Главная / Гуногун / АНГЛИЯ ДАР СОЛҲОИ 50 – 60-УМИ АСРИ XIX

АНГЛИЯ ДАР СОЛҲОИ 50 – 60-УМИ АСРИ XIX

Болоравии саноат ва тиҷорат. Дар саноат ва тиҷорати солҳои 50 – 60-уми асри XIX Англия мавқеи ҳукмронро ишғол кард. Он ба табаддулоти саноатии дар Англия баамаломада ва ғоратгарии бераҳмонаи мустамликаҳо вобастагй дошт. Яке аз сабабҳои дигари муҳиме, ки болоравии босуръати саноати Англияро таъмин кард, барҳамдиҳии усули фармонфармоию манъкунй ва ба ивази он ҷорй намудани тиҷорати озод мебошад. Бекор кардани қонун дар бораи нони соли 1846 ва боҷ ба молҳои ба Англия воридшаванда, исботи ин суханҳо мебошанд. Аз чунин кор саноат ва соҳибкорони Англия бурд карданд. Онҳо дар бозорҳои худ аз рақобати рақибони хорнҷӣ наметарсиданд, чунки сифати молҳои англисй баланд буд. Дар солҳои 60-ум саноатчиёни Англия тавонистанд, ки бо Фаронса, Белгия, Италия, Австрия ва давлатҳои Германия якчанд шартномаҳои нафьовари тиҷоратӣ банданд.

Сармоядорони Англия бозорҳои ҷаҳонро бо ёрии тиҷорати озод аз мол пур карда, бо ин роҳ ба дастгирии сармоядорони як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ноил шуданд. Онҳо дар мамлакатҳои худ тоҷирони Англияро дастгирӣ мекарданд. Дар навбати худ сармоядорон ва тоҷирони он мамлакатҳо бозорҳои Англияро аз маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда, аз он ҷо молҳои саноатии нисбат ба мамлакатҳои худ арзонтару баландсифаттарро харида мебурданд ва бо ин роҳ даромади калон мегирифганд.

Англия – Устохонаи ҷаҳон. Дар солҳои 50-60-уми асри XIX Англия ба “устохонаи ҷаҳон” табдил ёфт. Дар ин мамлакат роҳи оҳан бар дигар намудҳои нақлиёт ғолиб баромад, киштиҳои буғӣ киштиҳои бодбондорро аз истифода танг карда бароварданд. Дар натиҷаи ин аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани борҳо тезтар ва арзонтар гардид. Дар Англия ин навгонӣ ба ривоҷу равнақи тиҷорату соҳибкорӣ кӯмак расонид.

Солҳои 1857 ва 1866 иқтисодиёти Англияро бӯҳрони барзиёди истеҳсолкунй фаро гирифт, вале он дар ин мамлакат тамоюли рӯ ба тараққии пуравчи сармоядориро боздошта натавонист. Барой исботи ин хулоса чанд мисол меорем. Дар охири солҳои 60-ум дар Англия истеҳсоли ангишт нисбат ба Германия 5 маротиба ва нисбат ба ИМ А 4 баробар афзуд. Он нисфи чӯяни дар ҷаҳон истеҳсол кардамешудагиро истеҳсол мекард Муваффақияти Англия махсусан дар саноати бофандагӣ беназир буд. Солҳои 60-ум вай дар саноати худ нахи пахтаро баробаэи ҷамъи ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон истифода мекард.

Соли 1850 дар корхонаҳои бофандагии Англия 21 млн духи механикй истифода бурда мешуд. Соли 1870 бошад, он ба 35 млн адад расид. Иқтидори ҳаракатдиҳандаҳои дарунсӯзи дар саноат ва нақлиёт маъмулбуда дар соли 1870 ба 4,5 млн қувваи асп расид. Дар ин соҳа Англия аз Германия 1,5 баробар ва аз Фаронса 2 баробар пеш гузашт.

Сохти сиёсии Англия. Дар солҳои 50-60-уми асри XIX Англия на танҳо дар саноат ва тиҷорат бо суръат пеш рафт. Балки дар тарзи идоракунии давлат низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дар ин давра дар Англия ҳукмронии сиёсии буржуазияи саноатй муқаррар гардид. Сохти парламентии идоракунии Англия мустаҳкам шуд. Ҳанӯз соли 1832 палатаи ҷамоаҳо ташкил ёфта буд. Дар солҳои 50 – 60-ум ин палата палатаи лордҳоро фишор дода, ба неруи дуюмдарача табдил дод. Ин кор таъсири сиёсии ҳокимияти маликаро хеле паст фаровард. Малика Виктория (1837 – 1901) ва ҳамсари ӯ шоҳзода Алберт Саксен-Кабургй ҳамеша ба корҳои парламент дахолат мекарданд. Онҳо мисли пештара ҳокимиятро ба нафъи ашрофони феодалӣ ва рӯҳониён истифода бурдани буданд. Вале дар шароити нав ин кор ба онҳо мушкил гардид. Дигар ба малика муяссар намешуд, ки ба татбиқи қонунхои қабулкардаи парламенти мамлакат халал расонад.

Он вақт дар Англия ҳамагӣ 2 ҳизб мавҷуд буд – консерваторон (тори) ва либералҳо (виги). Аз соли 1832 cap карда дар мамлакат асосан либералҳо ҳукмронӣ мекарданд, вале онҳо қонунҳо ва урфу одатҳои асримиёнагиро бекор накарданд. Додхоҳҳо дар додгоҳҳои Англия мисли пештара мурофиаи додгоҳиро бо либоси мантия ва мӯйсари сунъй дойр мекарданд. Донишгоххои Оксфорд ва Кембрич сохти табакавию ашрофии идора ва таълимро нигоҳ медоштанд.

Дар ҳукмронии Англия ҳизбҳои консервативй ва либерал» бо ҳамдигар рақобат мекарданд. Гоҳ яке ва гоҳ дигаре ба сари ҳокимият меомад. Ба либералҳо муяссар шуд, ки муддати дуру дароз консернаюринро аз ҳокимият дур кунанд. Дар зарфи солҳои 1846-1868 ториҳо ҳамагӣ 3 сол дар сари қудрат буданду ҳало < (солҳои 1852, 1858 – 1859 ва 1867 – 1868). 17 соли дигари ин муддат либералҳо дар сари ҳокимият меистоданд. Онҳоро аксарияти гурӯҳҳои сиёсии ба ториҳо зидбуда дастгирӣ менамуданд, зеро тарзи ҳукмронии ин ҳизбро хуб меписандиданд.

Дар интихоботи парламентй ҳамон ҳизбе ғолиб мебаромад, ки ба ҷонибдории он зиёда аз нисфи интихобкунандагон овоз диҳанд. Ҳамон ҳизбе ғалаба карда метавонист, ки ба аксарияти оммаи халқ – соҳибкорон, сармоядсрон, тоҷирон, кишоварзон ва зиёиён нафъ оварда тавонад. Сиёсати иқтисодии либералҳо ба тараққиёти саноату тиҷорат ва ба ҳаёти ҷамъиятии Англия бештар ворид шудани арзишҳои демократи шароити мусоид фароҳам меовард.

Ба империяи мустамликавӣ табдил ёфгани Англия.

Дар солҳои 50 – 60-уми асри XIX баъди дар Ҷанги Қрим шикаст хӯрдани Русия суръати ҷангҳои истилогаронаи Англия боз ҳам афзуд. Аз дараҷаи баланди тараққиёти иктисодиёт ва флот истифода бурда, ҳукумати Англия бо ҳар роҳ рақибони худро аз бозорҳои ҷаҳон фишор дода мебаровард. Сиёсати хориҷии Англияро манфиатҳои сармоядорон ва вазифаҳои истилогаронаи британия муайян мекарданд. Агар манфиати сармоядорони Англия талаб мекард, ки дар ягон давлат нерӯе дастгирӣ карда шавад, ҳукумат бо ин кор мусоидат мекард. Роҳбари ҳамонвақтаи либерале Палмерстон, ки сарвазири Англия ҳам шуда буд, боре иброз дошт: “Британия иттифоқчиённ доимй надорад. Он танҳо манфиатҳои до ими дорад”. Ба ин нигоҳ накарда барои рӯпӯш кардани мақсадҳои аслии сиёсати хориҷии мамлакат дипломатҳои англис ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи хоҳони сулҳ будани Британияи Кабир бардурӯғ лоф мезаданд. Барои ба даст даровардани мустамликаҳо ва ё таҳти таъсири худ даровардани ин ва ё он давлат сиёсатмадорони англис аз ҳар гуна баҳона истифода мебурдацл. Масалан, Англия дар Шарқи Наздик тарафи Туркияро бо он сабаб шрифт, ки гӯё онро аз таҷовузи Русияи подшоҳй дифоъ мекарда бошад. Дар амал вай дар ин ҷо сиёсати истилогаронаи худро татбиқ намуда, Туркияи заифшударо вассали худ гардониданй буд.

Англия халқи мустамликаҳои худро бераҳмона истисмор мекард. Ин давлат дар миёнаҳои асри XIX мустамликаҳоягиро ба манбаи ашёи хом ва бозори молфурўшй табдил дод. Соли I860 Англия дар Ҳиндустон нисбат ба тамоми давлатҳои Европа ва ИМА 2 маротаба зиёдтар газвор фурўхтааст. Дар худи ҳамин давра ҳаҷми молҳое, ки аз Англия барои фурӯш ба мамлакатҳои Шарқи Дур (Чин, Ҷопон, Корея ва г.) бурдааст, нисбат ба молхое, ки дар мамлакатҳои Европа фурӯхта буд, якуним баробар зиёд аст. Аз се як хиссаи тиҷорати хориҷии Англия ба мустамликаҳо рост меомад.

Чунин тиҷорат ба хазнаи Англия ҳар сол садҳо миллион фунт-стерлинг даромад мсовард. Соҳибкорони англис аз мустамликаҳо сарватҳои афсонавй гун мекарданд. Ҳаиаи ин Англияро водор мекард, ки сиёсати истилогаронаи хориҷии худро давом бидихад. Масохати мустамликаҳои Англия қаламрави бузургро ташкил мекард. Ахолии онҳо зиёда аз 200 миллион нафарро ташкил медод.

Дар солҳои 1856 – 1858 Англия. Фаронса ва Русия аз мушкилихои сулолаи Син исгифода бурда (шӯриши шйшшҳо ба амал омада буд), ба гардани Чин Созишиомаи сулхи Тянсзки (соли 1858)-ро бор карданд. Мувофиқи он Чин маҷбур шуд, ки бандархои худро барои тиҷорати хорггчй кушояд ва ба хоричиён ичозат днхад, ки ба дохили мамлакат даромада, молҳои худро бе пардохти боч фурушанд. Еайр аз ин, Чин бояд ба голибон товони цанг ҳам медод. Соли 1860 Англия бо хамроҳии Фаронса ба Чин тачовузи нав ташкил карда, шаҳри Пекинро ишғол намуда, касрҳои императорро ғорат ва бомбаборон кард. Бо ин рох онҳо Чинро маҷбур карданд, ки ба шартномаи сулхи боз ҳам асоратовартар имзо гузорад.

Дар солҳои 50-ум Англия ва ИМА ба дӯши Ҷопон низ шарт­номаи асоратоварро бор карданд. Дар солҳои 1856 – 1857 Англия бар зидди Эрон ҷанг карда, ба гардани ин давлат ҳам шаргномаи беадолати сулхро бор кард. Соли 1849 бошад, шӯриши сикххоро дар музофоти Панҷоби Ҳиндустон пахш карда, истилои ин давлатро ба охир расонид. Дар натиҷаи ин мамлакати бузурги дорой 170-190 миллион нафар ахолй дошта ба ихтиёри ширкати бузурги Вест-Индия гузашт.

Дар охири солҳои 60-ум Англия бар зидди Ҳабашистон ҷангида, онро тобеи худ гардонид. Дар солҳои 50-60-уми асри XIX Англия дар минтақаҳои дигари кураи замин низ сиёсати забткоронаи худро давом дод. Ҳамин тариқ, Британияи Кабир ба империям бузурги мустамликавй табдил ёфт.

Харакати интимой. Дар натиҷаи тараккиёги саноати фабрикй ва дар онҳо ба таври васеъ истифода бурда шудани мошинҳс мехнат шиддатноку пурмахсултар гардид. Бо ҳамин рох соҳибкорон қусури то 10 соат кам кардани рӯзи кориро бароварданд. Мухочират аз Англия ба И МА, Канада ва Австралия дар солҳои 50-ум ва 60-ум ниҳоят зиёд шуд. Танҳо солҳои 1852 – 1868 Англияро зиёда аз 3 миллион нафар одамон тарк карданд. Барой ҳамин дар саноат қувваи коргарй намерасид. Аз ин сабаб музди меҳнати коргарон афзуда, ба пастшавии харакати чартистй оварда расонид. Ин холат дар навбати худ обрӯю эътибори буржуазияро дар байни мехнаткашон зиёд кард.

Ҳаракати коргарй асосан мохияти иктисодй дошт. Коргарон тез- тез корпартой мекарданд, то ки соҳибкорон музди мехнати онҳоро зиёд кунанд. Авчи баланди харакати корпартой ба солҳои 1857-1860 рост омад. Аксарияти корпартоихо дар он давра барон коргарон бомуваффакият анчом меёфтанд. Соҳибкорон тавассугн гузашткунихои худ ба коргарон ва табакахои дигари мехнаткашон исбот намуданд, ки дар байни табакахои интимой муросо мумкин аст.

Иттифокхои касабаро дар Англия “тред-юнионхо” меномиданд. Дар аввали солҳои 50-ум тред-юнионҳо дар мавқеи аз корпартой даст кашидан ва бо соҳибкорон бо роҳи “дипломатики саноатй” хал кардани мухолнфатҳои мехнатй буданд.

Солҳои 60-ум дар Англия то 1600 тред-юнионҳо мавчуд буданд. Онҳо олоти хуби химояи манфиатҳои аъзоёни он гардиданд.

Хазинаи тред-юнионҳо сол то сол аз маблағ пуртар мешуд. Дорой маблағи калон будан ва ба соҳибкорон гуфтушунид карда тавонистан аз кормандони иттифокхои касаба донишҳои баландро тақозо мекард. Котибҳои интихобии пештара, ки белуг кор мекарданд, оҳиста-оҳиста бо кормандони маошхӯрғ баландмаълумоти касабавй иваз карда шуданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

xohar-girya

Хоҳарам гиря дорад

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, …