Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАҲО БАРОИ НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶТ 2015-2019

БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАҲО БАРОИ НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶТ 2015-2019

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “1” декабри соли 2014, № 727

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАҲО БАРОИ НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019 

  1. Зарурати қабули Барнома

Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 (минбаъд – Барнома) ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ (меваю сабзавот), таъминоти бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити тирамоҳу зимистон равона гардида, яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии зарурӣ дар даврае, ки истеҳсоли он қатъ мегардад тавассути рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (сари вақт ҷамъоварӣ гардидани ҳосили рўёнидашуда ва коркарди он) ва таҳкими ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ.

Таҳияи Барнома ба самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” асос ёфтааст.

Бо мақсади захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти тару тоза, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он, инчунин татбиқи сиёсати иқтисодии хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ дар ин мусоидат менамояд, зарурати барқарорсозии яхдону сардхонаҳо ба миён омодааст.

Дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзиро ҳамчун муҳимтарин бахш қайд намуда, муҳим будани рушди соҳаро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавассути истифодаи технологияҳои муосир, таҳкими фаъолияти корхонаҳое, ки бо коркарди маҳсулот машғуланд, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, инчунин дар бораи таъмин ва андешидани чораҳои мушаххас оид ба таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулот ва молҳои кишоварзии ватанӣ, ки ҳамчунин барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад, таъкид менамояд.

Тибқи мониторинги гузаронидашуда айни замон дар ҷумҳурӣ 11 адад яхдон бо иқтидори 16300 тонна, 32 адад сардхона бо иқтидори 27908 тонна ва 94 адад анборҳои доимоамалкунанда бо иқтидори 28880 тонна мавҷуд мебошанд (ҷадвалҳо замима шудаанд), аз ҷумла:

* дар вилояти Суғд 3 адад яхдон бо иқтидори 2900 тонна, 12 адад сардхона бо иқтидори 6453 тонна ва 7 анбори доимоамалкунанда бо иқтидори 3800 тонна;

* дар вилояти Хатлон 6 адад яхдон бо иқтидори 3250 тонна, 10 адад сардхона бо иқтидори 3235 тонна ва 37 анбори доимоамалкунанда бо иқтидори 7663 тонна;

* дар ВМКБ 1 адад яхдон бо иқтидори 150 тонна ва 9 анбори доимоамалкунанда бо иқтидори 1895 тонна;

* дар НТҶ 1 адад яхдон бо иқтидори 10000 тонна, 8 сардхона бо иқтидори 17640 тонна ва 37 анбори доимоамалкунанда бо иқтидори 13880 тонна;

* дар шаҳри Душанбе 2 адад сардхона бо иқтидори 580 тонна ва 4 адад анбори доимоамалкунанда бо иқтидори 1650 тонна.

Дар маҷмўъ, аз 11 адад яхдон 10 адад, аз 32 сардхона 26 ва аз 94 анбори доимоамалкунанда 62-тои он барои захира намудани маҳсулоти меваю сабзавот истифода мегарданд, ки солҳои 80-ум сохта шуда, на ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи ҳозираи иқтисодии мамлакат, талаботи ҳамарўзаи аҳолии мамлакат ба маҳсулоти тару тоза, зарурати содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа ва ҷалб намудани аҳолии деҳот ба меҳнат, қабули Барномаи мазкур мувофиқи мақсад мебошад.

2. Мушкилоти асосии баланд бардоштани иқтидор барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он

Яке аз масъалаҳои асосии имрўза рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар шароити бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Вобаста ба ин, бояд ба чорабиниҳои дастгирии давлатии бахши истеҳсолот, пеш аз ҳама баланд бардоштани рақобатпазирии биноҳои нигоҳдории (захиракунанда) ва корхонаҳое, ки бо истеҳсол (коркард) ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, диққати махсус дода шавад.

Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварии ба бозорҳои минтақавӣ, содиршавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ва дастгирии механизмҳои муҳими нигоҳдошт ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрўза қисми маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон талаф меёбад, ки омилҳои зерин ба ин сабаб мегарданд:

* нарасидани таҷҳизоти муосири технологӣ барои яхдонҳо ва сардхонаҳо, ки барои шароити нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқат намоянд;

* набудани корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳое, ки онҳоро истеҳсол мекунанд;

* саривақт интиқол нагардидани маҳсулоти тайёри кишоварзон;

* ба талабот ҷавобгў набудани бастубанди молҳо ва паст будани сифати онҳо;

* маблағгузорӣ нашудани соҳа.

Корхонаҳои мавҷудбудаи соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити норасогии ашёи хом, нархи баланди ашёи хом ва маҳсулот, хароҷоти зиёд ҷиҳати интиқоли маҳсулоти барои коркард ва нарасидани маблағи гардишӣ фаъолият мекунанд. Ин омилҳо ба баландшавии нархҳо ва паст шудани рақобатпазирии маҳсулот дар муқоиса ба дигар давлатҳо таъсир мерасонад.

Айни замон, бозор аз маҳсулоти воридотӣ пур шудааст, ки аз рўи хусусияти таъму сифат нисбат ба маҳсулоти ватанӣ пасттар мебошанд. Сабаби ҳамаи ин қобили қабул набудани ҳаҷми воридот, суст инкишоф ёфтани бахши хусусӣ, ҳаҷми ками содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки барои пурра истифода намудани иқтидори содиротии мамлакат монеъ мешаванд, ба ҳисоб мераванд. Дар сохтори содироти меваю сабзавот он маҳсулот бартарӣ доранд, ки арзиши содиротии онҳо чандон баланд намебошанд.

Муайян намудани чорабиниҳо оид ба рушд ва такмили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ва содироти минбаъдаи онҳо барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) афзалият медиҳад, зеро яке аз шартҳои он ҳамкории субъектҳои иқтисодӣ бо бозори байналмилалии мол ва хизматрасонӣ мебошад.

Дар навбати худ талаботи чунин ҳамкориро дар сатҳи ҷаҳонӣ барои тақвияти нақши Созмони Умумиҷаҳонии Савдо давлатҳои аъзои он муайян мекунанд. Барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зарур аст, ба содиркунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротӣ дастгирии ҳамаҷонибаи иттилоотию машваратӣ расонида шавад, ки он тавонад рақобатпазирии маҳсулотро дар бозори ҷаҳонӣ баланд бардошта, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва таъмини сифати баланди онро таъмин намояд. Вобаста ба, ин бояд ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин таҳкими рушди имкониятҳои институтсионалӣ тадбирҳои маҷмўӣ таҳия карда шаванд

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми мавҷудаи дастгирии молиявии давлатӣ барои таъсиси корхонаҳои замонавии нигоҳдории маҳсулот (яхдонҳо, сардхонаҳо ва анборхонаҳо) кифоя мебошад.

Зиёд намудани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ, таъсис ва такмили заводҳои консервабарории бузург дар шароити ҳозира бинобар сабаби нарасидани захираҳои молиявӣ ва ашёи хом, дур будани масофаи боркашонӣ, инчунин мавҷуд набудани мавод манфиатнок нестанд.

Бинобар ин, бояд корхонаҳои хурду миёнае, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот машғул мебошанд, дастгирӣ карда шаванд.

Дар ҳамин замина, бодарназардошти муҳим будани бахши истеҳсоли меваю сабзавот ва таҳлили инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки истифодаи захираҳои ташкилию идоракунии мавҷуда барои ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур самарабахш набуда, наметавонад даромаднок бошад. Барои татбиқи самарабахши он истифодаи системаи дастгирии давлатӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулот зарур мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ташкили захираҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти минбаъдаи он зарур аст, ки:

* расмиёти содироти маҳсулот содда карда шавад;

* расмиёти воридоти техника ва таҷҳизот, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои (иншооти) нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол намешаванд, содда карда шаванд.

Барои татбиқи самараноки чорабиниҳои Барнома бояд на танҳо имкониятҳои содирот ва рақобатпазирӣ, балки эҳтимолияти дигар хавфҳо ба ҳисоб гирифта шаванд, аз ҷумла:

* рақобатпазирии ғайрикофии мол ва хизматрасонии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ;

* кам кардани фондҳои асосӣ ва ғайрикофӣ будани иқтидорҳои истеҳсолӣ;

* таъмини мунтазами корхонаҳо бо неруи барқ ва танзими нархи нерўи барқ;

* суст будани инфрасохтори нақлиётӣ.

Татбиқи чорабиниҳои Барнома бо дарназардошти паст намудани хавфҳои дар бло зикрнамуда метавонад истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзиро хубтар намуда, барои беҳтар шудани фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади асосии Барнома барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза, дастгирии (танзими) нарх дар бозорҳои мамлакат ва таъмини содирот мебошад.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосии Барнома, амалӣ намудани вазифаҳои он, яъне таъмини захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон, ташкил намудани яхдону сардхонаҳои замонавӣ дар ноҳияҳои аҳолинишин, барқарорсозии воҳидҳои мавҷуда ва корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулот зарур мебошад.

Мақсади Барнома марҳила ба марҳила фароҳам овардани шароити мусоид барои захира, нигоҳдорӣ ва пешгирии талафоти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳои мазкур дастгирии молиявӣ зарур аст. Бо ин мақсад дар доираи Барнома, таҳияи механизми дастрасии корхонаҳо ба маблағҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст.

4. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барнома

Рушди соҳаи кишоварзии мамлакат бе дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир аст. Он тавасути қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои мақсадноки ватанию хориҷӣ, инчунин дар баъзе ҳолатҳо мусоидат дар татбиқи Барнома амалӣ мегардад.

5. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барнома оид ба ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 аз ҳисоби дастгирии давлатӣ, бо роҳи ҷудо намудани маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои қарзии бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва маблағҳои субъектҳои кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.

6. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз рўи намудҳо дар солҳои 2010-2013

Дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамасола беш аз 3,5 млн. тонна сабзавот, мева, ангур, полезӣ ва картошка истеҳсол карда мешавад. Бо вуҷуди он, аз сабаби набудани яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдорӣ тақрибан 15-20 фоизи маҳсулот талаф меёбад. Сабаби он афзоиши нархи меваю сабзавот дар давраи тирамоҳу зимистон мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, талабот ба ин маҳсулоте, ки барои нигоҳдории саломатии инсон зарур аст, хеле калон мебошад.

Дар соли 2013 дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар сабзавот 22825 гектар (истеҳсол 614555 тонна), мева 51064 гектар (истеҳсол 115118 тонна), ангур 21467 гектар (истеҳсол 67203 тонна), картошка 22366 гектар (истеҳсол 518842 тонна) истеҳсол карда шудааст, ки аз он истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ 262415 тонна ва картошкаи барвақтӣ 65893 тоннаро ташкил медиҳад.

Барои пурра таъмин намудани аҳолии кишвар бо меваю сабзавот ва картошка дар мавсими тирамоҳу зимистон дар давоми 6 моҳ беш аз 680,6 ҳазор тонна зарур мебошад.

Мувофиқи тавсияҳои олимон ва мутахассисони соҳа барои захира ва нигоҳдории миқдори зарурии маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон бояд яхдону сардхонаҳо дар шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт, Бохтар, Хуросон, Данғара, Мўъминобод, Ҳисор, Рашт ва ш.Душанбе ташкил карда шаванд (Замимаҳои 1,2,3)

7. Маълумот дар бораи истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон

Эзоҳ: Маҷмўи ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ ба як нафар тибқи замимаи 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 “Дар бораи тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда шудааст.

Рабство

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …