Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ ДАР ЧТ 2015-2019

БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ ДАР ЧТ 2015-2019

Бо карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз “1” декабри соли 2014, № 727

тасдик шудааст

БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2019 

  1. Зарурати кабули Барнома

Барномаи ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 (минбаъд – Барнома) ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захирахо, окилона чойгир сохтани истехсолоти кишоварзи, бехтар намудани таъминоти ахоли бо махсулоти тару тозаи кишоварзи (меваю сабзавот), таъминоти бозорхо бо махсулоти кишоварзи дар шароити тирамоху зимистон равона гардида, яке аз вазифахои афзалиятноки Хукумати Чумхурии Точикистон дар таъмини амнияти озукавори ва таъмини ахоли бо маводи гизоии зарури дар даврае, ки истехсоли он катъ мегардад тавассути рушди истехсоли махсулоти кишоварзи (сари вакт чамъовари гардидани хосили руёнидашуда ва коркарди он) ва тахкими хавасмандгардонии истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи.

Тахияи Барнома ба самтхои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон барои солхои 2013-2015, Консепсияи сиёсати аграрии Чумхурии Точикистон, Барномаи ислохоти кишоварзии Чумхурии Точикистон барои солхои 2012-2020, Барномаи амнияти озукавории Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи рушди сохаи коркарди махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2007-2015 ва Фармони Президенти Чумхурии Точикистон “Дар бораи тадбирхои иловаги доир ба рушди сохаи богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2014” асос ёфтааст.

Бо максади захира намудани махсулоти кишоварзи ва таъмини ахолии кишвар дар мавсими тирамоху зимистон бо махсулоти тару тоза, афзун намудани иктидори содиротии махсулоти кишоварзи ва коркарди он, инчунин татбики сиёсати иктисодии хоричии Хукумати Чумхурии Точикистон, ки ба рушди сохаи кишоварзии мамлакат ва гузариш ба муносибатхои бозаргони дар ин мусоидат менамояд, зарурати баркарорсозии яхдону сардхонахо ба миён омодааст.

Дар Паёми харсолаи худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон сохаи кишоварзиро хамчун мухимтарин бахш кайд намуда, мухим будани рушди сохаро дар таъмини амнияти озукавории мамлакат тавассути истифодаи технологияхои муосир, тахкими фаъолияти корхонахое, ки бо коркарди махсулот машгуланд, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захирахои обу замин, инкишофи сохаи тухмипарвари ва зотпарвари, инчунин дар бораи таъмин ва андешидани чорахои мушаххас оид ба таъмини ахолии кишвар бо махсулот ва молхои кишоварзии ватани, ки хамчунин барои ноил гардидан ба яке аз хадафхои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озукавори мусоидат мекунад, таъкид менамояд.

Тибки мониторинги гузаронидашуда айни замон дар чумхури 11 адад яхдон бо иктидори 16300 тонна, 32 адад сардхона бо иктидори 27908 тонна ва 94 адад анборхои доимоамалкунанда бо иктидори 28880 тонна мавчуд мебошанд (чадвалхо замима шудаанд), аз чумла:

* дар вилояти Сугд 3 адад яхдон бо иктидори 2900 тонна, 12 адад сардхона бо иктидори 6453 тонна ва 7 анбори доимоамалкунанда бо иктидори 3800 тонна;

* дар вилояти Хатлон 6 адад яхдон бо иктидори 3250 тонна, 10 адад сардхона бо иктидори 3235 тонна ва 37 анбори доимоамалкунанда бо иктидори 7663 тонна;

* дар ВМКБ 1 адад яхдон бо иктидори 150 тонна ва 9 анбори доимоамалкунанда бо иктидори 1895 тонна;

* дар НТЧ 1 адад яхдон бо иктидори 10000 тонна, 8 сардхона бо иктидори 17640 тонна ва 37 анбори доимоамалкунанда бо иктидори 13880 тонна;

* дар шахри Душанбе 2 адад сардхона бо иктидори 580 тонна ва 4 адад анбори доимоамалкунанда бо иктидори 1650 тонна.

Дар мачмуъ, аз 11 адад яхдон 10 адад, аз 32 сардхона 26 ва аз 94 анбори доимоамалкунанда 62-тои он барои захира намудани махсулоти меваю сабзавот истифода мегарданд, ки солхои 80-ум сохта шуда, на хамаи онхо бо тачхизоти муосири технологи мучаххаз гардонида шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи хозираи иктисодии мамлакат, талаботи хамарузаи ахолии мамлакат ба махсулоти тару тоза, зарурати содироти махсулоти кишоварзи ба хорича ва чалб намудани ахолии дехот ба мехнат, кабули Барномаи мазкур мувофики максад мебошад.

2. Мушкилоти асосии баланд бардоштани иктидор барои захираи махсулоти кишоварзи ва коркарди он

Яке аз масъалахои асосии имруза рушди иктисодиёт ва баланд бардоштани ракобатпазирии он дар шароити бухрони иктисодии чахони мебошад.

Вобаста ба ин, бояд ба чорабинихои дастгирии давлатии бахши истехсолот, пеш аз хама баланд бардоштани ракобатпазирии бинохои нигохдории (захиракунанда) ва корхонахое, ки бо истехсол (коркард) ва содироти махсулоти кишоварзи машгул мебошанд, диккати махсус дода шавад.

Баланд бардоштани ракобатпазирии махсулоти кишоварии ба бозорхои минтакави, содиршавандаи Чумхурии Точикистон рушд ва дастгирии механизмхои мухими нигохдошт ва баланд бардоштани ракобатпазирии иктисодиёти милли яке аз масъалахои мубрам ба хисоб меравад.

Тахлилхо нишон медиханд, ки дар шароити имруза кисми махсулоти истехсолкардаи кишоварзон талаф меёбад, ки омилхои зерин ба ин сабаб мегарданд:

* нарасидани тачхизоти муосири технологи барои яхдонхо ва сардхонахо, ки барои шароити нигохдории махсулоти кишоварзи мувофикат намоянд;

* набудани корхонахои хурди коркарди меваю сабзавот дар нохияхое, ки онхоро истехсол мекунанд;

* саривакт интикол нагардидани махсулоти тайёри кишоварзон;

* ба талабот чавобгу набудани бастубанди молхо ва паст будани сифати онхо;

* маблаггузори нашудани соха.

Корхонахои мавчудбудаи сохаи коркарди махсулоти кишоварзии Чумхурии Точикистон дар шароити норасогии ашёи хом, нархи баланди ашёи хом ва махсулот, харочоти зиёд чихати интиколи махсулоти барои коркард ва нарасидани маблаги гардиши фаъолият мекунанд. Ин омилхо ба баландшавии нарххо ва паст шудани ракобатпазирии махсулот дар мукоиса ба дигар давлатхо таъсир мерасонад.

Айни замон, бозор аз махсулоти воридоти пур шудааст, ки аз руи хусусияти таъму сифат нисбат ба махсулоти ватани пасттар мебошанд. Сабаби хамаи ин кобили кабул набудани хачми воридот, суст инкишоф ёфтани бахши хусуси, хачми ками содироти махсулоти кишоварзи, ки барои пурра истифода намудани иктидори содиротии мамлакат монеъ мешаванд, ба хисоб мераванд. Дар сохтори содироти меваю сабзавот он махсулот бартари доранд, ки арзиши содиротии онхо чандон баланд намебошанд.

Муайян намудани чорабинихо оид ба рушд ва такмили истехсоли махсулоти кишоварзи, аз чумла меваю сабзавот ва содироти минбаъдаи онхо барои воридшавии Чумхурии Точикистон ба Созмони Умумичахонии Савдо (СУС) афзалият медихад, зеро яке аз шартхои он хамкории субъектхои иктисоди бо бозори байналмилалии мол ва хизматрасони мебошад.

Дар навбати худ талаботи чунин хамкориро дар сатхи чахони барои таквияти накши Созмони Умумичахонии Савдо давлатхои аъзои он муайян мекунанд. Барои воридшавии Чумхурии Точикистон ба Созмони Умумичахонии Савдо зарур аст, ба содиркунандагон ва истехсолкунандагони махсулоти содироти дастгирии хамачонибаи иттилоотию машварати расонида шавад, ки он тавонад ракобатпазирии махсулотро дар бозори чахони баланд бардошта, диверсификатсияи махсулоти содироти ва таъмини сифати баланди онро таъмин намояд. Вобаста ба, ин бояд чихати татбики чорабинихои зикршуда оид ба рушди сохаи кишоварзи, инчунин тахкими рушди имкониятхои институтсионали тадбирхои мачмуи тахия карда шаванд

Айни замон, дар Чумхурии Точикистон механизми мавчудаи дастгирии молиявии давлати барои таъсиси корхонахои замонавии нигохдории махсулот (яхдонхо, сардхонахо ва анборхонахо) кифоя мебошад.

Зиёд намудани иктидори истехсолии махсулоти кишоварзи, таъсис ва такмили заводхои консервабарории бузург дар шароити хозира бинобар сабаби нарасидани захирахои молияви ва ашёи хом, дур будани масофаи боркашони, инчунин мавчуд набудани мавод манфиатнок нестанд.

Бинобар ин, бояд корхонахои хурду миёнае, ки бо истехсоли махсулоти кишоварзи, аз чумла меваю сабзавот машгул мебошанд, дастгири карда шаванд.

Дар хамин замина, бодарназардошти мухим будани бахши истехсоли меваю сабзавот ва тахлили инкишофи хамкорихои иктисодии хоричии Чумхурии Точикистон маълум мегардад, ки истифодаи захирахои ташкилию идоракунии мавчуда барои халли мушкилоти сохаи мазкур самарабахш набуда, наметавонад даромаднок бошад. Барои татбики самарабахши он истифодаи системаи дастгирии давлати оид ба нигохдори ва истехсоли махсулот зарур мебошад.

Бо максади баланд бардоштани иктидори ташкили захирахо, истехсоли махсулоти кишоварзи ва содироти минбаъдаи он зарур аст, ки:

* расмиёти содироти махсулот содда карда шавад;

* расмиёти воридоти техника ва тачхизот, аз чумла кисмхои эхтиёти барои корхонахои (иншооти) нигохдори ва коркарди махсулоти кишоварзие, ки дар Точикистон истехсол намешаванд, содда карда шаванд.

Барои татбики самараноки чорабинихои Барнома бояд на танхо имкониятхои содирот ва ракобатпазири, балки эхтимолияти дигар хавфхо ба хисоб гирифта шаванд, аз чумла:

* ракобатпазирии гайрикофии мол ва хизматрасонии истехсолкунандагони махалли;

* кам кардани фондхои асоси ва гайрикофи будани иктидорхои истехсоли;

* таъмини мунтазами корхонахо бо неруи барк ва танзими нархи неруи барк;

* суст будани инфрасохтори наклиёти.

Татбики чорабинихои Барнома бо дарназардошти паст намудани хавфхои дар бло зикрнамуда метавонад истехсол ва нигохдории махсулоти кишоварзиро хубтар намуда, барои бехтар шудани фаъолияти хоричии Чумхурии Точикистон мусоидат намояд.

3. Максад ва вазифахои Барнома

Максади асосии Барнома баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи, таъмини талаботи ахолии шахру нохияхои мамлакат бо махсулоти тару тоза, дастгирии (танзими) нарх дар бозорхои мамлакат ва таъмини содирот мебошад.

Барои ноил шудан ба хадафхои асосии Барнома, амали намудани вазифахои он, яъне таъмини захираи махсулоти кишоварзи дар мавсими тирамоху зимистон, ташкил намудани яхдону сардхонахои замонави дар нохияхои ахолинишин, баркарорсозии вохидхои мавчуда ва корхонахои хурди истехсоли махсулот зарур мебошад.

Максади Барнома мархила ба мархила фарохам овардани шароити мусоид барои захира, нигохдори ва пешгирии талафоти махсулоти кишоварзи мебошад.

Барои халли масъалахои мазкур дастгирии молияви зарур аст. Бо ин максад дар доираи Барнома, тахияи механизми дастрасии корхонахо ба маблагхои карзи пешбини шудааст.

4. Сахми Хукумати Чумхурии Точикистон дар татбики Барнома

Рушди сохаи кишоварзии мамлакат бе дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон имконнопазир аст. Он тавасути кабул гардидани санадхои меъёрии хукуки, фарохам овардани шароитхои мусоиди ичтимоию иктисоди ва чалби сармояхои максадноки ватанию хоричи, инчунин дар баъзе холатхо мусоидат дар татбики Барнома амали мегардад.

5. Манбаъхои маблаггузории Барнома

Маблаггузории Барнома оид ба ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 аз хисоби дастгирии давлати, бо рохи чудо намудани маблагхои бучети, маблагхои карзии бонки, чалби сармояи ватанию хоричи, ташкилотхои молиявии байналмилали ва маблагхои субъектхои кишоварзи амали карда мешавад.

6. Истехсоли махсулоти кишоварзи аз руи намудхо дар солхои 2010-2013

Дар хамаи субъектхои хочагидории чумхури хамасола беш аз 3,5 млн. тонна сабзавот, мева, ангур, полези ва картошка истехсол карда мешавад. Бо вучуди он, аз сабаби набудани яхдону сардхонахо барои нигохдори такрибан 15-20 фоизи махсулот талаф меёбад. Сабаби он афзоиши нархи меваю сабзавот дар давраи тирамоху зимистон мебошад. Ба ин нигох накарда, талабот ба ин махсулоте, ки барои нигохдории саломатии инсон зарур аст, хеле калон мебошад.

Дар соли 2013 дар хочагихои дехконии кишвар сабзавот 22825 гектар (истехсол 614555 тонна), мева 51064 гектар (истехсол 115118 тонна), ангур 21467 гектар (истехсол 67203 тонна), картошка 22366 гектар (истехсол 518842 тонна) истехсол карда шудааст, ки аз он истехсоли сабзавоти барвакти 262415 тонна ва картошкаи барвакти 65893 тоннаро ташкил медихад.

Барои пурра таъмин намудани ахолии кишвар бо меваю сабзавот ва картошка дар мавсими тирамоху зимистон дар давоми 6 мох беш аз 680,6 хазор тонна зарур мебошад.

Мувофики тавсияхои олимон ва мутахассисони соха барои захира ва нигохдории микдори зарурии махсулоти кишоварзи дар давраи тирамоху зимистон бояд яхдону сардхонахо дар шахрхои Исфара, Хучанд, Панчакент, Конибодом, Кургонтеппа, Кулоб, Турсунзода, нохияхои Б.Гафуров, Ашт, Бохтар, Хуросон, Дангара, Муъминобод, Хисор, Рашт ва ш.Душанбе ташкил карда шаванд (Замимахои 1,2,3)

7. Маълумот дар бораи истеъмоли махсулоти кишоварзи дар давраи тирамоху зимистон

Эзох: Мачмуи хадди акали махсулоти гизои ба як нафар тибки замимаи 3 карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 “Дар бораи тавсияхои методи оид ба муайян намудани сабади истеъмоли барои гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли дар Чумхурии Точикистон” муайян карда шудааст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …