Главная / Ҷамъият / Авария дар Медгородоки Душанбе – 2 апрел 2022

Авария дар Медгородоки Душанбе – 2 апрел 2022

Имрӯз (02.04.2022) тақрибан соати 13-35 дақиқа ронандаи автомашинаи мусофиркашони ККВД «Автобус-1» хатсайри – 33, рақамҳои қайди давлатиаш 5787ТТ05 шаҳрванд Назаров Назар Нуралиевич, санаи таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи н.Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои дар канори роҳ таваққуфбуда бархурдааст, ки дар натиҷа 7-адад авомашинаи сабукрав ва худи автобуси мазкур зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.

авария медгородок душанбе 2022

Хушбахтона дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст.
Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд.

авария такси в Таджикистане душанбе

Сарчашма: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

 

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …