Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРи

БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРи

sanitariyaБЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРи, мачмуи тадбирхоест, ки барои аз бадани одамон, сарулибос ва ашёи шахсии онхо нест кардани ангезандаи беморихои сирояти ва маводи ба саломати зарарнок равона шудаанд. Тадбирхои мазкур шустушуи одамон, махви хашарот (шабушк), дезинфексияи либос ва чихози шахсиро дарбар мегиранд. Агар Б. с. бо максади бархам додани манбаи беморихои сирояти гузаронида шавад, он гох манзиле, ки дар он одамон истикомат доштанд, дезинфексия ё дезинсексия карда мешавад.
Б. с.-ро аввалин бор дар давраи Чанги якуми чахон бар зидди бемории тиф ва шабушзании одамон истифода бурданд. Минбаъд Б. с. бар зидди баъзе беморихои дигари сирояти, инчунин хангоми гирдихамоии одамон (дар роххои калони наклиёт, дар махалхое, ки офати табии руй додааст ва г.) ба сифати тадбири пешгирии санитари корбаст шудааст. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани истифодаи Б. с. торафт бештар гашт. Баробари тараккиёти саноати химия ва атом Б. с.-ро барои аз бадани одам ва либоси у дур кардани моддахои зарарноки химияви ва радиоактив низ истифода мебурдаги шуданд.
Хангоми Б. с. шустушуи одамонро аз руи тартиби муайян мегузаронанд. Барои ин онхо аввал ба чои либоскаши, сони ба чои шустушуй, баъд ба хонаи либоспуши мегузаранд; дар як вакт либоси онхо дар камераи гандзудои безарар гардонида мешавад.
Шахсоне, ки Б. с.-ро мегузаранд, либосашонро дар чои либоскаши бароварда, аз руи нишондоди кормандони хаммом ба тартиб тах мекунанд ва барои безарар гардонидан месупоранд. Баъд собуну дастмол гирифта, ба чои шустушуй мегузаранд. Шахсони шабушзада ва одамоне, ки аз манбаи бемории тиф омадаанд, то шустушуй муи сар (дар сурати зарури муйи зери багал ва зери ноф)-ро низ метарошанд. Шустушуй, одатан, 15 – 20 дакика давом мекунад. Баъд ба хонаи либоспуши гузашта, либоси безарар гардидаро мепушанд ва аз баромадгохи алохидаи хаммом мераванд.
Дар шароити чангхои замони хозира низ Б. с. аз тадбирхои асосии бархам додани окибати аз тарафи душман кор фармудани васоити катли ом махсуб мешавад. Ду тарзи Б. с. – нопурра ва пурра маълум аст. Б. с.-и нопурраро фавран дар чои зарбарасондаи душман мегузаронанд. Мохияти Б. с.-и нопурра (дар мавриди васоити катли омро истифода бурдани душман) аз он иборат аст, ки фавран ба чойхои урёни бадан (руй, гардан, даст ва г.) моеъи зиддихимиявии пакети шахсиро мемоланд; бокимондаи моеъ ба кисмхои бештар зарардидаи либос молида мешавад. Б. с.-и нопурраро (хангоми бо моддахои радиоактив олуда шудан) аз тоза кардани сарулибос ва пойафзол сар мекунанд (ниг. Дезактиватсия). Баъд, агар оби тоза бошад, чойхои урёни баданро шуста, дахонро мечайконанд, чашм, сурохии биниро мешуянд; агар об набошад, ба чойхои урёни бадан моеъи зиддихимиявии пакети шахсиро мемоланд.
Б. с.-и нопурра барои комилан бархам додан ё дур кардани зиёни васоити катли ом кодир нест, бинобар ин минбаъд зарардидагон Б. с.-и пурраро мегузаранд. Бо ин максад онхо пеш аз ба хонаи либоскаши даромадан, либоси руй, пушоки мухофиз ва ярокашонро дар чои махсус мегузоранд. Агар онхо противогаз ва респиратор дошта бошанд, барои он ки ангезандаи беморихо ва моддахои зарарнок бо гарду чанг ба рохи нафас дохил нашаванд, онхоро аз хама охир, дар хонаи либосбарори мекашанд. Дар шустушуйхона аз махлулхои безараргардон истифода бурда мешаванд.
Хама шахсоне, ки бо моддахои радиоактив олуда шудаанд, баъди Б. с. аз назорати дозиметри мегузаранд. Онхое, ки бо моддахои радиоктив аз меъёр зиёдтар олуда гаштаанд, барои Б. с.-и такрори фиристода мешаванд.
Б. с.-и пурраро дар шароити хона (мас., дар ванна) низ гузаронидан мумкин аст. Дар ин маврид либос ва пойафзолро ба халтаи полиэтилени андохта, ба пункти санитари месупоранд.
Самараи Б. с. ба харчи зудтар (баъди ба вучуд омадани хатари таъсири аслихаи катли ом), хусусан бодиккат ва чидди гузаронидани он вобаста аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …