Главная / Илм / БОТКИН Сергей Петрович

БОТКИН Сергей Петрович

sergey_botkinБОТКИН Сергей Петрович (17. 9. 1832, Москва – 24. 12. 1889, Ментонаи Франсия), духтур-терапевти рус, асосгузори чараёни физиологи дар тибби клиники. С. 1855 фак-ти тиббии Донишгохи Москваро хатм намуд; аз 1861 проф. клиникаи муоличавии Академияи тиббии чаррохии Петербург. Б. яке аз асосгузорони тибби илмии клиники мебошад. Аввалин бор дар Россия лабораторияи тачрибавиро, ки дар он чо таъсири физиологию фармакологии моддахои доруи тадкик шуданд, ташкил кард. Инкишофи раванди маризиро дар организм омухта, онро дар хайвонот тадкик намуд. Б. дар тиб ба чараёни нав асос гузошт, ки онро И. П. Павлов нервизм номид. Аввалин шуда акидаи хос будани сохти сафедаи хар як аъзоро баён кард, сироятнокии гепатити вирусиро мукаррар намуд (онро бемории Боткин низ меноманд). С-хои 1878 – 89 раиси Чамъияти ба шарафи Н. И. Пирогов ташкилшудаи духтурони рус буд. Касби духтурони санитариро чори карда, оид ба бехтар намудани холати санитари ва кам кардани адади фавт дар Россия (1886) чорахо андешидааст. Дар Петербург дафн шудааст.
Ос.: Курс клиники внутренних болезней и клинические лекции, т. 1 – 2, М., 1950.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …