Главная / Чамъият / БАРНОМАИ КАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ЧТ 2018-2020

БАРНОМАИ КАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ЧТ 2018-2020

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26 октябри соли 2017, № 485 тасдик шудааст

БАРНОМАИ КАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2020 

  1. МУКАДДИМА
  1. Барномаи карзгирии берунаи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018- 2020 (минбаъд – Барномаи мазкур) номгуи карзгирии берунаи Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви ва ду соли минбаъда бо чудо намудани маблаги карз ба карздихандахо ва бахшхои иктисодиёт ва бо дарназардошти карзгирихои нави банакшагирифташуда, инчунин маълумоти мукоисави оид ба азхудкунии маблагхои карзии чори ва банакшагирифташуда мебошад (замимахои 1А, 1Б, 2А, 2Б).
  2. Барномаи мазкур мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад” тахия гардида, ба сиёсати иктисодии Хукумати Чумхурии Точикистон, ки афзалиятхои асосии дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 чихати ноилшави ба Хадафхои Рушди Хазорсола равонашударо инъикос менамояд, мутобикат мекунад.
  3. Нишондихандахои асосии Барномаи карзгирии берунаи давлати мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад” ва “Стратегияи идоракунии карзи давлати барои солхои 2015-2017” муайян карда шудаанд. Барнома миёнамухлат буда, дар асоси принсипу меъёрхои дар Стратегияи идоракунии карзи давлати муайянгардида ва бо дарназардошти паст кардани хавфи пулию карзи (молияви) ва таъмини идоракунии муносиби карзгирихои беруна амали карда мешавад.
  4. Тайи солхои охир бо саъю кушиши доимии Хукумати Чумхурии Точикистон барои тачдиди сохтори карз, инчунин рушди устувори иктисодиёти мамлакат, вазъи карзи беруна дар кишвар бехтар гардид ва ба холати нимсолаи якуми соли 2017 хачми карзи берунаи Чумхурии Точикистон 2 303,41 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин ба 35,8 фоизи мачмуи махсулоти дохили баробар мебошад.
  5. Дар доираи Барномаи карзгирии берунаи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2018, чихати татбик намудани лоихахои сармоягузори 242,02 млн доллари ИМА маблагхои карзи дар соли 2016 чалб гардиданд. Инчунин дар соли 2016 11 созишномаи карзи ба маблаги умумии 164,8 млн доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд, аз чумла:

qarz-kredit

– бо Бонки Умумичахони оид ба лоихаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлати, мархилаи 2” ба маблаги 5,56 млн доллари ИМА, лоихаи “Барномаи мутобикгардони ба тагйирёбии иклим ва кам кардани таъсири он ба хавзаи бахри Арал” ба маблаги 9,0 млн доллари ИМА, лоихаи “Бакайдгирии амволи гайриманкул” ба маблаги 10,00 млн доллари ИМА, лоихаи “Мустахкам намудани инфрасохтори мухим чихати таъмини устувори зидди хатархои табии” ба маблаги 2,5 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд оид ба лоихаи “Идоракунии партовхои сахти маишии шахри Хучанд” ба маблаги 2,5 млн доллари ИМА, лоихаи “Обтаъминкуни ва санитарияи шахри Норак” ба маблаги 3,0 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд ва Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохтор оид ба лоихаи “Сохтмони рохи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода, сархади Узбекистон кисмати рох аз гирдрохаи пайкараи Сино то дарвозаи гарбии шахри Душанбе” ба маблаги 55,0 млн доллари ИМА;

– бо Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзи оид ба лоихаи “Рушди чорводори ва чарогоххо, мархилаи 2” ба маблаги 8,69 млн доллари ИМА;

– бо Бонки Осиёгии Рушд оид ба лоихаи “ХИМОМ (ЦАРЭС) оид ба бехдошти коридорхои 2, 5 ва 6, мархилаи 1 (тачдиди рохи Душанбе – Кургонтеппа)” ба маблаги 49,40 млн доллари ИМА, лоихаи “Идоракунии захирахои обии хавзаи дарёи Панч” ба маблаги 19,15 млн доллари ИМА.

  1. Таносуби устувори нишондихандахои пасти сатхи карзи беруна ба устувории вазъи молиявии мамлакат мусоидат намуда, имконият медихад, ки маблаги каблан барои хизматрасонии карзхои беруна пешбинишуда барои татбики лоихахои иктисодию ичтимои равона карда шаванд.
  1. МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ АСОСИИ БАРНОМА
  1. Максади асосии Барнома ин баланд бардоштани самаранокии назорат чихати чалби карзхои хоричи ба Чумхурии Точикистон ва рох надодан ба чамъшавии назоратнашавандаи карзи беруна мебошад, ки бо принсипхои зерини Стратегияи идоракунии карзи давлати ифода мегардад:

– то хадди имкон махдуд кардани кабули ухдадорихо оид ба чалби карзхои давлатхои хоричи ва карзхои созмонхои байналмилалии молияви аз руи лоихахои банакшагирифташудае, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд;

– чалби карзхо барои маблаггузории харочоти лоихахои татбикшаванда бо максади ба анчом расонидани онхо;

– мутамарказонидани захирахои карзи барои татбики лоихахои банакшагирифташудаи бузурги инфрасохтории дорои ахамияти стратегии умумидавлати, ки чихати татбики онхо карорхои дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон кабул шудааст.

  1. Дар сурати самаранок амали намудани Барномаи мазкур имконият мешавад, ки хангоми махдуд будани имкониятхои молиявии бучети давлати ва захирахои карзии дохили барномахои ичтимоии Хукумати Чумхурии Точикистон тавсеа гардида, дар баробари ин ба рушди бахшхои афзалиятноки иктисодиёт, ки холати иктисодиёти вокеиро муайян менамоянд: инфрасохтори наклиёт, энергетика ва ислохоти сохаи кишоварзи дастгирии зарури расонида шавад.
  2. Барномаи мазкур 70 лоихаи карзии амалкунанда ва 96 созишномаи карзии дар сатхи лоихави карордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблаги умумии карзхо аз руи Барномаи пешниходгардида ба холати 1 январи соли 2017 352,2 млн доллари ИМА-ро ташкил медихад.
  3. Азхудкунии маблагхо дар соли 2017 дар хачми 623,78 млн доллари ИМА, дар соли 2018 – 196,53 млн доллари ИМА, дар соли 2019 – 295,93 млн доллари ИМА ва дар соли 2020 – 354,67 млн доллари ИМА дар назар дошта шудааст.
  1. БАХШХОИ ИКТИСОДИЁТ
  1. Барнома аз руи намуди истифодабарии маблагхои карзи дар сохахои зерини иктисодиёт тахия карда шудааст (замимаи 2А):

– бахши кишоварзи ва мелиоратсия 20 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки ба баркарорсози ва рушди устувори сохаи кишоварзи, тачдиди системахои ирригатсиони ва обёрии заминхо равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 30,05 млн доллари ИМА ё 8,5 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши тандурусти 6 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки асосан ба рушди рукни ибтидои ва заминавии тандурусти равона шудаанд;

– бахши маориф 11 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва тачдиди муассисахои таълими равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 23,4 млн доллари ИМА ё 6,7 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши энергетика ва саноат 29 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки ба баркароркунии инфрасохтори дохили ва дастгирии рушди тичорати байналмилалии захирахои энергетики равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 155,99 млн доллари ИМА ё 44,3 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши наклиёт ва коммуникатсия 45 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки ба тачдид ва рушди низоми наклиёти кишвар равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 115,23 млн доллари ИМА ё 32,7 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши хочагии манзилию коммунали 32 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки ба баркарорсозии системаи обрасони ва идораи партовхои сахт равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 7,23 млн доллари ИМА ё 2,1 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши идоракунии давлати 13 лоихаи карзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии бучет ва мукаммалгардонии молияи давлат равона шудаанд. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 20,0 млн доллари ИМА ё 5,7 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад;

– бахши хифзи ичтимои 1 лоихаи карзиро дар бар мегирад. Хачми умумии маблаги азхудшуда дар ин бахш 0,27 млн доллари ИМА ё 0,1 фоизи хачми умумии маблагхои азхудшударо ташкил медихад.

  1. Дар доираи созишномахои карзии иловаги оид ба татбики лоихахо, ки дар якчояги бо созмонхои байналмилалии молияви амали карда мешаванд, 54 созишномаи ёридихандаи карзи барои аз нав ба расмият даровардани карзхо ба маблаги 2 470,7 млн доллари ИМА ё 37 фоизи хачми умумии карзхои чалбшавандаи беруна ба имзо расонида шудааст.
  2. Карзгиранда аз руи карзхои мазкур Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад, вале дар асл хизматрасони ва баргардонидани маблаги асосии карзхо аз чониби субъектхои хочагидори кишвар амали карда мешавад.
  1. ПОРТФЕЛИ КАРЗГИРИ
  1. Ба Барнома карздихандахои зерин дохил карда шудаанд (замимаи 1А):

– Бонки Умумичахони – 29 созишномаи карзи, ки аз онхо 19 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Бонки Осиёгии Рушд – 22 созишномаи карзи, ки аз онхо 18 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Бонки Исломии Рушд – 29 созишномаи карзи, ки аз онхо 21 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Хазинаи Саудии Рушд – 10 созишномаи карзи, ки аз онхо 6 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Хазинаи Кувайтии Рушд – 6 созишномаи карзи, ки аз онхо 3 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Хазинаи Абузаби – 2 созишномаи карзи;

– Хазинаи Созмони Давлатхои Содиркунандаи Нафт – 4 созишномаи карзи;

Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд – 42 созишномаи карзи, ки аз онхо 18 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Эксимбонки Чумхурии Халкии Хитой – 5 созишномаи карзи, ки аз онхо 2 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Бонки Аврупоии Сармоягузори – 4 созишномаи карзи, ки аз онхо 2 созишномаи карзи мавриди барраси карор дорад;

– Хазинаи Зиддибухронии Иттиходи Иктисодии Евразия – 2 созишномаи карзи;

– Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзи – 1 созишномаи карзи;

– Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохтори – 2 созишномаи карзи;

– Хазинаи Иклими Сабз – 1 созишномаи карзи.

  1. Хамаи карзхои зикршуда ба меъёрхои имтиёзноки барои Точикистон мувофикат менамоянд.
  2. Карзхои Бонки Умумичахони, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Хазинаи Созмони Давлатхои Содиркунандаи Нафт, Хазинаи Кувайтии Рушд, Хазинаи Саудии Рушд, Хазинаи Абузаби ва Бонки Аврупоии Сармоягузори барои давраи дарозмухлат аз 20 то 40 сол дода мешаванд ва меъёри фоизи солонаи карзхо аз 0,75 то 2,0 фоиз буда, давраи имтиёзноки баргардонидани карзхои асоси аз 4 то 10 солро дар бар мегирад.
  3. Карзхои Эксимбонки Чумхурии Халкии Хитой ба мухлати 20 ва 25 сол дода шуданд ва меъёри фоизи солонаи карзхо аз 1,5 фоиз то 2,0 фоиз буда, давраи имтиёзноки онхо аз руи пардохти карзи асоси аз 9 то 11 сол муайян шудааст.
  4. Карзхои Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд имтиёзнок буда, меъёри фоизашон ба Libor+1 баробар мебошад ва дар баробари онхо маблагхои гранти чудо карда мешаванд.

***Замимахо дар матни асли

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …