Главная / Гуногун / Ба Обхезии Умумичахони бовари доред?

Ба Обхезии Умумичахони бовари доред?

Савол : Оё шумо ба Обхезии Умумичахони бовари доред?

Чавоб: Бечуну чаро. Амрикоихо сурати киштии Нухро дар болои кухи Арарат аксбардори намуда чандин карат ба оламиён нишон доданд. Дар бораи кишти хануз дар солхои 50-уми асри гузашта, алпинистхои шурави хабар дода буданд, вале онро мутобики идеалогияи бардуруги шурави маънидод карда, дар мачаллаи «Cмена» чоп карда буданд.

Нишонахои нахустани Обхезии Умумичахониро дар солхои хаштодуми асри гузашта экспедитсияи киштии «Акванавт» – и Россия дарёфт намуда буд.

Дар наздикии сохилхои Крим ба вай аз чукурии тахшинхои зиёда аз 100 метраи каър баровардани решахои растанихо, гушмохихои моллюскхо муяссар шуд, ки онхо на ба сокинони сохилхои обхои шур, балки ба сокинони сохилхои обашон бенамак тааллук доранд.

Гурухи олимони фаронсавие, ки резишгохи дарёи Дунайро парма мекарданд, низ айнан хамин гуна давраи аз байн рафтани моллюскхои обхои бенамак ва чонвархои дигари обиро муайян намудаанд. Онхо дар хамин чо козахои лоин, мехробхо, печхо, огилхои чорво дар онхо чорвои майда, аз афташ хайвони реза нигох медоштаанд ва хамаи он дар зери об мондаро дарёфт намуданд.

potop«Киштии экспедитсионии олимони Олмон «Уфуки шимоли» менависад мачаллаи «Der Spiedel» – дар сохили туркии Бахри Сиёх тасдикоти чолиби диккат ба даст овард. Мохи сентябри соли 2000-ум дар наздикии шахри Синоп ба каъри бахр аробачаи камераи телевизиони доштаро фаровард. Дар чукурии 95 метр камера пораи начандон калони дарахтро ёфт, аробача баъд хатти гаркшудаи сохили кули бенамакро гузашт. Сипас бо танаи дарахти ба сутуни аз хок баромада монанди бинои вайроншуда бархурд. Хамаи чизхои дидаашон ба олимон асоси бо боварии катъи чунин изхор намуданро дод:

«Дар ин чои каъри Бахри Сиёх як вактхо инсон зиндаги менамуд». «Тасдикоти Таврот, Инчил ( ва Куръон дар бораи Нух – И.У.) дар бораи халокати одамон хангоми Обхезии Умумичахони комилан асосноканд», – менависад мачаллаи «Наука и жизнь».

Вале ба кавли Устод Турсунзода гушту пусту устугони мо кайхо дахри шуда, холо ба ин дахсолахо ба чизхои ба ном «дини» бовар кардани халкхои собик шурави хеле душвор аст. Вале бахти баланди мо он аст, ки дар замонхои кухан хар кадар илм таракки кунад, хамон кадар дасти дахрия – атеизм баланд мешуд. Дар замони мо, баръакс, хар кадар илм таракки кунад, хамон кадар эътикоди одамон ба Офаридагори Олам – Худо зиёд мегардад. Дар ин хусус шумо метавонед бо китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир» шинос гардед.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …