Главная / Гуногун / Бозаргон бо 150 шутур

Бозаргон бо 150 шутур

Бозаргонеро дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи хеш даровард. Ҳама шаб наёрамид аз суханҳои парешон гуфтан, ки фалон анборам ба Туркистон аст ва фалон бизоат ба Хиндустон ва ин қаболаи фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас замин аст. Гоҳ гуфтӣ: хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст. Боз гуфтӣ: на, ки дарёи Мағриб мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст. Агар он карда шавад, бақияти умри хеш ба гўшае бинишинам. Гуфтам:
shutur– Он кадом сафар аст?
Гуфт:
– Гўгирди порси Хоҳам бурдан ба Чин , ки шунидам, қимате азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум оварам ва дебои руми ба Хинд ва фулоди хиндӣ ба Халаб ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман ва бурди Ямонӣ ба Порс ва з-он пас тарки тичорат кунам ва ба дўконе бинишинам.
Инсоф аз ин молихулиё чандон фурў гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд.
Гуфт:
– Эй Саъдӣ, ту ҳам сухане бигўй аз онҳо, ки дидаӣ ва шунида.
Гуфтам:

«Он шунидасти, ки дар аксои ғўр
Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: «Чашми танги дунёдўстро»
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гўр!»

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …