Главная / Илм / БЕРУНи

БЕРУНи

biruniБЕРУНи Абурайхон Мухаммад ибни Ахмади Хоразми (4. 9. 973 Кот, Хоразм – 11. 12. 1048), алломаи бузурги машрикзамин. Асосхои илмро дар зодгохаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузачони (940 – 998) меомузад. Б. забонхои хоразми, дари, араби, сугди, сурёни ва юнонию санскритро азхуд намуда, ба кисме аз онхо асархои илми таълиф кардааст. Б. аз овони чавони ба мушохидаи астрономи шугл меварзад.
С-хои 995 – 997 Б. дар сафар буда, гузараш ба ш. Рай меафтад ва бо Абумахмуди Хучанди шинос шуда, секстант (судс)-и уро меомузад. С. 997 ба зодгохаш баргашта, глобус месозад ва онро барои муайян кардани тулу арзи шахрхо истифода мебарад. С.-хои 998 – 1004 фаъолияти илмии у дар ш. Гургон, дар дарбори Шамсулмаоли Кобус ибни Вушмагир (967 – 1012) мегузарад. Дар он чо «Осор-ул-бокия» (с. 1000)-ро таълиф мекунад. С-хои 1004 – 17 дар ш. Гургон ба омузиш ва тасхехи зичхо машгул мешавад.
С. 1018 Султон Махмуд (80 – 1030) Хоразмро забт карда, Б.-ро ба Газнин мебарад. Фаъолияти минбаъдаи у то охири умраш асосан дар хамин шахр мегузарад. Султон Махмуд дар лашкаркашихояш ба кишв. Хинд Б.-ро низ хамрох гирифта буд. Донишманд дар ин муддат бо тарзи зиндагони, таърих, афкори илмию фалсафи ва оину кешхои мардуми Хинд шинос шуда, забони снаскритро меомузад ва баъзе асархои илмиро аз санскрит ба араби ва чанд асари мутафаккирони Юнонро аз араби ба санскрит тарчума мекунад. Мушохидахо ва тадкикоти дакики олим рочеъ ба Хиндустон дар асари у «Мо-ли-л-Хинд» сабт шудаанд. Б. махз дар хамин асар кайд мекунад, ки таассуби дини ва катли ому тохтутозхои горатгаронаи истилогарон халки сарзамини моро аз мардуми захматкаши Хинд чудо карда буданд.
Б. кариб дар хамаи сохаи илмхои маъмули замони худ кувваозмои намуда, доир ба хар кадом асархои пурарзише таълиф кардааст. Бино ба маълумоти маъхазхои таърихи адади асархои у аз 103 то 180 номгуй мебошанд. Вале боиси таассуф аст, ки бештари он таълифоти гаронмоя дар чанголи осеби давру замонхои номусоид нобуд шудаанд. Аз осори бокимондаи Б. хам хувайдост, ки у ба инкишофи минбаъдаи илми чахони сахми гаронбахое гузоштааст.
Яке аз таълифотхои мухими Б. «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб» мебошад. Дар он оид ба тарзи аз набототи сарзамини точикон тайёру омода сохтани хар гуна дорухо сухан рафтааст. у гиёххои шифобахшро омухта, номи онхоро ба забонхои гуногун меорад ва бад-ин васила дар ташаккули истилохоти илми хисса мегузорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …