Главная / Гуногун / ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Даштҳои водии Вахшу Кӯлоб пеш аз солҳои сивуми ас- ри бист қамишзору чарогоҳ буда, заминҳояш обёрӣ нашуда ва киштукор намешудаанд. Ҳукумати Шӯравӣ барои таъмини ниёзаш ба масолеҳи кишоварзӣ тасмим гирифт ин заминҳоро ба заминҳои кишт табдил диҳад. Барои ободонии ин сарзамин мардумро аз кӯҳистони Қаротегину Кӯлоб ва Ба- дахшону Фарғонаву дигар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ба ин минтақа муҳоҷир карда овардааст. Ва вақти мардумро аз кӯ- ҳистон муҳоҷир карда овардан, онҳоро дар даштҳо ҳамон тавр, ки дар кӯҳистон мезистанд, дар канори ҳаммаҳалҳояшон ҷойгир кардаанд. Дар ноҳияҳои Шаҳртус, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир, Бохтар бештар зодагони водии Қаротегин ҷой гирифта бу- данд. Аз Ховалингу Сари Хосор ва Балҷувон муҳоҷиронро ба заминҳои вилояти Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахшу Колхозобод дар вилояти Қурғонтеппа маскун карданд. Дар ҳар кадоми ин но- ҳияҳо мардуми минтақаҳои дигар ҳам ҷойгир шуда буд, вале ақаллиятро ташкил медод. Гарчанде ин кор бе ҳеч ғараз анҷом шуда бошад ҳам, дар натиҷаи он мардум боз ҳам дар ҳалқаи маҳалли худ зиндагӣ мекарданд, ки дар ниҳоят омезиши на- мояндагони маҳалҳо ба амал наомад ва ҳисси маҳалгароиро аз байн набурд.

Гурезахои соли 1992 дар чанги шахрвандиДар ҷиноҳи мухолифон исломгароён, ки сардоронашон зодагони Қаротегин буданд, боло гирифтанд. Аз он сабаб, ки теъдоди зодагони водии Қаротегин дар вилояти Қурғонтеппа бештар буд, табиист, ки онҳо дар ин вилоят нуфузи бештар доштанд ва дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа бар зидди Фронти халқӣ дастаҳои мусаллаҳ ташкил карданд. Дар роҳба- рияти Ҳизби демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ низ аксарият намояндагони ҳамин минтақа буданд. Онҳо дар Душанбе си- тоди «Наҷоти Ватан» ташкил карда, қувва ҷамъ карданд ва ба Қӯрғонтеппа ёрии низомӣ фиристоданд. Гарчанде ин мубориза аз зиддияти байни демократҳову коммунистон оғоз шуда бошад ҳам, акнун ба муборизаи байни коммунистону исломиён бадал шуд. Баҳси кӯҳнаву нав ба ҷанги кӯҳнаву кӯҳнатар табдил ёфт.

Ҷанги рӯёрӯи байни Фронти халқӣ ва ситоди «Наҷоти Ва- тан» аввалин бор 27 июни соли 1992 дар ноҳияи Вахш сурат ги- рифта, то моҳи ноябр идома ёфт. Ҳамин тавр, ҷанги шаҳрвандӣ дар байни ин ду вилоят, ба навъе байни ду маҳалли Тоҷикистон оғоз ёфт. Бо дидани ваҳшонияте, ки аз сӯи ҷонибҳо анҷом ме- шуд, зиёиён равобити худро бо онҳо қатъ карданд, зодагони вилояти Бадахшон бошанд, бо боло гирифтани исломгароён дар ҷиноҳи мухолиф, аз онҳо буриданд, вале дар чашми на- мояндагони Фронти халқӣ, ки ба қудрат расиданд, ҳамеша ҳамчун мухолиф монданд ва дар натиҷа, қувваи бузурги ақлонии миллат аз раванди созандагӣ дар канор монд.

Акнун зодагони Кӯлобу Ленинобод ва ӯзбактабороне, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти Қурғонтеппа маскун буданд, ҳамчун тарафдорони Фронти халқӣ аз тарафи исломгароён таъқиб ва кушта мешуданд. Шаҳрвандони Кӯлобу Ленинободиасл аз ви- лояти Қурғонтеппа ва шаҳри Душанбе ба вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод гуреза шуданд. Зодагони Бадахшону Қаротегин аз сӯи Фронти халқӣ таъқиб ва кушта мешуданд, ки дар натиҷа ба Душанбе гуреза мешуданд. Кишвар пур аз гуреза ва таъқибу куштор буд. Хулоса, рӯзи сиёҳе! Исломгароён вилояти Кӯлобро дар инзиво қарор доданд ва дар он ҷо гушнагӣ сар шуд, ки мардуми зиёд талаф шуданд. Ягона роҳи расондани нон ба Кӯлоб роҳи ҳавоӣ буд, ки асосан мардуми вилояти Ленинобод ба воситаи ҳавопаймо ба он ҷо хӯрок мефиристоданд.

Дар Душанбе ҳам қатлу куштор идома дошт. Додситони кулли ҷумҳурӣ дар террор кушта шуд, ки мегуфтанд ин кори ҷангиёни исломӣ аст. Ин ҷангиён баъд аз ғасби кохи раёсати ҷумҳурӣ, ба бинои Шӯрои олӣ ҳамла карда, вакилони Шӯрои олиро гаравгон гирифта, ба Раиси ҷумҳур Набиев, ки ба қисми низомии рус дар маркази шаҳри Душанбе паноҳ бурда буд, шарт гузоштанд, ки истеъфо диҳад. Ӯ розӣ нашуд ва онҳо як га- равгонро кушта, боқиро баъд аз ду рӯзи шиканҷаву бадрафторӣ озод карданд. Намояндагони миллатҳои дигар аз ин бесарусо- мониҳо ва хушунат тарсида, аз кишвар рахт мебастанд.

Ин ҷангҳои рӯёрӯй дар тӯли камтар аз шаш моҳ 15-20 ҳазор кушта ба ҷой гузошт. Мутаассифона, дар байни тарафҳо хун уфтод, ки кина ва қасоси он солҳои сол кишварро ба хун ка- шид. Ин бадбахтие, ки ба сари мардуми мо омад, ҳеч фарди дилсӯзи ин кишварро бетафовут нагузошт. Ман ҳам ҳамеша фикр мекардам, ки чаро ин қисмати талх насиби мо гашт ва чи тавр бояд пешгирӣ кард, то чунин мусибат такрор нашавад. Мулоҳизаҳоямро дар ин бобат, дар ёддошти кӯтоҳе чанд сол пеш навишта будам, ки дар расонаҳо чоп шуда буд. Он ёддош- тро бо каме таҳрир ин ҷо меорам.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …