Главная / Илм / АНЧИБАРАК

АНЧИБАРАК

anchibarakАНЧИБАРАК (Polugonum nitans), гиёхест бисёрсолаи худруй. Аз 25 то 95 см кад мекашад. Пояаш рост, баргаш дарозруя ё нештаршакл. Гулаш гулобии сафедтоб, хушагулаш байзашакл. Мевааш чормагзаки секирра, суфта, чилодор, дорчини ё бури дорчини. Июн – сент. гул карда тухм мебандад.
А. дар алафзор, арчазор, тусзор, маргзорхо меруяд. Дар к-куххои Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз ва мавзеъхои Точикистони Шарки ва Помири Гарби пахн шудааст.
Дар тибби халки чушоби решаи А.-ро барои муоличаи табларза ва исхол истифода мебаранд, онро ба омосу пучак мебанданд, хангоми захми меъда, дарди санги гурда ва масона истеъмол мекунанд. Бо хокаи решааш захмхои хуншор, омосхо ва пучакро табобат менамоянд. Барои рафъи дарди санги талхадон ва масона 20 г решаи майда резакардаи А.-ро дар 1 л об 20 дакика чушонда, бо дока меполоянд ва дар як шаборуз як истакони менушанд. Гайр аз ин, аз А. ва тухми загир (аз хар кадом 5 г ва дар як истакон об) чушоб тайёр карда, хангоми хуншории узвхои дарун, захми меъда ва рудахо баъди хар 2 соат як чумчаги истеъмол мекунанд. Бо максади табобати луобпардаи чавфи дахон 10 – 20 г решаи А.-ро дар як истакон об чушонда, бо он дахонро обгардон кардан лозим аст. Онро барои рафъи исхол рузе 2 маротиба ¼ – истакони нушидан низ мумкин.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …