БЕМОРИХОИ КАСБи (Morbi professionales), иллатхоеро гуянд, ки сирфан ё асосан дар натичаи ба организм таъсир расондани шароити номувофики кор ва зиёни касби пайдо мешаванд. Б. к. ба шароити ичтимоию иктисодии мехнат, чараёни технологи ва вазъи техникии истехсолот вобаста аст.
Б. к. дар натичаи таъсири омилхои физики, химияви ва биологи инкишоф меёбанд. Мас., хангоми кор дар шароити фишори баланди атмосфери ва риоя накардани коидахои гузариш аз мухити фишори баланд ба муътадил бемории пастфишори рух менамояд. Шавкун ва вибратсияи доими дар истехсолот аксар вакт боиси вазнинии гуш ва бемории навасони мегардад. Дар аснои муддати дароз фуру бурдани гарду чанг пневмокониоз ё диг. беморихои шуш ба вучуд меоянд. Дар тамос будан бо моддахои радиоактив ва зери таъсири радиатсияи ионзо бемории шуоъи пайдо мешавад. Дар натичаи таъсири моддахои химияви, мас., захрхои саноати (сурб, симоб, арсен, анилин ва хосилахои он, пайвастхои фосфор, бензин, бензол ва г.) организм захролуд шуда, Б. к. ва баъзе амрози пуст сар мезананд. Моддахои ангезишовар (равганхои минерали, катрони ангиштсанг ва г.) боиси баъзе беморихои пуст (кубо, дерматитхо) хоханд шуд. Шахсоне, ки бо беморон ё ашёи сироятёфта, инчунин бо хайвони касал сарукор доранд, ба беморихои сирояти (брутселлёз, сухтани) гирифтор мешаванд.
Такмили технология, автоматонии истехсолот, ташкили илман асосноки мехнат ва истирохат, мукаррар намудани рузи кутохи кор дар истехсолоти зарарнок, гизои шифои (нахории гарм, шир ё дигар махсулоти шири, витаминхо), истифодаи асбобхои хавотозакуни ва г. боиси кохиш ёфтани Б. к. мегарданд. Дар сурати риоя кардани тадбирхои пешгири ва техникаи бехатарии кор Б. к. руй намедиханд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …