Главная / Ҷамъият / АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ДИНИ ИСЛОМ 

АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ДИНИ ИСЛОМ 

ИСЛОМ таълимоти ахлоқии динҳои дигари самовиро на танҳо идома ва такмил додааст, балки кўшиш намудааст, ки дар амал дар ҳаёти инсон ва ҷомеа татбиқ намояд. Таълимоти ислом саршор аз ақоиди ахлоқи ҳуҷаста, муҳаббату накўкорӣ, эҳтирому ғамхорӣ нисбати инсон ба мўъминон мебошад. Мартабан эҳтирому инсондўстиро ба муқаддасоти динӣ пайвастааст. Эҳтиром дар ислом қабл аз ҳама аз эҳтироми волидайн, ўҳдадории онҳо дар тарбияи фарзанд оғоз мешавад ва бо эҳтироми мусофиру бенавоён, мардуми ғайри мусулмон тавсия меёбад.

islom-kitob

Эҳтироми падару модар ба дараҷаи аъло расидааст. Ҳадиси муқаддас аст, ки биҳишт зери пои модарон аст. Ҳатто ривоят ҳаёт, ки ҷавоне мехост ба ҷиход равад ва ба ҳазрати Пайғамбар /с/ муроҷиат мекунад. Ҳазрати Пайғамбар /с/ пурсон мешавад, ки аз падару модар иҷозат пурсидаӣ? Ҷавоб медиҳад, ки не. Пас, ҳазрати Пайғамбар дастур медиҳад, ки рав, хизмати падару модарро адо кун, ки он аз ҷиҳод авлотар аст. Падару модар низ масъулияте дар назди фарзанд доранд, ки ба ҷуз ба воя расондан, муҳимтаринаш илм омўхтан ба фарзанд аст.

Ғояҳои баланди ахлоқи дар илму адаби ҷаҳони ислом мавҷуданд. Онҳо пойдевори мустаҳками ахлоқ, фарҳангу адаби исломиро ташкил додаанд. Гуманизми баланд, ахлоқи поку накусиришт, манбаи илҳоми адибон ва уламои чаҳони ислом мебошанд. Ислом мардумро ба ҳамкорӣ, муҳаббат ба якдигар, бародарӣ даъват мекунад. Мўъмин бародари мўъмин аст. Ин даъвати бузурги ахлоқист, ки Қуръони азимушшаън пешниҳод мекунад. Ислом талаб мекунад, ки ҳар мусулмон аз рўи инсофу адолат амал намояд. Шахси боинсоф муродифи шахси обид аст. Бинои олам бар пояи адл мебошад.

Адл яке аз сифатҳои худост. Дар Қуръони карим борҳо таъкид шудааст, ки бо адлу инсоф бошед. Худо ба адолат амр мекунад. Адл муҳимтарин хислати ҷомеаи исломист. Дурўғгўию фиребгарӣ аз қабеҳтарин хислати инсонӣ шумурда, шахсони дурўғгўю қаллобро маҳкум ба дўзах намудааст. Иғвогарӣ, муфтхурӣ, ғайбат, худписандӣ низ аз ҳамин гунна хислатҳои бад буда, ислом онҳоро маҳрум месозад. Ислом шаробро ҳаром эълон карда, мардуми мусулмонро аз истеъмоли он манъ кардааст. Шаробнўшӣ нуноҳ аст ва касс бояд ба он кор, агар соҳибимон бошад, даст назанад. Зино низ аз гуноҳҳои сахте аст, ки каси ин гуноҳро содиркардамаҳкум ба сангсор аст.

Ислом доир ба ҷангу хунрезӣ мамониятҳои зиёде эҷод кардааст. Хунрезиро манъ карда, касеро, ки ноҳақ хуни касеро резондааст, маҳкум ба ҷаҳаннам месозад. Қасосро таъкид намуда, онро ба ҳадди зарардида ҷоиз мешуморад ва инчунин дия /хунбаҳоро/ лозим медонад. Аҳкоме, ки ислом муққарар сохтааст, барои пешгирӣ аз хунрезӣ аст. Илова бар он сулҳро ҳамеша аз ҷанг, аз низоъ афзал шуморида, таъкид мекунад, ки мардум аз тариқи сулҳу оштӣ, ҳамдигарфахмӣ бо ҳам наздик шаванд. Ояти карима таъкид мекунад, сулҳ беҳтар ва накўтар аз ҳама чиз аст.

Меъёрҳо ва аҳкоми ахлоқии ислом беҳтарин муносибати байни одамонро фаро гирифта, ҷомеаро ба шоҳроҳи ахлоқӣ ҳидоят мекунад.

Супориш ва саволҳо

  1. Ақидаҳои ахлоқии дини исломро ба аҳли оилаатон бо овози овози баланд Хонда муҳокима намоед.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …