Главная / Чамъият / Либоси аруси дар туйи оиладоршави

Либоси аруси дар туйи оиладоршави

Либоси аруси ин перохани занона – духтарона буда махсусан духта мешавад ва он барои пушидан дар туй аз тарафи арус нигаронида шудааст. Либоси аруси дар хар кишвар хар гуна буда метавонад ва он вобаста аст аз дину оин ва фарханги хамон миллату халкият мебошад.

libosi-arusi-00

Бо назардошти гарон будани нархи либоси арусии бо ном «Фата», ки арзишаш 500 то 5000 доллар дар Точикистон ва ё дигар кишвархо нарх дорад аз ин сабаб онро асосан киро мекунанд. Нархи киро (аренда) кардани фата дар Точикистон аз 300 сомони то 2000 сомони арзиш дорад ва андозаи он вобаста ба зебогии фата мебошад.

Дар Точикистон, такрибан 60-70%-и духтарон дар туйи худ Фатаро хамчун либоси аруси ба бар мекунанд, ки ин мухолифи конунгузории кишвар нест, лек аз нуктаи назари баъзе мардуми куханандеша чунин урф ва бахусус дар минтакахои дурдаст кобили писанд нест.

libosi-arusi-02

Дар кишвархои исломи аз чумла Арабистони Сауди, Эрон, Афгонистон, Покистон, Сурия, Миср ва дигархо либоси аруси асосан аз перохани оддиву кам орову торо додашуда мебошад ва мардуми ин кишвархо асосан либоси туёнаи духтарони худро пушидатар медузанд.

Лек сол то сол анъанахои аврупо ба кулли кишвархои дунё ворид шуда истодааст ва либоси аруси асосан Фата буда ин перохани нимлучи сафедранг мебошад.

libosi-arusi-03

Одатан мардуми миллатпараст ва фарханги точики ё ватаниро мепарастида ба бар кардани либоси зардузиро дар туйи аруси пеша мегиранд, ки ин такрибан 15-20%-и ин чабахаи суханкардаамонро ташкил медихад.

Ахолие ки расму русуми динни мубини исломро пеша гирифтаанд, асосан ба пушидани либоси арусии хоси динни мебошанд ва чунин одамон атрофии то 10%-и мардуми кишварро ташкил медиханд, вале сол то сол тамоили онхо ба зиёдшавиро касб карда истодааст.

Хукумати кишвар тарики гайри расми аз духтарон талаб мекунанд, ки дар пушидани либосхои милли ва хусусан дар рузхои чашн ва туй аз ананахои милли истифода баранд, ки ин ба зиёд кардани хисси милли ва пурзур кардани мавкеъи фархангу сиёсати миллат дар чахони муоссир нигаронида шудааст.

libosi-arusi-06

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …