намудани дарачаи хаячони ин ё он гурухи нейронхо мусоидат мекунад. Б. ба мисли хаячон метавонад дар асоси рефлексхои шарти низ пайдо шавад (ниг. Фаъолияти олии асаб). Физиологи рус И.П. Павлов фаъолияти рефлексхои шартиро омухта, ду навъи Б. – беруни (гайришарти) ва дохили (шарти)-ро чудо кард. Павлов Б.-и мухофизатиро, ки системаи асабро аз ангезиши барзиёд ё хастаги мухофизат мекунад, шакли асосии боздори гумон мекард. Фаъолияти мухофизатию мутобикгардонии Б. барои тиб ахамияти калон дошта, ба шарофати он комёбихои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз чумла, татбики дорухои хобовар ва таскинбахш хангоми муоличаи шоки садамави ва баъзе намудхои невроз халли хешро пайдо кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …