Главная / Илм / АСОСХОИ ДАВЛАТ ВА ХУКУКИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

АСОСХОИ ДАВЛАТ ВА ХУКУКИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Китоби электронии АСОСХОИ ДАВЛАТ ВА ХУКУКИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН барои синфи 6

ББК – 67.3 Я72+74,263,8 М-48

asosi-davlat-huquqМахмудов М.А., Рахимов М.З. Асосхои давлат ва хукуки Чумхурии  Точикистон. Китоби дарси барои хонандагони синфи 8-уми мактабхои  Тахсилоти умуми. «Маориф ва фарханг»,

Душанбе, – 2006, 200 сах.

Муаллифон:

Махмудов М.А. – доктори илмхои хукук, профессор, узви вобастаи АИ ЧТ, мавзуъхои 6,7,8,9,10,11 Рахимов М.З. – доктори илмхои хукук, профессор, мавзуъхои 1,2,3,4,5,12

Китоби дарси масъалахои умумии назарияи давлат ва хукукро дар бар гирифта, ба хонанда доир ба пайдоиши давлат ва шаклхои таърихии он, нишонахои давлати хукукбунёд, сарчашмахои хукук,хукук ва ахлок, сохт ва рукнхои давлатдории Точикистон, масъалахои интихобот ва фаъолияти Президент, инчунин чигунагии фаъолияти шохахои хокимияти давлати – Хукумат, Мачлиси Оли, судхо ва хокимияти махалли дар Чумхурии Точикистон маълумот медихад.

Мукаддима 

 

Чумхурии Точикистон баъди пош хурдани давлати абаркудрати Шурави бунёд шуд ва хамчун давлати сохибистиклол соли 1992 узви Созмони Милали Муттахид гашта, бо хамин ба чомеаи мутамаддини

чахони ба сифати субъекти мустакили хукуки байналхалки пайваст гардид.

Аммо фаромуш набояд кард, ки ин давлати тозабунёд дар чои холи ба вучуд наомада, балки таърихи беш аз дуюнимхазорсола дорад. Хануз дар замони салтанати Хахоманишихо нахустин Эъломияи хукуки инсон аз чониби Куруши Кабир кабул шуда буд, ки мухимтарин масъалахои вобаста ба муносибатхои хукуки ва арзишхои инсониро дар бар мегирифт.

Моли касеро зуран нагирифтан, касеро гулом накардан, мувофики кор музд гирифтан ва монанди инхо нишонахои аввалини хукуки инсон ё худ меъёрхои хукукие буданд, ки чомеа тавассути онхо идора мешуд.

Охирин давлати мутамаркази точикон – Сомо-ниён сохти давлатдории барои хамон замона хеле пешрафта дошт. Лекин дар натичаи мухолифатхои дохили ва тахти таъсири як катор омилхои дигар шикаст хурд. Миллати точик баъди хазор соли бе- давлати ба шарофати истиклолият дубора сохиби давлат ва аркони давлатдори гардид. Холо Точикистон дар шароити тамоман нави таърихи ва сиёсиву ичтимои карор дорад. Давлати мо тавонист, ки дар як муддати кутох аз бухрони нихоят шадиди сиёси – зиддияту низои дохили ва мушкилоти вазнини иктисоди барояд ва имруз ба як давлате табдил ёбад, ки дар он низоми хукукии хеле мутаракки ва муосир амал мекунад.

Вокеан, дар ташаккули давлатдории навини мо омили хукук накши халкунанда бозид. Соли 1994 нахустин Конститутсияи Точикистони сохибистиклол кабул гардид ва бо хамин тахкурсии хукукии давлати

демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягонаи ичтимои гузошта шуд. Бо дарназардошти талаботи рузафзуни хаёт ва бо максади тезонидани чараёни демократикунонии чомеа, инчунин ба такозои меъёрхои хукуки пешрафтаи чахон ба Конститутсия ду маротиба – солхои 1999 ва 2003 тагйиру иловахо ворид карда шуданд ва холо Конститутсияи Точикистон яке аз сарконунхои демократитарини чомеаи чахонист.

Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатаги – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон – конунхои зиёде кабул шудаанд, ки онхо амалан хамаи сохахои хаёти чомеаи моро танзим мекунанд. Зиёда аз ин, Чумхурии Точикистон дар Конститутсияи худ ухдадор шудааст, ки меъёрхои аз чониби умум пазируфташудаи хукуки байналмилалиро эътироф ва эхтиром менамояд, яъне санадхои хукукии байналмилали акнун кисми таркибии низоми конунгузории кишвари моро ташкил медиханд.

Мулохизахои болои моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле мухим аст: омили асосии пешрафти на факат давлати мо, балки тамоми кишвархои чахон – ташаккули низоми пешрафтаи хукуки ва устувории конуният дар чомеа мебошад. Хама гуна муносибатхо бояд дар асоси хукук танзим карда шаванд, хамаи одамон тобеи хукук бошанд, конун мукаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад. Президенти кишвар мухтарам Э. Ш. Рахмонов дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 20-уми апрели соли 2006 ин нуктаро хеле хуб баён кардаанд: «Дар чомеаи мутамаддини муосир конун хамчун воситаи танзимкунандаи хамаи пахлухои хаёти чомеа накш ва мавкеи бебахс дорад, зеро пешрафти чомеа факат бо рохи танзими конуни ва одилонаи муносибатхои чамъияти имконпазир аст».

Точикистон ташкили давлати хукукбунёд ва чомеаи шахрвандиро максади ояндаи инкишофи худ карор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ва чомеа хукук накши бузург дорад. Махз аз ин ру, азхуд кардани асосхои хукук вазифаи хар як шахрванд аст. Баъзехо чунин акида доранд, ки дониши хукуки танхо ба онхое зарур аст, ки аз руи касб фаъолият мекунанд, яъне хукукшиносанд. Ин

андеша комилан галат аст. Донистани хукук карзи шахрвандии хар як шахс, нишонаи маданият ва неруи аклонии хар як шахрванд мебошад. Баръакс, надонистани хукук аломати очизиву нотавони, бефарки нисбат ба такдири давлату чомеа ва сарнавишти худи одам ба хисоб меравад.

Дар кисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия бехуда сабт нашудааст, ки «надонистани конун чавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсиони моро ухдадор месозад, ки конунро донем ва онро риоя намоем.

Хонандаи азиз! Китобе, ки Шумо дар даст доред, мухимтарин масъалахо ва мафхумхои илми асосхои давлат ва хукукро аз пайдоиш то ба инкишофи имрузаи давлат дар бар мегирад. Ба таври чидди азхуд кардани мавзуъхои китоби мазкур ба Шумо имкон медихад, ки донишу саводи хукуки ва маданияти шахрвандии худро баланд бардоред ва чахонбиниатонро васеъ гардонед. Борбардории китоб (скачать бесплатно) >>>>

Орзу дорем, ки Шумо оид ба давлат ва хукуки кишвари худ эхтиром зохир намуда, хар як савол ва мавзуъро хуб аз худ мекунед ва бахри мустахкам намудани давлати сохибистиклоли точикон сахми худро мегузоред.

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …