Главная / Гуногун / Бозаргон бо 150 шутур

Бозаргон бо 150 шутур

Бозаргонеро дидам, ки саду панчох шутур бор дошт ва чихил бандаву хидматгор. Шабе дар чазираи Кеш маро ба хучраи хеш даровард. Хама шаб наёрамид аз суханхои парешон гуфтан, ки фалон анборам ба Туркистон аст ва фалон бизоат ба Хиндустон ва ин каболаи фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас замин аст. Гох гуфти: хотири Искандария дорам, ки хавое хуш аст. Боз гуфти: на, ки дарёи Магриб мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст. Агар он карда шавад, бакияти умри хеш ба гушае бинишинам. Гуфтам:
shutur– Он кадом сафар аст?
Гуфт:
– Гугирди порси Хохам бурдан ба Чин , ки шунидам, кимате азим дорад ва аз он чо косаи чини ба Рум оварам ва дебои руми ба Хинд ва фулоди хинди ба Халаб ва обгинаи халаби ба Яман ва бурди Ямони ба Порс ва з-он пас тарки тичорат кунам ва ба дуконе бинишинам.
Инсоф аз ин молихулиё чандон фуру гуфт, ки беш токати гуфтанаш намонд.
Гуфт:
– Эй Саъди, ту хам сухане бигуй аз онхо, ки дидаи ва шунида.
Гуфтам:

«Он шунидасти, ки дар аксои гур
Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: «Чашми танги дунёдустро»
Ё каноат пур кунад, ё хоки гур!»

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …