Главная / Илм / БЕМОРИХОИ КуДАКОН

БЕМОРИХОИ КуДАКОН

bemorii-kudakБЕМОРИХОИ КуДАКОН (Morbi infantiles), гурухи беморихое, ки бештар дар кудакон дучор меоянд. Ба хар синни кудак беморихои муайян хос мебошанд. Дар давраи навзоди организми тифл ба шароити нави хаёт мувофик мешавад. Дар ин давра фаъолияти узвхои у ноустувр буда, зуд халал меёбад. Бинобар ин дар организми кудак тагйироте ба амал меоянд, ки сабаби онхо ночурихои инкишофи чанин дар батн (беморихои модар, амрози ирси ва г.) мебошанд. Ба сирояти микробхо хассос будани кудакони навзод боиси тез-тез ба беморихои римнок, уфунии пуст ва ноф, амрози шадиди вируси ва бактериявии рохи нафас гирифтор шудани онхо мегардад. Дар давраи ширхораги аз сабаби зиёд шудани талаботи кудак ба гизо фаъолияти узвхои хозима, ки хануз пурра такмил наёфтаанд, якбора меафзояд. Аз ин ру, кудаки ин синну сол тез-тез ба беморихои аъзои хозима (диспепсия, исхоли хунин, дистрофия ва г.) гирифтор мешавад. Дар хамин синну сол беморихои илтихобии шуш (вируси ва бактерияви) ва рахит (дар натичаи тагзияи номураттаб ва нарасидани хавои тозаю нури офтоб) низ авч мегиранд. Дар давраи аз 1 то 3-солаги ва аз 3 то 7-солаги бинобар паст шудани титри подтанхо (ниг. Иммунитет), ки кудак аз модар гирифтааст, инчунин бо зиёд гаштани тамоси кудак бо хамсолон ва калонсолон беморихои сироятии шадид (сурхча, сурфакабудак, махмалак ва тарбод) зиёд мешаванд, беморихои марбут ба аллергия тез-тез сар зада меистанд. Дар кудакони аз 7 то 12-сола, гайр аз беморихои шадиди сирояти, ихтилоли фаъолияти усораи даруни, беморихои дил, системаи асаб ва г. рух менамоянд. Дар бачагони 12 – 17-сола ва 15 – 17-сола дар давраи ба балогат расидани онхо имкон дорад аномалияи узвхои чинси ба вучуд ояд; дар ин синну сол тарбод, асабоният, беморихои дилу раг бештар вомехуранд.
Мухофизати чанин хангоми хомилаги, ваксинатсия бар зидди беморихои сирояти (сил, гулузиндонак, нагзак, сурхча ва г.), машгулиятхои чисмони, обутоби организми кудак ва г. барои пешгирии Б. к. ахамияти калон доранд.
Ниг. низ Беморихои сироятии кудакон.

К.И. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …