Главная / Илм / АОРТА

АОРТА

aortyАОРТА (Aorta), шохраг, абхар, раги шараёни, ки аз меъдачаи чапи дил ибтидо мегирад. А. аз кисми болорав, камонак ва кисми поёнрав иборат аст. Кисми поёнрав то назди диафрагма А.-и сина ном дорад. Кисми аз диафрагма поёни онро А.-и шикам меноманд. Он дар савияи мухраи IV миён ба шараён (артерия)-хои тихигохии умумии рост ва чап чудо мешавад. Хар шараёни тихигохии умуми ду шохча дорад: шараёни дохилии тихигох (девора ва узвхои косро бо хун таъмин месозад) ва шараёни берунии тихигох (ба шараёни рон табдил меёбад). Шараёни рон сершоха буда, хунро ба андомхои поён мефиристад (шараёни тахтизонуи, шараёнхои пешу кафои устухонхои калон ва хурди сок, шараёни кафи по).
Аз кисми болорави А. дар назди пиёзаки он (чое, ки А. васеъ мегардад) шараёнхои иклилии рост ва чап ибтидо меёбанд. Онхо дилро бо хун таъмин месозанд. Аз чониби рости камони А. ба суи чап шохаи китфу сар, шараёнхои умумии чапи хоб ва зери чанбар сар мешаванд. Аз А.-и сина шохахо ба узвхои дарун (сурхруда, трахея, бронххо, перикард), девораи чавфи сина ва диафрагма мераванд. Тавассути сурохи аортавии диафрагма А. ба чавфи шикам мегузарад. Аз А.-и шикам ба деворахои диафрагма ва шикам, хамчунин ба меъда, чигар, гадуди зери меъда, сипурз, руда, гурдахо, гадудхои болои гурда ва чинси шохахо чудо мешаванд. Ниг. низ Силсилаи дилу рагхо.
КЛ
Аорта ва шохахои он: 1 – кисми синагии аорта; 2 – артерияхои байникабургавии кафо; 3 – шохаи батни; 4 – артерияхои камар; 5 – душоха шудани аорта; 6 – артерияи мобайнии чорбанд; 7 – артерияи умумии тихигохи рост; 8 – кисми батнии аорта; 9 – артерияи масорикаи поён; 10 – артерияи тухмдони рост; 11 – артерияи гурдаи рост; 12 – артерияи масорикаи боло; 13 – артерияи диафрагмавии рости поён; 14 – пиёзаки аорта; 15 – артерияи иклилии рост; 16 – кисми болорави аорта; 17 – камони аорта; 18 – танаи китфусари; 19 – артерияи суботии умумии чап; 20 – артерияи тахтичанбарии чап.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …