Главная / Ҷамъият / Либоси арӯсӣ дар туйи оиладоршавӣ

Либоси арӯсӣ дар туйи оиладоршавӣ

Либоси арӯси ин пероҳани занона – духтарона буда махсусан духта мешавад ва он барои пӯшидан дар тӯй аз тарафи арус нигаронида шудааст. Либоси арусӣ дар ҳар кишвар ҳар гуна буда метавонад ва он вобаста аст аз дину оин ва фарҳанги ҳамон миллату халқият мебошад.

libosi-arusi-00

Бо назардошти гарон будани нархи либоси арусии бо ном «Фата», ки арзишаш 500 то 5000 доллар дар Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо нарх дорад аз ин сабаб онро асосан киро мекунанд. Нархи киро (аренда) кардани фата дар Тоҷикистон аз 300 сомонӣ то 2000 сомонӣ арзиш дорад ва андозаи он вобаста ба зебогии фата мебошад.

Дар Тоҷикистон, тақрибан 60-70%-и духтарон дар тӯйи худ Фатаро ҳамчун либоси арӯсӣ ба бар мекунанд, ки ин мухолифи қонунгузории кишвар нест, лек аз нуқтаи назари баъзе мардуми куҳанандеша чунин урф ва бахусус дар минтақаҳои дурдаст қобили писанд нест.

libosi-arusi-02

Дар кишварҳои исломӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон, Покистон, Сурия, Миср ва дигарҳо либоси арусӣ асосан аз пероҳани оддиву кам орову торо додашуда мебошад ва мардуми ин кишварҳо асосан либоси тӯёнаи духтарони худро пӯшидатар медӯзанд.

Лек сол то сол анъанаҳои аврупо ба кулли кишварҳои дунё ворид шуда истодааст ва либоси арӯси асосан Фата буда ин пероҳани нимлучи сафедранг мебошад.

libosi-arusi-03

Одатан мардуми миллатпараст ва фарҳанги тоҷики ё ватаниро мепарастида ба бар кардани либоси зардузиро дар туйи арусӣ пеша мегиранд, ки ин тақрибан 15-20%-и ин ҷабаҳаи суханкардаамонро ташкил медиҳад.

Аҳолие ки расму русуми динни мубини исломро пеша гирифтаанд, асосан ба пӯшидани либоси арусии хоси диннӣ мебошанд ва чунин одамон атрофии то 10%-и мардуми кишварро ташкил медиҳанд, вале сол то сол тамоили онҳо ба зиёдшавиро касб карда истодааст.

Ҳукумати кишвар тариқи ғайри расмӣ аз духтарон талаб мекунанд, ки дар пӯшидани либосҳои миллӣ ва хусусан дар рӯзҳои ҷашн ва тӯй аз ананаҳои миллӣ истифода баранд, ки ин ба зиёд кардани ҳисси миллӣ ва пурзур кардани мавқеъи фарҳангу сиёсати миллат дар ҷаҳони муоссир нигаронида шудааст.

libosi-arusi-06

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …