БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ КӯДАКОН, як гурӯҳ бемориҳои шадиди сироятиро гӯянд, ки бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ангезандаи Б. тавассути ҳаво паҳн мегардад. Ба Б. обакон, гулӯзиндонак, сурфакабудак, ҳасба, сурхакон, сарсом, махмалак, ханозир ва ғ. мансубанд. Барангезандаи Б. бактерияю вирусҳо мебошанд, ки беморон ё ҳомилони бактерия хориҷ мекунанд. Бемор дар арафа ва рӯзҳои аввали маризӣ ба паҳнкунандаи сироят табдил меёбад. Ангезандаи Б. бо қатраҳои оби даҳон, луоб ва балғам ҳангоми сурфа, атса, гуфтугӯ ва фарёд кардан то ба 1 – 3 м паҳн мешавад. Дар ҳавое, ки чунин қатраҳо мавҷуданд, ангезандаи беморӣ чанд дақиқа ва ҳатто соатҳо зинда мемонад. Ангезандаи гулӯзиндонак ва махмалак ба таъсири муҳит ниҳоят тобовар аст. Бинобар ин сироят аз ашёе, ки бемор истифода кардааст (мас., бозича, зарф, ҷойпӯш, сачоқ, китоб ва ғ.), инчунин аз шахси сеюм, ки аввал ба бемор ва сонӣ ба кӯдаки солим сару кор дошт, гузаштанаш мумкин. Баъди шифо ёфтан, дар бемор масунияти устувор боқӣ мемонад. Б. ниҳоят кам такрор мешаванд, бинобар ин онҳо фақат дар давраи кӯдакӣ ба мушоҳида мерасанд.
Баъди сироят ёфтан, беморӣ якбора сар намешавад. Аломатҳои Б. аксаран ба дигар бемориҳо монанд мебошанд: дарди сару мушакҳо, гум шудани иштиҳо, бемадорӣ ва ғ. (ин давра 1 – 2 рӯз давом мекунад). Оғози бемориро ҳис карда, кӯдакро зуд ба духтур нишон додан лозим аст. Баъди 1 – 2 рӯз давраи зуҳуроти аломатҳо фаро мерасад, ки он дар ҳар беморӣ гуногун аст. Аломати хоси аксар Б. табларза (баланд шудани ҳарорат) ва дар пӯсту луобпардаҳо дамидани доначаҳо мебошад. Ҳангоми махмалак ва хуноқ гулӯ сурх шуда, ҳалолат пайдо мекунад; зимни ханозир бошад, ғадудҳои назди гӯш варам мекунанд; дар мавриди сарсом аломатҳои ихтилоли системаи асаб (таранг шудани мушакҳои гардан, ки дар натиҷа кӯдак сарашро хам карда наметавонад, ташаннуҷ ва ихтилоли ҳуш ва ғ.) ба амал меоянд. Б. метавонанд боиси иллати шуш, дил, гурда, гӯш ва ғ. гарданд. Бинобар ин ташхиси бармаҳал ва саривақт муолиҷа кардани беморӣ хеле зарур аст.
Кӯдаки беморро бояд дуруст нигоҳубин кард. Парпеч ва ҷойпӯши ифлосро иваз ва худи ӯро ба оби гарм шустан зарур аст. Ба бемор тез-тез об бояд дод. Ҳангоми хушк шудани лабҳо вазелин мемоланд; даҳони кӯдакро бо оби ҷӯшида ё чойи хунук тар кардан лозим. Хусусан ба тозагии бинӣ диққат додан муҳим аст: кӯдакони калон бояд дастрӯймол дошта бошанд; бинии кӯдакони хурдсолро бо пилтаи пахтагини олудаи вазелин ё равғани доғкардаи офтобпараст тоза мекунанд. Хонаи беморро мунтазам шамол дода меистанд (дар рӯзҳои хунук ба кӯдак либоси гарм мепӯшонанд); ҳангоми баъзе бемориҳо (сурфакабудак, обакон) пас аз фаромадани ҳарорати бадан дар ҳавои тоза сайругашт кардани кӯдакон муфид аст (вале бояд эҳтиёт шуд, ки кӯдакони дигар ба онҳо ҳамроҳ нашаванд). Хӯроки кӯдак бояд серғизо ва зудҳазм бошад. Бинобар ин сабзавоти тару тоза, мева ва ғуҷуммева низ истеъмол намудан аз аҳамият холӣ нест. Ҳангоми иллат ёфтани даҳон, ҳалқ ва гулӯ ба бемор ғизоҳои обакӣ медиҳанд. Дар мавриди бисёр Б. дезинфексия гузаронида намешавад, зеро ангезандаҳои онҳо басе ноустуворанд. Дар ин сурат ҳавои хонаро тоза ва фаршро бо латтаи тар пок кардан кифоя аст. Хусусан кӯрпа, бистар ва кампали беморро шамол додан аҳамияти калон дорад. Ҳангоми гулӯзиндонак дизенфексия мегузаронанд. Агар кӯдакро ба касалхона набурда, дар хона бистарӣ кунанд, барои ба дигарон сироят накардани беморӣ, тадбирҳо андешидан лозим аст. Бо ин мақсад беморро дар хонаи алоҳида хобонда, ҷои хоби ӯро ба чодар ҷудо бояд кард; сачоқ, зарф, бозичаҳои ӯ бояд алоҳида бошанд. Зарфҳои беморро шуста, дар об ҷӯшондан лозим. Кӯдаконеро, ки бо бемор робита доштанд, аз рафтан ба муассисаҳои кӯдакон манъ бояд кард. Барои пешгирии Б. моягузаронӣ аҳамияти калон дорад.
М. Шарифов
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …