Главная / Илм / АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Китоби электронии АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои синфи 6

ББК – 67.3 Я72+74,263,8 М-48

asosi-davlat-huquqМаҳмудов М.А., Раҳимов М.З. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 8-уми мактабҳои  Таҳсилоти умумӣ. «Маориф ва фарҳанг»,

Душанбе, – 2006, 200 саҳ.

Муаллифон:

Маҳмудов М.А. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, мавзўъҳои 6,7,8,9,10,11 Раҳимов М.З. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мавзўъҳои 1,2,3,4,5,12

Китоби дарсӣ масъалаҳои умумии назарияи давлат ва ҳуқуқро дар бар гирифта, ба хонанда доир ба пайдоиши давлат ва шаклҳои таърихии он, нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд, сарчашмаҳои ҳуқуқ,ҳуқуқ ва ахлоқ, сохт ва рукнҳои давлатдории Тоҷикистон, масъалаҳои интихобот ва фаъолияти Президент, инчунин чигунагии фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ – Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, судҳо ва ҳокимияти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Муқаддима 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ бунёд шуд ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гашта, бо ҳамин ба ҷомеаи мутамаддини

ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ пайваст гардид.

Аммо фаромўш набояд кард, ки ин давлати тозабунёд дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомада, балки таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад. Ҳанўз дар замони салтанати Ҳахоманишиҳо нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Куруши Кабир қабул шуда буд, ки муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсониро дар бар мегирифт.

Моли касеро зўран нагирифтан, касеро ғулом накардан, мувофиқи кор музд гирифтан ва монанди инҳо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи инсон ё худ меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки ҷомеа тавассути онҳо идора мешуд.

Охирин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомо-ниён сохти давлатдории барои ҳамон замона хеле пешрафта дошт. Лекин дар натиҷаи мухолифатҳои дохилӣ ва таҳти таъсири як қатор омилҳои дигар шикаст хўрд. Миллати тоҷик баъди ҳазор соли бе- давлатӣ ба шарофати истиқлолият дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардид. Ҳоло Тоҷикистон дар шароити тамоман нави таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад. Давлати мо тавонист, ки дар як муддати кўтоҳ аз бўҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ – зиддияту низои дохилӣ ва мушкилоти вазнини иқтисодӣ барояд ва имрўз ба як давлате табдил ёбад, ки дар он низоми ҳуқуқии хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.

Воқеан, дар ташаккули давлатдории навини мо омили ҳуқуқ нақши ҳалкунанда бозид. Соли 1994 нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва бо ҳамин таҳкурсии ҳуқуқии давлати

демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ гузошта шуд. Бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин ба тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия ду маротиба – солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон яке аз сарқонунҳои демократитарини ҷомеаи ҷаҳонист.

Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон – қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо амалан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро танзим мекунанд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ ўҳдадор шудааст, ки меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалиро эътироф ва эҳтиром менамояд, яъне санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ акнун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвари моро ташкил медиҳанд.

Мулоҳизаҳои болоӣ моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле муҳим аст: омили асосии пешрафти на фақат давлати мо, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон – ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад. Президенти кишвар мўҳтарам Э. Ш. Раҳмонов дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2006 ин нуктаро хеле хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро мақсади ояндаи инкишофи худ қарор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург дорад. Маҳз аз ин рў, азхуд кардани асосҳои ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дониши ҳуқуқӣ танҳо ба онҳое зарур аст, ки аз рўи касб фаъолият мекунанд, яъне ҳуқуқшиносанд. Ин

андеша комилан ғалат аст. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс, нишонаи маданият ва нерўи ақлонии ҳар як шаҳрванд мебошад. Баръакс, надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бефарқӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.

Дар қисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия беҳуда сабт нашудааст, ки «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро ўҳдадор месозад, ки қонунро донем ва онро риоя намоем.

Хонандаи азиз! Китобе, ки Шумо дар даст доред, муҳимтарин масъалаҳо ва мафҳумҳои илми асосҳои давлат ва ҳуқуқро аз пайдоиш то ба инкишофи имрўзаи давлат дар бар мегирад. Ба таври ҷиддӣ азхуд кардани мавзўъҳои китоби мазкур ба Шумо имкон медиҳад, ки донишу саводи ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандии худро баланд бардоред ва ҷаҳонбиниатонро васеъ гардонед. Борбардории китоб (скачать бесплатно) >>>>

Орзу дорем, ки Шумо оид ба давлат ва ҳуқуқи кишвари худ эҳтиром зоҳир намуда, ҳар як савол ва мавзўъро хуб аз худ мекунед ва баҳри мустаҳкам намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми худро мегузоред.

 

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …