Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ПАРАЗИТи

БЕМОРИХОИ ПАРАЗИТи

bemorii-parazitiБЕМОРИХОИ ПАРАЗИТи (Morbi parasitaria), беморихои ангали, беморихое, ки онхоро кирмхои паразит (гелминтхо), соддатаринхо (мавчудоти якхучайраи каслиовар – амёбахо, лейшманияхо, лямблияхо, токсоплазмахо, плазмодияхо ва г.) ва бандпойхо (хашарот ва канахо) ба вучуд меоранд. Б. п.-ро амрози инвазияви низ меноманд (инвазия – сироят аз паразитхои хайвонот). Бар хилофи Б. п. иллатхое, ки ангезандаашон бактерияхо, спирохетахо, риккетсияхо, вирусхо ва занбуругхоянд, беморихои сирояти ном доранд.
Беморихоеро, ки кирмхои паразит ба вучуд меоранд, гелминтозхо меноманд. Онхо беморихои аскаридоз, анкилостомидоз, гименолепидоз, трихинеллёз, трихосефалёз, энтеробиоз, эхинококкоз ва г.-ро дарбар мегиранд.
Дар организми одам кариб 50 намуди соддатаринхо мавчуданд. Беморихои протозоиро онхо ба вучуд меоранд. Аз ин кабил беморихо хусусан амёбиаз, лейшманиозхо, лямблиоз, варача, токсоплазмоз ва г. хавфнок мебошанд.
Хашарот ва канахои паразит мутобикан ангезандаи энтомозхо ва акарозхо махсуб мешаванд. Ба энтомозхо миазхо (узву бофтаи хайвоноту одамро иллатнок кардани кирминаи пашша), инчунин дерматозоонозхо – беморихои пуст, ки аз газидани шабуш, пашша, хомушак ва г. сар мезананд, дохил мешаванд. Хоришак як навъи акароз мебошад.
Ангезандахои Б. п. муваккати ва доими мешаванд. Ангезандахои муваккати бевосита дар табиат ё манзили одамон зиндаги карда, факат барои гизо аз чанд сония (пашша, хомушак, магилмак ва г.) то чанд руз (канахо) ба одамон дармеафтанд. Ангезандахои доими бошанд, дар берун ё даруни чисми одам (шабуш, гелминтхо, соддатаринхо ) зиндаги мекунанд.
Ангезандахои Б. п. вобаста ба чойгири дар организм эктопаразит (беруни) ва эндопаразит (даруни) мешаванд. Эктопаразитхо муваккатан (пашшахо, гурмагас, хомушакхо ва г.) ё доими (шабуш) дар пуст ё муи одам чой мегиранд. Эндопаразитхо дар узву бофтахои гуногун, мас., шуш, чигар, руда, хун, майна, мушакхо сокин мешаванд. Паразитхои пуст дар кабати пуст (канаи хоришак, кирминаи гурмагаси меъда – дар мархалаи аввали инкишоф) ва паразитхои даруни дар чавфи бадан, мас., бини, гуш, дахон, рохи пешоб ва г. зиндаги мекунанд. Баъзе ангезандахо (мас., анкилостома) дар даврахои гуногуни инкишоф дар организми одам чой иваз менамоянд. Одами бемор ё хайвони касал манбаи сирояти Б.п. мебошанд.
Ангезандахои Б. п. ба организми одам тавассути пуст, дахон, макъаду махбал, сурохи пешоброха ва бини рох меёбанд. Вобаста ба тарзи интиколи ангезанда Б.п. гизои, тамоси, трансмиссиви (сироятхои интиколи) ва г. мешаванд. Хангоми Б. п.-и гизои ангезандахо (гелминтхо, амёбахо, лямблияхо ва г.) ба организм дар мавриди истеъмоли хуроки бо паразитхо сироятнок (мас., гушти бо кирминаи трихинелла ё мохии бо кирминаи тасмакирм олуда) ё ошомидани оби ифлос дохил мегарданд. Онхо ба организм метавонанд аз косаву табак ва дасти ифлос низ ворид шаванд. Б. п.-и тамоси ба одам аз шахси бемор (ё хайвон), об, хок ва асбобу анчоми рузгор мегузаранд (хоришак, шабушноки, анкилостомидоз). Б. п.-и трансмиссивиро хашарот, мас., магмилакхо (ангезандаи лейшманиоз) ва пашшаи варача пахн мекунанд.
Интиколи ангезандаи Б. п. ба тавассути хаво аз эхтимол дур аст, вале тахмин мекунанд, ки тухми кичча ва аскарида метавонад ба воситаи гарду чанг пахн гашта, ба рохи нафаси одам афтад.
Сирояти Б. п. вобаста ба тарзи зиндагии ангезанда дар хар фасли сол ё факат дар мавсими муайян ва хатто дар вакти муайяни як шаборуз (мас., баъзе пашшахо аз чинси анофелес ба одам карибии шом ё шабона хамла намуда, уро гирифтори варача мегардонанд) ба амал меояд.
Ангезандаи Б. п. бофтаю узвхоро иллати месозад; махсули мубодилаи моддахои он организмро захролуд карда, боиси авч гирифтани хассосии аллерги ва вазнин гузаштани беморихои диг. мегардад.
Б. п.-ро духтур табобат мекунад. Барои муолича дорухои зидди бактерия, инчунин гемотерапия, витаминхо ва г.-ро истифода мебаранд.
Барои пешгирии Б. п. ичрои чунин тадбирхо ногузир аст: ошкор ва муолича кардани беморон ва хомилони паразитхо; бо рохи дезинфексия ва дизенсексия нобуд кардани паразитхо; хифзи мухит аз пасафканди одам ва чонварон, ки ангезандаи Б. п. доранд; бархам додани имкони аз паразитхо сироят ёфтани одам; бо тавсияи духтур истифода бурдани усулхои профилактикаи химияви дар нохияхое, ки Б. п. руй додаанд; хифзи одамон аз хучуми бандпойхои паразит (истифодаи репеллентхо, либоси мухофиз, пашшахона) ва г.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Хамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Х. К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …