Главная / Гуногун / Ба Обхезии Умумиҷаҳонӣ боварӣ доред?

Ба Обхезии Умумиҷаҳонӣ боварӣ доред?

Савол : Оё шумо ба Обхезии Умумиҷаҳонӣ боварӣ доред?

Ҷавоб: Бечуну чаро. Амрикоиҳо сурати киштии Нўҳро дар болои кўҳи Арарат аксбардорӣ намуда чандин карат ба оламиён нишон доданд. Дар бораи киштӣ ҳанўз дар солҳои 50-уми асри гузашта, алпинистҳои шўравӣ хабар дода буданд, вале онро мутобиқи идеалогияи бардурўғи шўравӣ маънидод карда, дар маҷаллаи «Cмена» чоп карда буданд.

Нишонаҳои нахустани Обхезии Умумиҷаҳониро дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта экспедитсияи киштии «Акванавт» – и Россия дарёфт намуда буд.

Дар наздикии соҳилҳои Қрим ба вай аз чуқурии таҳшинҳои зиёда аз 100 метраи қаър баровардани решаҳои растаниҳо, гўшмоҳиҳои моллюскҳо муяссар шуд, ки онҳо на ба сокинони соҳилҳои обҳои шўр, балки ба сокинони соҳилҳои обашон бенамак тааллуқ доранд.

Гурўҳи олимони фаронсавие, ки резишгоҳи дарёи Дунайро парма мекарданд, низ айнан ҳамин гуна давраи аз байн рафтани моллюскҳои обҳои бенамак ва ҷонварҳои дигари обиро муайян намудаанд. Онҳо дар ҳамин ҷо козаҳои лоин, меҳробҳо, печҳо, оғилҳои чорво дар онҳо чорвои майда, аз афташ ҳайвони реза нигоҳ медоштаанд ва ҳамаи он дар зери об мондаро дарёфт намуданд.

potop«Киштии экспедитсионии олимони Олмон «Уфуқи шимолӣ» менависад маҷаллаи «Der Spiedel» – дар соҳили туркии Баҳри Сиёҳ тасдиқоти ҷолиби диққат ба даст овард. Моҳи сентябри соли 2000-ум дар наздикии шаҳри Синоп ба қаъри баҳр аробачаи камераи телевизионӣ доштаро фаровард. Дар чуқурии 95 метр камера пораи начандон калони дарахтро ёфт, аробача баъд хатти ғарқшудаи соҳили кўли бенамакро гузашт. Сипас бо танаи дарахти ба сутуни аз хок баромада монанди бинои вайроншуда бархўрд. Ҳамаи чизҳои дидаашон ба олимон асоси бо боварии қатъи чунин изҳор намуданро дод:

«Дар ин ҷои қаъри Баҳри Сиёҳ як вақтҳо инсон зиндагӣ менамуд». «Тасдиқоти Таврот, Инҷил ( ва Қуръон дар бораи Нўҳ – И.У.) дар бораи ҳалокати одамон ҳангоми Обхезии Умумиҷаҳонӣ комилан асосноканд», – менависад маҷаллаи «Наука и жизнь».

Вале ба қавли Устод Турсунзода гўшту пўсту устуғони мо кайҳо даҳрӣ шуда, ҳоло ба ин даҳсолаҳо ба чизҳои ба ном «динӣ» бовар кардани халқҳои собиқ шўравӣ хеле душвор аст. Вале бахти баланди мо он аст, ки дар замонҳои куҳан ҳар қадар илм тараққӣ кунад, ҳамон қадар дасти даҳрия – атеизм баланд мешуд. Дар замони мо, баръакс, ҳар қадар илм тараққӣ кунад, ҳамон қадар эътиқоди одамон ба Офаридагори Олам – Худо зиёд мегардад. Дар ин ҳусус шумо метавонед бо китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир» шинос гардед.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …