Главная / Гуногун / ЧАНГИ ШАХРВАНДИ

ЧАНГИ ШАХРВАНДИ

Даштхои водии Вахшу Кулоб пеш аз солхои сивуми ас- ри бист камишзору чарогох буда, заминхояш обёри нашуда ва киштукор намешудаанд. Хукумати Шурави барои таъмини ниёзаш ба масолехи кишоварзи тасмим гирифт ин заминхоро ба заминхои кишт табдил дихад. Барои ободонии ин сарзамин мардумро аз кухистони Каротегину Кулоб ва Ба- дахшону Фаргонаву дигар нохияхои шимолии Точикистон ба ин минтака мухочир карда овардааст. Ва вакти мардумро аз ку- хистон мухочир карда овардан, онхоро дар даштхо хамон тавр, ки дар кухистон мезистанд, дар канори хаммахалхояшон чойгир кардаанд. Дар нохияхои Шахртус, Кубодиён, Панч, Кумсангир, Бохтар бештар зодагони водии Каротегин чой гирифта бу- данд. Аз Ховалингу Сари Хосор ва Балчувон мухочиронро ба заминхои вилояти Кулоб ва нохияхои Вахшу Колхозобод дар вилояти Кургонтеппа маскун карданд. Дар хар кадоми ин но- хияхо мардуми минтакахои дигар хам чойгир шуда буд, вале акаллиятро ташкил медод. Гарчанде ин кор бе хеч гараз анчом шуда бошад хам, дар натичаи он мардум боз хам дар халкаи махалли худ зиндаги мекарданд, ки дар нихоят омезиши на- мояндагони махалхо ба амал наомад ва хисси махалгароиро аз байн набурд.

Гурезахои соли 1992 дар чанги шахрвандиДар чинохи мухолифон исломгароён, ки сардоронашон зодагони Каротегин буданд, боло гирифтанд. Аз он сабаб, ки теъдоди зодагони водии Каротегин дар вилояти Кургонтеппа бештар буд, табиист, ки онхо дар ин вилоят нуфузи бештар доштанд ва дар маркази вилоят шахри Кургонтеппа бар зидди Фронти халки дастахои мусаллах ташкил карданд. Дар рохба- рияти Хизби демократ ва Хизби нахзати исломи низ аксарият намояндагони хамин минтака буданд. Онхо дар Душанбе си- тоди «Начоти Ватан» ташкил карда, кувва чамъ карданд ва ба Кургонтеппа ёрии низоми фиристоданд. Гарчанде ин мубориза аз зиддияти байни демократхову коммунистон огоз шуда бошад хам, акнун ба муборизаи байни коммунистону исломиён бадал шуд. Бахси кухнаву нав ба чанги кухнаву кухнатар табдил ёфт.

Чанги руёруи байни Фронти халки ва ситоди «Начоти Ва- тан» аввалин бор 27 июни соли 1992 дар нохияи Вахш сурат ги- рифта, то мохи ноябр идома ёфт. Хамин тавр, чанги шахрванди дар байни ин ду вилоят, ба навъе байни ду махалли Точикистон огоз ёфт. Бо дидани вахшонияте, ки аз суи чонибхо анчом ме- шуд, зиёиён равобити худро бо онхо катъ карданд, зодагони вилояти Бадахшон бошанд, бо боло гирифтани исломгароён дар чинохи мухолиф, аз онхо буриданд, вале дар чашми на- мояндагони Фронти халки, ки ба кудрат расиданд, хамеша хамчун мухолиф монданд ва дар натича, кувваи бузурги аклонии миллат аз раванди созандаги дар канор монд.

Акнун зодагони Кулобу Ленинобод ва узбактабороне, ки дар шахри Душанбе ва вилояти Кургонтеппа маскун буданд, хамчун тарафдорони Фронти халки аз тарафи исломгароён таъкиб ва кушта мешуданд. Шахрвандони Кулобу Ленинободиасл аз ви- лояти Кургонтеппа ва шахри Душанбе ба вилоятхои Кулобу Ленинобод гуреза шуданд. Зодагони Бадахшону Каротегин аз суи Фронти халки таъкиб ва кушта мешуданд, ки дар натича ба Душанбе гуреза мешуданд. Кишвар пур аз гуреза ва таъкибу куштор буд. Хулоса, рузи сиёхе! Исломгароён вилояти Кулобро дар инзиво карор доданд ва дар он чо гушнаги сар шуд, ки мардуми зиёд талаф шуданд. Ягона рохи расондани нон ба Кулоб рохи хавои буд, ки асосан мардуми вилояти Ленинобод ба воситаи хавопаймо ба он чо хурок мефиристоданд.

Дар Душанбе хам катлу куштор идома дошт. Додситони кулли чумхури дар террор кушта шуд, ки мегуфтанд ин кори чангиёни исломи аст. Ин чангиён баъд аз гасби кохи раёсати чумхури, ба бинои Шурои оли хамла карда, вакилони Шурои олиро гаравгон гирифта, ба Раиси чумхур Набиев, ки ба кисми низомии рус дар маркази шахри Душанбе панох бурда буд, шарт гузоштанд, ки истеъфо дихад. У рози нашуд ва онхо як га- равгонро кушта, бокиро баъд аз ду рузи шиканчаву бадрафтори озод карданд. Намояндагони миллатхои дигар аз ин бесарусо- монихо ва хушунат тарсида, аз кишвар рахт мебастанд.

Ин чангхои руёруй дар тули камтар аз шаш мох 15-20 хазор кушта ба чой гузошт. Мутаассифона, дар байни тарафхо хун уфтод, ки кина ва касоси он солхои сол кишварро ба хун ка- шид. Ин бадбахтие, ки ба сари мардуми мо омад, хеч фарди дилсузи ин кишварро бетафовут нагузошт. Ман хам хамеша фикр мекардам, ки чаро ин кисмати талх насиби мо гашт ва чи тавр бояд пешгири кард, то чунин мусибат такрор нашавад. Мулохизахоямро дар ин бобат, дар ёддошти кутохе чанд сол пеш навишта будам, ки дар расонахо чоп шуда буд. Он ёддош- тро бо каме тахрир ин чо меорам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …