Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶТ 2018-2020

БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶТ 2018-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 485 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020 

  1. МУҚАДДИМА
  1. Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2020 (минбаъд – Барномаи мазкур) номгўи қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли минбаъда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт ва бо дарназардошти қарзгириҳои нави банақшагирифташуда, инчунин маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва банақшагирифташуда мебошад (замимаҳои 1А, 1Б, 2А, 2Б).
  2. Барномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад” таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола равонашударо инъикос менамояд, мутобиқат мекунад.
  3. Нишондиҳандаҳои асосии Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад” ва “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2015-2017” муайян карда шудаанд. Барнома миёнамуҳлат буда, дар асоси принсипу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти паст кардани хавфи пулию қарзӣ (молиявӣ) ва таъмини идоракунии муносиби қарзгириҳои беруна амалӣ карда мешавад.
  4. Тайи солҳои охир бо саъю кўшиши доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2017 ҳаҷми қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 303,41 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин ба 35,8 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
  5. Дар доираи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, ҷиҳати татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ 242,02 млн доллари ИМА маблағҳои қарзӣ дар соли 2016 ҷалб гардиданд. Инчунин дар соли 2016 11 созишномаи қарзӣ ба маблағи умумии 164,8 млн доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд, аз ҷумла:

qarz-kredit

– бо Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2” ба маблағи 5,56 млн доллари ИМА, лоиҳаи “Барномаи мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал” ба маблағи 9,0 млн доллари ИМА, лоиҳаи “Бақайдгирии амволи ғайриманқул” ба маблағи 10,00 млн доллари ИМА, лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ” ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА, лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак” ба маблағи 3,0 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохтор оид ба лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода, сарҳади Ўзбекистон қисмати роҳ аз гирдроҳаи пайкараи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” ба маблағи 55,0 млн доллари ИМА;

– бо Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ оид ба лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, марҳилаи 2” ба маблағи 8,69 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Осиёгии Рушд оид ба лоиҳаи “ҲИМОМ (ЦАРЭС) оид ба беҳдошти коридорҳои 2, 5 ва 6, марҳилаи 1 (таҷдиди роҳи Душанбе – Қўрғонтеппа)” ба маблағи 49,40 млн доллари ИМА, лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ” ба маблағи 19,15 млн доллари ИМА.

  1. Таносуби устувори нишондиҳандаҳои пасти сатҳи қарзи беруна ба устувории вазъи молиявии мамлакат мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки маблағи қаблан барои хизматрасонии қарзҳои беруна пешбинишуда барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шаванд.
  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
  1. Мақсади асосии Барнома ин баланд бардоштани самаранокии назорат ҷиҳати ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад, ки бо принсипҳои зерини Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ифода мегардад:

– то ҳадди имкон маҳдуд кардани қабули уҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рўи лоиҳаҳои банақшагирифташудае, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

– ҷалби қарзҳо барои маблағгузории хароҷоти лоиҳаҳои татбиқшаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;

– мутамарказонидани захираҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои банақшагирифташудаи бузурги инфрасохтории дорои аҳамияти стратегии умумидавлатӣ, ки ҷиҳати татбиқи онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

  1. Дар сурати самаранок амалӣ намудани Барномаи мазкур имконият мешавад, ки ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ва захираҳои қарзии дохилӣ барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа гардида, дар баробари ин ба рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки ҳолати иқтисодиёти воқеиро муайян менамоянд: инфрасохтори нақлиёт, энергетика ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дастгирии зарурӣ расонида шавад.
  2. Барномаи мазкур 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рўи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2017 352,2 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
  3. Азхудкунии маблағҳо дар соли 2017 дар ҳаҷми 623,78 млн доллари ИМА, дар соли 2018 – 196,53 млн доллари ИМА, дар соли 2019 – 295,93 млн доллари ИМА ва дар соли 2020 – 354,67 млн доллари ИМА дар назар дошта шудааст.
  1. БАХШҲОИ ИҚТИСОДИЁТ
  1. Барнома аз рўи намуди истифодабарии маблағҳои қарзӣ дар соҳаҳои зерини иқтисодиёт таҳия карда шудааст (замимаи 2А):

– бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия 20 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаҳои ирригатсионӣ ва обёрии заминҳо равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 30,05 млн доллари ИМА ё 8,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши тандурустӣ 6 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки асосан ба рушди рукни ибтидоӣ ва заминавии тандурустӣ равона шудаанд;

– бахши маориф 11 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 23,4 млн доллари ИМА ё 6,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши энергетика ва саноат 29 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 155,99 млн доллари ИМА ё 44,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши нақлиёт ва коммуникатсия 45 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 115,23 млн доллари ИМА ё 32,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 32 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахт равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 7,23 млн доллари ИМА ё 2,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши идоракунии давлатӣ 13 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии буҷет ва мукаммалгардонии молияи давлат равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 20,0 млн доллари ИМА ё 5,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

– бахши ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 0,27 млн доллари ИМА ё 0,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад.

  1. Дар доираи созишномаҳои қарзии иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо, ки дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешаванд, 54 созишномаи ёридиҳандаи қарзӣ барои аз нав ба расмият даровардани қарзҳо ба маблағи 2 470,7 млн доллари ИМА ё 37 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаи беруна ба имзо расонида шудааст.
  2. Қарзгиранда аз рўи қарзҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар асл хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосии қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ карда мешавад.
  1. ПОРТФЕЛИ ҚАРЗГИРӢ
  1. Ба Барнома қарздиҳандаҳои зерин дохил карда шудаанд (замимаи 1А):

– Бонки Умумиҷаҳонӣ – 29 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 19 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Бонки Осиёгии Рушд – 22 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 18 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Бонки Исломии Рушд – 29 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 21 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Хазинаи Саудии Рушд – 10 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 6 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Хазинаи Кувайтии Рушд – 6 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 3 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Хазинаи Абузабӣ – 2 созишномаи қарзӣ;

– Хазинаи Созмони Давлатҳои Содиркунандаи Нафт – 4 созишномаи қарзӣ;

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 42 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 18 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Эксимбонки Ҷумҳурии Халқии Хитой – 5 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 2 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – 4 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 2 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

– Хазинаи Зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии Евразия – 2 созишномаи қарзӣ;

– Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ – 1 созишномаи қарзӣ;

– Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ – 2 созишномаи қарзӣ;

– Хазинаи Иқлими Сабз – 1 созишномаи қарзӣ.

  1. Ҳамаи қарзҳои зикршуда ба меъёрҳои имтиёзнокӣ барои Тоҷикистон мувофиқат менамоянд.
  2. Қарзҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Хазинаи Созмони Давлатҳои Содиркунандаи Нафт, Хазинаи Кувайтии Рушд, Хазинаи Саудии Рушд, Хазинаи Абузабӣ ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ барои давраи дарозмуҳлат аз 20 то 40 сол дода мешаванд ва меъёри фоизи солонаи қарзҳо аз 0,75 то 2,0 фоиз буда, давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 4 то 10 солро дар бар мегирад.
  3. Қарзҳои Эксимбонки Ҷумҳурии Халқии Хитой ба муҳлати 20 ва 25 сол дода шуданд ва меъёри фоизи солонаи қарзҳо аз 1,5 фоиз то 2,0 фоиз буда, давраи имтиёзноки онҳо аз рўи пардохти қарзи асосӣ аз 9 то 11 сол муайян шудааст.
  4. Қарзҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд имтиёзнок буда, меъёри фоизашон ба Libor+1 баробар мебошад ва дар баробари онҳо маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешаванд.

***Замимаҳо дар матни аслӣ

 

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …