Главная / Илм / БЕМОРИХОИ СИРОЯТИИ КуДАКОН

БЕМОРИХОИ СИРОЯТИИ КуДАКОН

infekcionniye-zabolevaniya-deteyБЕМОРИХОИ СИРОЯТИИ КуДАКОН, як гурух беморихои шадиди сироятиро гуянд, ки бештар кудакон гирифтор мешаванд. Ангезандаи Б. тавассути хаво пахн мегардад. Ба Б. обакон, гулузиндонак, сурфакабудак, хасба, сурхакон, сарсом, махмалак, ханозир ва г. мансубанд. Барангезандаи Б. бактерияю вирусхо мебошанд, ки беморон ё хомилони бактерия хорич мекунанд. Бемор дар арафа ва рузхои аввали маризи ба пахнкунандаи сироят табдил меёбад. Ангезандаи Б. бо катрахои оби дахон, луоб ва балгам хангоми сурфа, атса, гуфтугу ва фарёд кардан то ба 1 – 3 м пахн мешавад. Дар хавое, ки чунин катрахо мавчуданд, ангезандаи бемори чанд дакика ва хатто соатхо зинда мемонад. Ангезандаи гулузиндонак ва махмалак ба таъсири мухит нихоят тобовар аст. Бинобар ин сироят аз ашёе, ки бемор истифода кардааст (мас., бозича, зарф, чойпуш, сачок, китоб ва г.), инчунин аз шахси сеюм, ки аввал ба бемор ва сони ба кудаки солим сару кор дошт, гузаштанаш мумкин. Баъди шифо ёфтан, дар бемор масунияти устувор боки мемонад. Б. нихоят кам такрор мешаванд, бинобар ин онхо факат дар давраи кудаки ба мушохида мерасанд.
Баъди сироят ёфтан, бемори якбора сар намешавад. Аломатхои Б. аксаран ба дигар беморихо монанд мебошанд: дарди сару мушакхо, гум шудани иштихо, бемадори ва г. (ин давра 1 – 2 руз давом мекунад). Огози бемориро хис карда, кудакро зуд ба духтур нишон додан лозим аст. Баъди 1 – 2 руз давраи зухуроти аломатхо фаро мерасад, ки он дар хар бемори гуногун аст. Аломати хоси аксар Б. табларза (баланд шудани харорат) ва дар пусту луобпардахо дамидани доначахо мебошад. Хангоми махмалак ва хунок гулу сурх шуда, халолат пайдо мекунад; зимни ханозир бошад, гадудхои назди гуш варам мекунанд; дар мавриди сарсом аломатхои ихтилоли системаи асаб (таранг шудани мушакхои гардан, ки дар натича кудак сарашро хам карда наметавонад, ташаннуч ва ихтилоли хуш ва г.) ба амал меоянд. Б. метавонанд боиси иллати шуш, дил, гурда, гуш ва г. гарданд. Бинобар ин ташхиси бармахал ва саривакт муолича кардани бемори хеле зарур аст.
Кудаки беморро бояд дуруст нигохубин кард. Парпеч ва чойпуши ифлосро иваз ва худи уро ба оби гарм шустан зарур аст. Ба бемор тез-тез об бояд дод. Хангоми хушк шудани лабхо вазелин мемоланд; дахони кудакро бо оби чушида ё чойи хунук тар кардан лозим. Хусусан ба тозагии бини диккат додан мухим аст: кудакони калон бояд даструймол дошта бошанд; бинии кудакони хурдсолро бо пилтаи пахтагини олудаи вазелин ё равгани догкардаи офтобпараст тоза мекунанд. Хонаи беморро мунтазам шамол дода меистанд (дар рузхои хунук ба кудак либоси гарм мепушонанд); хангоми баъзе беморихо (сурфакабудак, обакон) пас аз фаромадани харорати бадан дар хавои тоза сайругашт кардани кудакон муфид аст (вале бояд эхтиёт шуд, ки кудакони дигар ба онхо хамрох нашаванд). Хуроки кудак бояд сергизо ва зудхазм бошад. Бинобар ин сабзавоти тару тоза, мева ва гучуммева низ истеъмол намудан аз ахамият холи нест. Хангоми иллат ёфтани дахон, халк ва гулу ба бемор гизохои обаки медиханд. Дар мавриди бисёр Б. дезинфексия гузаронида намешавад, зеро ангезандахои онхо басе ноустуворанд. Дар ин сурат хавои хонаро тоза ва фаршро бо латтаи тар пок кардан кифоя аст. Хусусан курпа, бистар ва кампали беморро шамол додан ахамияти калон дорад. Хангоми гулузиндонак дизенфексия мегузаронанд. Агар кудакро ба касалхона набурда, дар хона бистари кунанд, барои ба дигарон сироят накардани бемори, тадбирхо андешидан лозим аст. Бо ин максад беморро дар хонаи алохида хобонда, чои хоби уро ба чодар чудо бояд кард; сачок, зарф, бозичахои у бояд алохида бошанд. Зарфхои беморро шуста, дар об чушондан лозим. Кудаконеро, ки бо бемор робита доштанд, аз рафтан ба муассисахои кудакон манъ бояд кард. Барои пешгирии Б. моягузарони ахамияти калон дорад.
М. Шарифов

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …