Главная / Гуногун / Баёни аъмол ва суханҳои куфр ва ширк, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ манъ доштааст:

Баёни аъмол ва суханҳои куфр ва ширк, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ манъ доштааст:

  1. Писанд кардани куфр, куфр аст.
  2. Хуб донистани калимоти куфромез.
  3. Дигаронро водор кардан ба гуфтани калимоти куфр.
  4. Аз имони худ пушаймон шудан, ки шахсе мегӯяд, агар ман мусалмон намебудам, фалон кор намешуд.
  5. Дар вафоти авлод ва ғайра инчунин мегӯянд, ки Худо фақат дар садади бурдани ҳамин буд ва барои куштани каси дигар, ғайр аз ин надид.
  6. Аз ғайри Худо мақсуд ва мурод хостан ва рӯзи талаб кардан.
  7. Ба номи ғайри Худо рӯза гирифтан ва ғайри Худоро саҷда кардан ва ба номи ғайри Худо ҳайвоне назр ва забҳ кардан.
  8. Фармони махлуқро бар фармони Холиқ муқаддам донистан.
  9. Эҳтиром кардани зиёрати бузургонро, ба андозаи эҳтироми хонаи Худо (хонаи Каъба).
  10. Умарпараст, Ҳусайнбахш, Алидод, Абдуррасул, Абдуннабӣ, Абдулҳусайн, Муҳаммадпараст, Абдулҳасан, Абдулумар ва ғайра мислуҳум ном гузоштан ва ақида бар ин доштан.
  11. Сурати падару модар, бародару хоҳар ва бобову бибӣ ва ғайра мислуҳумро ба қасди баракат, дар хона ё ҷайб гузоштан ва таъзим кардан ва аз он сурат чизе дархостан.
  12. Аз гармову сармо ва боду боришоти мавсимӣ, шикоят кардан ва ҳам аз офатҳои табиӣ (ки бо иродаи Худованд аст) шикоят кардан ва ғайра.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

бинои Хукумати нохияи Фирдавси 2022 сол

Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ дар ш. Душанбе

Бинои маъмурии ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон аз як бинои 3-ошёна иборат аст, ки солҳои 70-уми …